Мулоқоти Мамадшо Илолов бо Питер Макула

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

DSC_0332

2 октябри соли ҷорӣ раиси  Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва муносибатҳои байнипарламентӣ Мамадшо Илолов бо роҳбари Дафтари Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе  Питер Макула мулоқот кард.

Дар оғози мулоқот М. Илолов меҳмонро хайра мақдам гуфта, ӯро ба муносибати 15- солагии оғози фаъолияти  Дафтари Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе   табрику таҳният гуфт. Дар ин робита зикр гардид, ки баъди дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ифтитоҳ гардидани Дафтари мазкур ҳамкориҳо миёни Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба густариш ёфтанд. Кӯмакҳои молиявӣ, техникӣ ва гуманитарии Конфедератсияи  Швейтсария, сафарҳои намояндагони ҳар ду давлат, роҳандозии лоиҳаҳои гуногун ба рушди бисёр соҳаҳои хоҷагии халқи кишвари мо мусоидат кард. Ҳамсуҳбатон иброз намуданд, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо рушду такомул меёбанд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Суратгир А. Исоев