22 майи соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Россия ҷаноби Конков Павел Алексеевичро, ки ба Душанбе ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби Павел Конковро дар самти тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа баҳри татбиқи сиёсати сарони кишварҳои Тоҷикистону Россия оид ба рушду тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ фоли нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои муҳоҷирони меҳнатии ҷонибҳо ва табодули таҷрибаву донишомӯзии донишҷӯён миёни мактабҳои олӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷаноби Павел Конков дар навбати худ аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбати анҷомгирифта изҳори сипос карда, афзуд, ки вилояти Ивановои Федератсияи Россия омода аст бо вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши робита ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳа тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намояд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.
Суратгир А. ИСОЕВ