Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меъёрҳои қонунҳо ба қонунгузории ҷорӣ мутобиқ гардонда мешаванд

№132 (3278) 11.11.2014

DSC_0651

Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология таҳти  раёсати раиси Кумита Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҳаштуми ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид.

Баъд аз тасдиқи  рӯзнома раиси Кумита Д. Қ. Гулмаҳмадзода  масъалаҳоро ҷиҳати баррасӣ ба аъзои Кумита  пешниҳод намуда,  онҳоро таври муфассал  шарҳ дод. Зимни  муҳокима мавсуф, аз ҷумла зикр кард, ки ин қонунҳо — «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои  табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо истифода  аз ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ  аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида,  онҳоро Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.  Қонунҳои мазкур бо мақсади  такмил додану мукаммал сохтан ва мутобиқ  гардонидани меъёрҳои онҳо бо  қонунгузории ҷорӣ қабул гардиданд.

Аъзои Кумита  — Хисрав Абдуназар, С. Шарипов, А. Тавакалзода доир ба  қонунҳои мавриди баррасӣ фикру   мулоҳизоти худро баён намуданд.

Бо дарназардошти  таклифҳои  баёнгардида хулосаҳои  Кумита  таври алоҳида дар бораи ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод  намудани қонунҳои  номбурда   қабул шуданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир  А. ИСОЕВ