Масъалаҳо баррасӣ ва масъулин баҳри рафъи камбудиҳо муваззаф гардиданд

№133(3434) 06.10.2015

Якуми октябри соли 2015 Иҷлосияи сеюми Маҷлиси  вакилони   халқи шаҳри Душанбе даъвати  панҷум таҳти   раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия бо фарогирии 11 масъала:

- ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе А. Расулов «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №223 аз 21 апрели соли 2015 «Дар бораи  тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016»;

- дар бораи гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва эътироф намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №23;

- гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Ш. Мақсудзода «Дар бораи  риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ, гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ»;

- гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Ш. Самадов «Оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша — чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015 — 2016» ва №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015»;

-гузориши роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» Р. Баротов, «Бозори Деҳқон» С. Муминов, «Бозори Саховат»  Д. Саидов, «Бозори Шоҳмансур» Б. Лақаев «Оид ба  рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт»;

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №18-2 аз 23 июли соли 2015 «Дар бораи дар ҳайати нав таъсис додани Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба  номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе»;

- дар бораи номивазкунии гузаргоҳи 25-уми кӯчаи Титови шаҳри Душанбе;

- дар бораи номивазкунии кӯчаи Войкови шаҳри Душанбе;

-дар бораи номивазкунии кӯчаи Мири шаҳри Душанбе;

- дар бораи номивазкунии кӯчаи Панфилови шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ба кори он оғоз бахшиданд.

Зимни баррасии ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе А. Расулов вакилон минҷумла зикр намуданд, ки дар самти омодасозии соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ва таъмини фаъолияти муназзами онҳо ситодҳои шаҳриву ноҳиявии таъсисгардида иқдомоти заруриро амалӣ намуда, иҷрои аксари чорабиниҳои нақшавиро таъмин карда бошанд ҳам, таҳлили ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон собит месозад, ки дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудӣ ва норасоиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Нокифоя будани истеҳсоли неруи гармӣ аз ҷониби сохторҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва набудани гази табиӣ солҳост, ки боиси бо сарборӣ фаъолият намудани системаи барқтаъминкунии шаҳр гардида, сабаби пайдошавии садамаҳо дар шабакаҳои барқтаъминкунӣ ва паст шудани эътимоднокии он гардидааст.

Зикр шуд, ки натиҷаи санҷиши комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба санҷиш ва назорати ҳолати омодагии ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон ва таҳлили фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳр ва ноҳияҳои он шаҳодат медиҳад, ки андешидани чораҳои фавриву мушаххас дар ин самт зарур ва ногузир аст.

Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар иҷлосия зери ҳидоятҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев  қарори дахлдор қабул намуд. Аз ҷумла бо дарназардошти он ки фаъолияти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе А. Расулов оид ба иҷрои қарори мавриди назар, муовинони Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба соҳаҳои масъул, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва ноҳияҳои шаҳр пурра ба талаботи қарори зикршуда ҷавобгӯй намебошанд, барои ислоҳи камбудиҳои зикршудаю ҷойдошта, таъмини пурраю сифатноки чорабиниҳои банақшагирифташуда ба онҳо то 15 ноябри соли 2015 муҳлати ниҳоӣ муқаррар карда шуд.

Ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Лангариева, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва шуъбаи фарҳанг дастур дода шуд, ки якҷоя бо роҳбарони муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг фаъолияти самараноки муассисаҳои соҳаро дар мавсими тирамоҳу зимистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини бехатарии зиддисӯхторӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ш. Мақсудзода муваззаф гардид, ки бо назорати фаъолияти раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур» ва «Бозори Саховат» захиракунӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқаворию маводи сӯхтро, бо дарназардошти қонеъ намудани талаботи шаҳри Душанбе, ба роҳ монанд.

Ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Н. Ҳакимов дастур дода шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе назорати қатъии фаъолияти мунтазами ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари хусусиро дар мавсими тирамоҳу зимистон ба роҳ монда, бо роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2, «Автобус-3»  ва «Троллейбус» захираи лозимии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётиро барои фаъолияти самарабахш таъмин намояд.

Ба Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки омодагии корхонаву ташкилот, муассисаву субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбударо вобаста ба таъмини чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ, садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулодда таҳти санҷиши иловагӣ қарор дода, бартарафкунии камбудиҳои ошкоргардидаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Вакилон бо шунидани гузориши дахлдор ваколати вакилии Сайфиддин Назарзода — доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №23-ро  тасдиқ намуданд.

Зимни шунидани гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Ш. Мақсудзода қарор қабул гардид, ки низоми шаффофи хизматрасонии шартномавии дуҷониба аз  тарафи тамоми субъектҳои хизматрасонӣ дар иртибот ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва иҷрои уҳдадориҳои онҳо дар истифодаи хизматрасониҳо зери назорат гирифта шавад.

Тибқи рӯзнома дар иҷлосия инчунин гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Ш. Самадов шунида шуд. Зикр гардид, ки яке аз сарчашмаҳои пешрафти иқтисодии шаҳр ин фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ ва сол то сол зиёд намудани теъдоди онҳо бо инобати истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи ниёзҳои мардум ва рақобатпазир мебошад, ки дар ин самт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва нигаҳдошту таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешидааст.

Дар иҷлосия зимни шунидани гузориши раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Н. Амиров нисбати таҳлили фаъолияти роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон»,  «Бозори Саховат», «Бозори Шоҳмансур»   оид ба  рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт» қарор қабул гардид, ки воқеияти ҳисоботи мавсуф аз ҷониби мақомоти прокуратура ва Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода, дар сурати то 15 ноябри соли 2015 таъмин накардани нақшаҳо ба роҳбарони субъектҳои зикршуда тадбирҳо андешида мешаванд.

Бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузаргоҳи 25-уми кӯчаи Титови шаҳри Душанбе ба номи Ҷавонон, кӯчаи Войков ба номи Рӯҳафзо,  кӯчаи Мир ба номи Чаманзор, кӯчаи Панфилов ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобо Ҷобиров  номгузорӣ шуданд.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва кулли иштирокдорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини нишондодҳои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки дар маҷмӯъ баҳри амалисозии сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд.

 

Шавкат САИДОВ