Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳо мукаммал гардида, такмил меёбанд

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

DSC_0944

12 ноябри соли 2014 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия  Тағозода Саидмурод  Иброҳим  ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи  ҷаласа  С.И. Тағозода изҳор дошт, ки рӯзномаи ҷаласа фарогири  масъалаҳои зерин аст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

Сипас, раиси Кумита масъалаҳои  рӯзномаро таври алоҳида ба муҳокимаи  аъзои Кумита пешниҳод намуда, онҳоро муфассал шарҳ дод. С. Тағозода  зикр кард, ки қонунҳои мазкур бо истифода  аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакилони Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  мукаммал гардонидан, такмил додан ва мутобиқ намудани  қонунҳо бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро қабул кардааст. Чунончӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо мақсади мукаммал  гардонидани  қонуни амалкунанда, инчунин ҷиҳати иҷрои  банди 5-уми  «Нақша – чорабиниҳо оид ба  мутобиқгардониии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  тавсияҳои  ФАТФ» (Гурӯҳи  Авруосиёии татбиқи  чораҳои  молиявии муқовимат  бо софкории пул (ФАТФ)), тақвияти  низоми миллии муқовимат  ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм қабул гардидааст.  Қонунҳои дигар низ тибқи меъёрҳои муқарраршуда соҳаҳои гуногунро  танзим намуда, барои фаъолияти  бонизоми мақомоти  марбута мусоидат менамоянд.

Аъзои Кумита  — Х. Сафаров, У. Сабзов, З. Раҷабова ва Ф. Шоиддинов дар ҷараёни муҳокима  доир ба масъалаҳои  рӯзнома фикру мулоҳизаҳои  худро баён доштанд.

Аз рӯйи масъалаҳои  рӯзнома хулосаҳои  Кумита оид ба  ҷонибдории қонунҳо таври алоҳида қабул гардида, ба Иҷлосияи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шуданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ