Бистуми феврали соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор гардид.
Раиси Кумита Убайдулло Қурбонов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки ба рӯзномаи ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид шудаанд.
Доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ аъзои Кумита андешаронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар алоҳидагӣ хулосаҳои Кумита қабул ва ба иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ