Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати ҳамроҳонаш 9 июни соли 2014 тибқи даъвати Сенати Ҷумҳурии Франсия бо сафари расмӣ озими шаҳри Париж гардид.
Сафари расмии Маҳмадсаид Убайдуллоев то 13 июни соли ҷорӣ дар Франсия идома ёфта, тибқи барномаи сафар номбурда бо Президенти Сенати Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Жан Пиер Бел ва сенаторҳо: Андре Дюле – роҳбари гурӯҳи дӯстии Франсия ва Осиёи Марказӣ ва Ив Поззо ди Борго – муовини роҳбари гурӯҳи дӯстӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии Франсия ва Тоҷикистон баҳри таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ мулоқотҳо доир менамояд.
Ҳамзамон дар доираи сафар М.Убайдуллоев аз қароргоҳи Ширкати франсавии «Итрон Франс», ки дар бозори ҷаҳонии истеҳсоли ҳисобкунакҳои обӣ мавқеи хоса дошта, мувофиқ ба татбиқи Қарордоди DWSP2-01 -Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе оид ба таҳвили 76500 адад обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ ба КВД «Обу корези Душанбе» ҳамчун ғолиби озмуни байналмилалӣ онҳоро дастрас менамояд, дидан ва бо президенти ин ширкат ҷаноби Паскал Мишодел мулоқот хоҳад намуд.
Дар назар аст, ки зимни ин боздид ҷонибҳо масоили ташкили корхона ё худ сехи муштараки насб ва таъмири ҳисобкунакҳои обӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ