3 сентябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати парламентии Франсия аз Гурӯҳи дӯстии «Франсия ва Осиёи Марказӣ» таҳти роҳбарии сенатор Андре Дюле, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев сенатор Андре Дюле ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ кард, ки сафари мазкур барои рушди муносибатҳои байнипарламентӣ, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Франсия моҳи июни соли 2011 ба имзо расида буд, самараи нек медиҳад.
Итминон аст, ки баҳри густариши ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, коркарди самараноки канданиҳои фоиданок, алалхусус ҷараёни корҳои иктишофии нафту газ ва истифодаи манбаъҳои алтернативӣ барои истеҳсоли неруи барқ муҳокимарониҳои судманд анҷом доданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон чун ҳамеша омода аст, ки оид ба истифодаи захираҳои обӣ бо кишварҳои минтақа ҳамкории мутақобиларо минбаъд низ роҳандозӣ намояд.
Сенатор Андре Дюле аз пазиройӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Сенати Франсия тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.
Дар ин зимн изҳори боварӣ кард, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Франсия ҳадафрас хоҳад буд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.
Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ
Суратгир А. ИСОЕВ