5 ноябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони байналмилалӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парламенти Аврупоро, ки таҳти сарварии хонум Элизабет Йеггли ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати нозиронро, ки аз ҷараёни омодагиҳо ва баргузории интихоботи шаффофу демократии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебаранд, нек арзёбӣ карда, саҳми Иттиҳоди Аврупо ва Парламенти онро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарламентӣ ва давлатӣ, ки тақвияти тоза касб кардаанд, махсус таъкид сохт.
Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саволҳои ҳайати нозирони байналмилалӣ, ки фарогири мавзуъҳои марбут ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институти қонунгузории кишвар буданд, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дод.
Хонум Элизабет Йеггли ва ҳайати ҳамроҳонаш аз пазиройӣ ва посухҳои Раиси Маҷлиси миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуданд, ки риоя ва эҳтиромгузории Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шоистаи дастгирист ва маъракаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад онро собит намояд.
Нимаи дуюми рӯзи 5 ноябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи нозирони байналмилалӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Кайрат Ишанов ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз бардоштҳои неки онҳо оид ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳавзаву участкаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни кишвар, бахусус шаҳри Душанбе, дидан намудаанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ба фаъолияти ҳар кадоми онҳо дар иҷрои миссияи нозириашон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ муваффақиятҳо орзу намуд.
Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон