Нимаи дуюми рӯзи 12 апрели соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қасри Смолний бо губернатори шаҳри Санкт – Петербург Георгий Полтавченко мулоқот намуд.
Зимни вохӯрии самимона ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкории гуногунҷабҳаи сохторҳои марбутаи пойтахти кишварамон бо пойтахти шимолии Федератсияи Россия- шаҳри Санкт-Петербург табодули назар намуда, омодагиҳои хешро барои таҳкими робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ баён доштанд. Аз ҷумла махсус таъкид гардид, ки тарафҳо баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд, тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамоянд.
Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Шавкат САИДОВ,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ