Маҳмадсаид Убайдуллоев нозирони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт

№30 (3331) 02.03.2015

франсия2

28 феврали соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони байналмилалиро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сенати Франсия таҳти роҳбарии вакили мардумӣ, Президенти ҳайати Ассамблеяи миллии Франсия дар Ассамблеяи Парламентии САҲА ҷаноби Тиери Мариани  ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмононро самимона шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки сафари мазкур, аз ҷумла дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мавҷуда миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Сенати Франсия самараи нек медиҳанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус ҷалби инвеститсияҳо дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак, ки метавонанд ҷойҳои нави кориро таъсис диҳанд, мавриди истифода қарор мегиранд.

Сенаторон аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, бо расонидани паёми шодбошии Раиси Сенати Франсия ҷаноби Жан Пер Бел дар навбати худ афзуданд, ки бо истифода аз ваколатҳои базиммадоштаашон ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Франсия тадбирҳои судмандро анҷом медиҳанд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

европа

28 феврали  соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони байналмилалиро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парламенти Аврупо, ки таҳти сарварии ҷаноби Норберт Нойзер  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати нозиронро, ки аз ҷараёни омодагиҳо ва баргузории интихоботи шаффофу демократии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ назорат мебаранд, нек арзёбӣ карда,  саҳми Иттиҳоди Аврупо ва Парламенти онро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарламентӣ ва давлатӣ, ки тақвияти тоза касб кардаанд, махсус таъкид намуд.

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саволҳои ҳайати нозирони байналмилалӣ, ки фарогири мавзӯъҳои марбут ба интихоботи пешорӯ, институти қонунгузории кишвар, амнияти минтақаву Афғонистон ва тавсеаи ҳамкориҳои  мутақобила бо Иттиҳод ва Парламенти Аврупо буданд, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дод.

Ҷаноби Норберт Нойзер ва ҳайати ҳамроҳонаш аз пазироӣ ва посухҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки риоя ва эҳтиромгузории Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шоистаи дастгирист ва маъракаи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад онро собит намояд.

снг1

Нимаи дуюми худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев боз як ҳайати бонуфузи нозирони байналмилалиро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии  Ҷумҳурии Беларус ҷаноби Наумович Андрей Николаевич  ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз бардоштҳои неки онҳо оид ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳавзаву участкаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни кишвар, бахусус шаҳри   Душанбе дидан намудаанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ба фаъолияти ҳар кадоми онҳо дар иҷрои миссияи нозириашон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ муваффақиятҳо орзу намуд.

Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.         

Суратгир А. Исоев