7 октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ҷаноби Сергей Наришкинро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии Сергей Наришкинро ба ҳайси Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия нек арзёбӣ карда, бо самимият зикр сохт, ки натиҷаи ин ташриф, ки ҳайати бонуфуз аз сохторҳои масъули Федератсияи Россия онро ҳамроҳӣ менамоянд, ба ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои доманфароху судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия такони тоза хоҳад бахшид.
Мавсуф бо қаноатмандӣ афзуд, ки робитаҳои аз умқи асрҳо миёни халқу кишварҳо ибтидогирифта дар партави муносибатҳои ҳасанаи роҳбарияти олии давлатҳо тақозо менамоянд, ки ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарламентӣ беш аз ҳарвақта ба нафъи халқҳои ду ҷониб тавсеа ёбанд.
Таъкид гашт, ки дар марҳилаи кунунии ҷаҳонишавии муносибатҳо зарур аст, ки ба робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама сафарбарнамойии сармояи мустақими Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, ки фарогири бахшҳои гуногун мебошанд ва амалисозии тадбирҳои муштарак оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм беш аз ҳарвақта ва дастаҷамъона вусъат бахшем.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россияро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, бо истифода аз ҳузури ҷаноби Константин Рамадановский — роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷират зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро баҳри ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид сохта, оид ба зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида дар кишвар табодули андешаҳои судманд намуд.
Дар навбати худ Сергей Наришкин аз пазиройӣ ва муҳтавои мулоқоти самимӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки таклифу пешниҳодоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳои воқеан аз талаботи вақт ва пайвандҳои дӯстӣ маншаъгиранда тамоми тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳанд сохт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ