Нуҳуми июли соли 2014 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти роҳбарии раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ доир гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», доир ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Балҷувон», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Муъминобод», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Хуросон», «Оид ба тағйир додани номи деҳаи Шураки ноҳияи Восеъ», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Бохтар», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шӯрообод»-и вилояти Хатлон ва доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод «Оид ба тағйир додани номи деҳоти Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои кумита М.Сатторова, Т.Қаробоев, И.Қаландарбеков ва дигарон дар ин робита андешаҳояшонро баён карданд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда ба таври алоҳида хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».
Суратгир А.ИСОЕВ