Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонунҳо ҷонибдорӣ ёфтанд, ҳисоботи прокурори генералӣ шунида шуд

№22 (3168) 04.03.2014

Идома аз шумораи 21 (3168)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода мешавад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

ТАҒОЕВСаймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати истифодаи  самаранок ва сарфакоронаи захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ ва нигоҳдории молу мулк ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти муҳосиботӣ қабул гардидааст.

Қонун аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба моддаи 11 қонуни амалкунанда қисми нави 11 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва масъулияти сармуҳосиб, тибқи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур, Кумитаи мо нисбати  он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро ба овоз монда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ С.Тағоев, Х.Асоев ва вакили Маҷлиси намояндагон А.Имомов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ кардани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз 2 модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1-уми он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла бо мақсади таҳрирӣ, саҳеҳнамоӣ, мутобиқгардонӣ ва бартарафсозии мухолифатҳо ба моддаҳои 2, 5, 6,  8, 11 ва 13-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар моддаи 8-уми қонуни  амалкунанда сархати  нави ҳаштум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии давлатиро муқаррар ва ғайридавлатиро мувофиқа менамояд.

Қисми 3 моддаи 11 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, реҷаи кори бозорҳои давлатиро муқаррар ва ғайридавлатиро мувофиқа менамояд. Бояд зикр намуд, ки то ин вақт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ реҷаи кори бозорҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда мешуд.

Инчунин бо мақсади таҳририю бартарафсозии мухолифатҳо дар қисми 5 моддаи 13-уми қонуни  амалкунанда калимаҳои «хизматрасонии маишӣ» ба калимаҳои «хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ» ва калимаҳои «муқаррар» ба калимаҳои «мувофиқа» иваз карда шудааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд ҳангоми аз ҷониби субъекти савдои чакана, хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ қабул намудани қарор дар бораи реҷаи кори шабонарӯзии объект, он (реҷа), тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда мешавад.

Ба моддаи  14-уми қонуни амалкунанда қисми нави 22 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҷойгиркунии фаъолият ва назорати нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар бозор, тибқи муқаррароти қисмҳои аз 9 то 15 ва аз 18 то 21 моддаи мазкур ба роҳ монда мешавад.

Ғайр аз ин, бо мақсади ба талаботи Кодекси замин мутобиқ гардонидан, аз сархати якуми қисми 2 ва қисми 4 моддаи 16-уми қонуни амалкунанда калимаи «мӯҳлатноки» хориҷ карда шудааст.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумитаи мо дар ҷаласаи худ қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро зарур ва саривақтӣ ҳисобида, ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро ба овоз монда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ кардани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, ба моддаи 7-уми қонуни амалкунанда сархати нави бисту дуюм илова карда шудааст, ки  мутобиқи он минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст, ки мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти  шубҳаноки субъектони бозори коғазҳои қиматнок ба мақоми  ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳад.

Ғайр аз ин, ба моддаи 10-уми қонуни амалкунанда қисми нави 4 илова шудааст, ки тибқи он минбаъд санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар якҷоягӣ бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гузаронида мешавад.

Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ва баҳри иҷрои пурраи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо нисбати фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷӣ қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 декабри соли 1993 пурра аз эътибор соқит дониста шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич дода мешавад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

ҚУРБОНОВУбайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ дида баромад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» бо мақсади танзим намудани омилҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ бо таҳлили нишондодҳо ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи Рушди Ҳазорсола таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 4, 5, 6, 61, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 141, 15, 21 ва 23 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Тағйироти воридгардидаи сархати сеюми қисми дуюми моддаи 4, моддаи 5, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 6,  қисмҳои якум, дуюм ва чоруми моддаи 7, моддаи 8, қисми якуми моддаи 10, ном ва матни моддаи 11, қисми якуми моддаи 12, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 13, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 141 ва қисми шашуми моддаи 15 характери муайянкунанда, мутобиқ-кунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Аз ҷумла калимаҳои   «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», калимаи «ихтиёрӣ» ба калимаи «махфӣ», калимаҳои «давлатӣ ё хусусии нигаҳдории тандурустӣ» ба калимаҳои «давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ», калимаи «пинҳонӣ» ба калимаи «махфӣ», калимаи «ноболиғон» ба калимаҳои «ноболиғони ба синни 16 нарасида»,   калимаҳои «духтурӣ»  ва «хизматӣ» ба калимаи «табибӣ», калимаҳои «ҷуброни зараре» ба калимаҳои «ҷуброни зарари моддию маънавие», калимаҳои «нагирифтан ба кори муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд» ба калимаҳои «ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус»,  калимаи «дигарон» ба калимаҳои «шахсони дигар», калимаҳои «Шахсе, ки зимни ташхиси ӯ вируси норасоии масунияти одам мусбат муайян шудааст» ба калимаҳои «Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст» ва калимаи «зиндонҳо» ба калимаи «маҳбасҳо» иваз карда шудаанд.

Ҳамзамон, ба моддаҳои 1 ва 12-уми қонуни амалкунанда сархатҳои нав илова гардидаанд, ки дар онҳо мафҳуми гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пинҳонӣ, махфӣ ва ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам бобати гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар пешбинӣ гардидааст.

Инчунин тибқи тағйироти пешниҳодгардида, бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда  сархатҳои якум ва чоруми моддаи 1,  сархати панҷуми қисми якуми моддаи 6, қисми дуюми моддаи 61, қисми дуюми моддаи 10,  сархати панҷуми қисми якуми моддаи 12, қисми чоруми моддаи 12,  қисми якуми моддаи 21 ва қисми дуюми моддаи 23 дар таҳрири нав ифода шудаанд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи мо ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»-ро ба овоз монда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!            

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ Зарина Раҷабова ва собиқ вакили Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо, пеш аз ҳама, такмили  қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Дар  қонуни  мазкур  ба  моддаҳои 2, 4, 5, 8, 9, 10, 13, 16, 20 ва  22 тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

Тағйироти воридгардидаи моддаҳои 2, 4, сархати дуюми қисми 2 моддаи 5, моддаи 8, қисми 1 моддаи 9, қисми 1 моддаи 10,  моддаҳои 13, 14,  қисми 3 моддаи 16 ва моддаҳои 17, 20  характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Чунончӣ, калимаҳои «ҳаҷми», «ҳаҷмҳои», «Ҳаҷми» мутаносибан ба калимаҳои «андозаи», «андозаҳои», «Андозаи», калимаҳои «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии» ва «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии» ва «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ», калимаҳои «тафтишоти судӣ» ба калимаҳои «муҳокимаи судӣ», калимаҳои «масъулияти шаҳрвандӣ» ба калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ», калимаҳои «мақомоти давлатии ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ», калимаи «шаҳрвандии» ба калимаи «граждании», калимаи «сармоявиро» ба калимаи «сармоягузориро» ва калимаи «Суғурташавандагон» ба калимаи «Суғуртакунандагон» иваз карда шудааст.

Инчунин бо мақсади мукаммал намудани қонуни амалкунанда сархатҳои панҷум ва дувоздаҳуми қисми 8 моддаи 4,  сархати сеюми қисми 2  моддаи 8 дар таҳрири нав ифода гардида, ба моддаи 22 сархатҳои нав илова карда шудааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем барои ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда розигӣ диҳед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!            

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 январи соли 2014  қабул намудааст, баррасӣ кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 18 июни соли 2008 қабул гардида буд, бинобар сабаби таҳия намудани як қатор санадҳои зерқонунии соҳавӣ ва байнисоҳавӣ, омода намудани шаҳрвандон ва кормандони соҳаи тиб, заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз 1 январи соли 2010 муқаррар шуда буд. Аммо бо сабаби ба анҷом нарасидани корҳои мушаххас вобаста ба тарҳрезии санадҳои зерқонунӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ, омодагии кормандони тиб ва аҳолӣ ва тайёр кардани кадрҳо бо ворид намудани тағйирот аз 29 декабри соли 2010 муҳлати татбиқи қонуни зикргардида то 1 январи соли 2014 тамдид карда шуд.

Азбаски, бо сабабҳои гуногун муқаррароти қонуни мазкур амалӣ нагардид, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мавқуф гузоштани муҳлати татбиқи он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Дар моддаи 22 қонуни номбурда рақами «2014»  ба рақами «2017»  иваз карда шудааст. Мувофиқи ин тағйирот, мавриди амал қарор гирифтани муқаррароти қонуни номбурда ба 1 январи соли 2017 мавқуф гузошта шудааст.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!            

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2014  қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 амал  менамояд.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, аз моддаи 33 қонуни амалкунанда сархати бисту якум хориҷ карда шудааст.

Мақсади ворид намудани тағйироти мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мебошад.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ба овоз монда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидов М.М» шурӯъ менамоем.

Сухан ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад. Марҳамат.

ДавлатовҶумъа Давлатов пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 4 феврали соли 2014 таҳти №23.5/1-2 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат мекунад:

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидов Маҳмадисо Муродович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ирсол менамоям.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи баррасишуда дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидов Маҳмадисо Муродович»-ро ба овоз монда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» мебошад.

Сухан ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Шерхони Одина дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0254Салимзода Шерхони Одина: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2013 дар бораи ҳисоботи прокурори генералӣ  корҳои муайянеро анҷом дод, ки мехоҳам оиди онҳо ҳисоботи худро манзури шумо намоям.

Бо дарназардошти қарори номбурдаи Маҷлиси миллӣ дар соли 2013 масъалаҳои  ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо, назорати риояи қонунгузории замин, интизоми бақайдгирии ҷиноятҳо ва ба ин васила таъмини принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ, таъмини иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурорӣ ва судӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», алалхусус дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура дониста шуданд.

Пешгирӣ ва мубориза бо кушторҳо, таҷовуз ба номус, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва худкушиҳо, ки  ҳуқуқ ва озодиҳои фитрии инсонро поймол мекунанд, меҳвари асосии фаъолияти мақомот эътироф гардидаанд.

Аз соли 2010-ум оғоз карда, мақомоти прокуратура ба кам намудани санҷишҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо шурӯъ намуд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи санҷишҳо назар ба соли 2012-ум 1247 адад ё  20 фоиз, назар ба солҳои 2010-2011 бошад, қариб 30 фоиз кам карда шуд.

Соли 2013 аз натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 19500  нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 1900 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз маблағи умумии 273 млн. сомонӣ зарари ошкоркардашуда 234 млн. сомонӣ барқарор, ки аз он 149 млн. сомонӣ ба манфиати Буҷети давлат ворид карда шуд.

Назар ба соли 2009 дар соли 2013-ум 1018 нафар, ё 5,5 фоиз зиёд ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 863 адад ё 83 фоиз зиёд парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, қариб 77 млн. сомонӣ ё 54 фоиз зиёд зарари расонидашуда барқарор шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки самаранокии санҷишҳои прокурорӣ то андозае баланд шудаанд.

Санҷишҳо собит намуданд, ки гарчанде ҳолати иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар  фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо камбудию қонунвайронкуниҳо пурра аз байн нарафтаанд.

Масалан, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Айнӣ Нозимов Н. ва мудири Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов Бобоҷонов Р. ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, мутаносибан баррасии 61 ва 32 муроҷиати шаҳрвандонро таъмин накарда, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи онҳоро дағалона поймол намудаанд, ки ин боиси оғози парвандаи ҷиноятӣ гардид.

Чунин қонунвайронкуниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Панҷ, Вахш, Қумсангир, Рӯдакӣ, Панҷакент, Исфара, Б.Ғафуров, Ашт, Зафаробод ва ғайраҳо низ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳгор  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда  шудааст.

Дар натиҷаи санҷишҳои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо 610  нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 41 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар маҷмӯъ, 15 700 нафар шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шудаанд, ки аз онҳо 12741  муроҷиат бевосита аз ҷониби кормандони мақомот баррасӣ гардида, 1927 адад ё 15 фоиз асоснок  ҳисобида, талабҳои онҳо қонеъ, ҳуқуқҳои вайроншудаи шаҳрвандон барқарор гардид.

Мақомоти прокуратура қабули сайёри шаҳрвандонро дар маҳалҳо ба роҳ мондааст. Бевосита аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералӣ бошад, қабули сайёри шаҳрвандон дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Тадбирҳои баҳри иҷрои банди 2 зербанди 4 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2013 андешидашуда собит намуданд, ки то ҳанӯз дар фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, заминсозӣ, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳрвандони алоҳида қонунвайронкуниҳои замин  ҷой доранд. Дар ин самт  478  санҷиш гузаронида, аз натиҷаи баррасии онҳо 2304  нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 587  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зиёда аз 402  гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Мақомоти прокуратура ба 554 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз овардааст, ки аз он 452 қарор дар бораи ҷудо ва вобаста кардани замин мебошад.

Танҳо дар вилояти Суғд дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 688 нафар шаҳрвандон бинобар ғайриқонунӣ ба рӯйхати эҳтиёҷмандон ворид карда шуданашон аз он  бароварда шуданд.

Чунин қонунвайронкуниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ, Бохтар, Вахш, Шаҳритуз, Ҳисор, Ҷиргатол ва ғайра ошкор карда, баҳри бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Баъзан шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва комиссияҳои ҷамъиятӣ, ки масъули пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба шумор мераванд, худ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ  мезананд.

Масалан, муовини якуми раиси ноҳияи Ғончӣ, дар як вақт раиси комиссияи қонунигардонии молу мулк Ахмедов А.Х. ғайриқонунӣ ба 167 нафар заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим намуда, дар 45 ҳолат ғайриқонунӣ заминҳои холиро ба номи шаҳрвандон ва хешутабораш, ки гӯё дар онҳо иморат доранд, қонунӣ мегардонад. Инчунин мувофиқи дастури  ӯ раиси КДФ «Замини Ғончӣ» Худойбердиев Э. барои ҷудо намудани замин аз сокинони ноҳия маблағҳои калони пулӣ ҷамъ менамояд. Вақте қарорҳои ин заминҳо бо эътироз бекор карда мешаванд, пулҳои ҷамъовардаро Ахмедов А.Х. барнамегардонад, Худойбердиев Э. бо роҳи худкушӣ худро ба ҳалокат расонида, дар хатчаи пеш аз маргаш оиди ин ҳолатҳо менависад.

Ё ин, ки баъзан раисони шаҳру ноҳияҳо ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, заминҳои кишоварзиро барои истифодаи ғайрикишоварзӣ ҷудо менамоянд.

Масалан, дар  шаҳри Ваҳдат ба ҶДММ «Эраҷ-К» 4,5 гектар ва ноҳияи Ҷ.Расулов ба ҶДММ «Поверфил» 8,5 гектар заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони заводи хишт ва карери хок ва дар шаҳри Истаравшан ба шаҳрванд Қутбиддинов А. 2,5 гектар замини кишоварзӣ барои сохтмони бозор ҷудо карда дода шудааст, ки ҳамаи онҳо бо эътирозҳои прокурорҳо бекор карда шудаанд.

Пайдоиши роҳ ва усулҳои нави заминфурӯшӣ дар ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа ба назар мерасанд, ки ҷиҳати ошкор ва пешгирии ин қабил ҷиноятҳо тадбирҳо андешида истодаем.

Аз 587 парвандаи ҷиноятии вобаста ба замин оғозгардида 407 (368) парванда барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шудаанд, ки 25 адади он ба ВМКБ, 159 ба  вилояти Суғд, 166 ба вилояти Хатлон, 116 ба шаҳри Душанбе ва 121 парванда ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Мутобиқи моддаи 246-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба сохтмонҳои худсарона ба ваколати мақомоти судӣ мансуб бошад ҳам, бар хилофи ин талабот раиси шаҳри Конибодом бо 19 қарори худ ҳуқуқи соҳибмулкии шаҳрвандонро нисбати манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти худсарона сохташуда эътироф намудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуданд, ки бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар ҷумҳурӣ 115 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух додааст, ки дар 41 ҳолат бо фавти кормандон анҷом ёфта, нисбати шахсони гунаҳгор 56 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Вазъи пардохти музди меҳнат дар ташкилотҳои тиҷоратӣ бошад, боиси нигаронӣ гардидааст. Аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда қарзи музди меҳнат ба 1 декабри соли 2013 -ум 33 млн. сомониро  ташкил медиҳад. Нисбати ашхоси гунаҳгор 61 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 41,5 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнати кормандон рӯёнида шудааст.

Вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» гуфтан лозим аст, ки санҷишҳо асосан ба пешгирии воридоти маҳсулоти хӯрокаи бесифат, муҳлати истеъмолиашон гузашта ва зудвайроншаванда, риояи қоидаи санитарию эпидемиологӣ дар нуқтаҳои истироҳатии оммавӣ, манбаъҳои оби нӯшокӣ ва дигар объектҳои муҳим равона  карда шуд.

Ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани  қонунвайронкуниҳои санитарӣ-эпидемиологӣ бо чораҳои  эътиноии прокурорӣ 2755  нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 74  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Гарчанде, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти одам, бахусус баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ин беморӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида бошад ҳам, вазъи сироятёбӣ  ба ин намуди беморӣ боиси нигаронист.

Агар то соли 2007 дар кишвар ҳамагӣ 1040 нафар ба ин беморӣ сироят ёфта бошанд, солҳои 2008-2013 ин  рақам ба зиёда аз 5000 нафар расидааст, ки 4,2 баробар зиёд мебошад.

Танҳо соли 2013 барои пешгирии ин хатари номатлуб 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати гунаҳгорони шахси дигарро бо инфексияи ВИЧ сирояткарда оғоз карда шудааст.

Ҳолатҳои  хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал кардан ҳанӯз аз байн нарафтааст. Аз тарафи мақомоти прокуратура 327 адад чунин қонунвайронкунӣ ошкор карда, баҳри бартараф намудани онҳо 139 санади прокурорӣ бароварда, 234 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Минбаъд  дар ин самт мо фаъолиятро пурзӯр менамоем.

Иҷрои амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бахусус дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура ҳисобида мешавад. Аз тарафи кормандони мақомот 1400 суҳбату вохӯриҳо гузаронида, 242 маротиба тавассути воситаҳои ахбори омма баромадҳо карда, мазмуну муҳтавои қонун ба мардум фаҳмонида шудааст.

Дар ин самт мақомоти прокуратура санҷишҳо гузаронида, 1560 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 331 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 114 парванда оиди монеъ шудан ба духтарони синни мактабӣ барои гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмӣ оғоз кардааст.

Дар натиҷаи пурзӯр намудани пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткории ноболиғон 725 ҷинояти онҳо ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 100 ҷиноят ё 16 фоиз зиёд мебошад.

Дар натиҷаи санҷишҳо ва чораҳои андешида қариб 2500 нафар шахсони масъул ба ҷавобгариҳои интизомӣ ва маъмурӣ кашида, 330 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Прокуратураи генералӣ вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро давоми се соли охир мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, барои андешидани чораҳои бартараф кардани сабаб ва омилҳои ба қонунвайронкуниҳо мусоидаткунанда унвонии мақомотҳои дахлдор пешниҳодҳо, ба  Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ахборот ирсол намуд.

Таклиф ва пешниҳодҳо пазируфта ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ  ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо вазифадор карда шуданд.

Санҷишҳо нишон доданд, ки автоматҳои бозӣ  бо бурди пулӣ баъди қатъ намудани фаъолияташон дар Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, бо истифода аз иҷозатномаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото дидаю дониста ғайриқонунӣ қиморхонаҳоро ташкил намуда, шаҳрвандонро ба бозӣ ҷалб намудаанд.

Дар ин нуқтаҳо аксар ноболиғон ва шахсони содалавҳу сабукфикр машғули бозиҳо шуда, маблағҳои калони пулӣ бой медиҳанд. Инчунин филмҳои зӯроварӣ ва фаҳшро тамошо менамоянд, ки ба тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин шахсон дигар дар бораи хонишу меҳнат андеша накарда, танҳо бобати ба даст овардани даромади муфт орзу менамоянд. Таъсири манфии он аз нашъамандӣ дида зиёд аст.

Дар асоси чораҳои андешидаи мо, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз фаъолияти 33 адад чунин нуқтаҳо қатъ ва 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Лекин ин ҳам басанда нест, ҳоло ҳам ҳолатҳои зиёди бе иҷозатнома фаъолият намудани чунин нуқтаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Б.Ғафуров, Ҳисор ва Ёвон ҷой доранд.

Мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини иҷрои банди 2 зербанди 7 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2013 ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, 1293 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардаанд, ки вобаста ба азонихудкунӣ 342, сӯйистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 55, гирифтан ва додани пора 66, оиди замин 103 ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошанд.

Новобаста аз чораҳои андешида, то ҳанӯз баъзе аз шаҳрвандон талаботи қонунро дуруст дарк накарда, баҳри қонеъ намудани манфиатҳои худ ба шахсони мансабдори давлатӣ пора пешниҳод менамоянд.

Масалан, 20 июли соли 2013 шаҳрванд Ҳусейнбахш Ғулом Аббос ба муовини прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои  нисбаташ наандешидани чораҳои қонунӣ 7000 доллари америкоӣ ба сифати пора пешниҳод намудааст, ки дастгир карда шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, хусусан буҷетӣ на дар ҳама ҳолатҳо таъмин карда мешаванд. Ҳодисаҳои азонихудкунии ин маблағҳо ҷой доранд, аз ҷумла дар филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом, Ҷиргатол, Тавилдара ва дигар филиалҳои ноҳиявӣ ба маблағи қариб 7 млн. сомонӣ, дар корхонаи «Навъҳои тухмии сабзавот» ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, ки барои хариди тухмии картошка ҷудо шудааст, дар мактаби таҳсилоти миёнаи №42- и ноҳияи Қубодиён  101 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, дар Саридораи бойгонӣ 170 ҳазор сомонӣ, дар хоҷагиҳои «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ 174 сар чорво ба маблағи 103 ҳазор сомонӣ, «Россия»-и ноҳияи Айнӣ 70 сар чорво ба маблағи 124 ҳазор сомонӣ ва «Заргар»-и шаҳри Ваҳдат ба маблағи 178 ҳазор сомонӣ маблағҳои барои кишт ҷудошуда ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Танҳо дар соли 2013 вобаста ба азонихудкуниҳо  342 парвандаи ҷиноятӣ, ки аз ин 172 парванда ҳар якеаш ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ мебошад, оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории андозу гумрук  398  санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2600 санади эътиноии прокурорӣ оварда, 1730 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.

Бо дахолати прокурорӣ ба Буҷети давлатӣ маблағи 149 млн. сомонӣ  андозу пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудааст.

Дар ин самт танҳо мақомоти прокуратура 36 ҳолати ҷинояти саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи зиёда аз 40 млн. сомониро ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки дар 18 ҳолат маблағи ошкоргардида ба ҳар яки он зиёда аз 1 млн. сомонӣ мебошад.

Масалан, дар ноҳияи Ҳисор соҳибкори инфиродӣ Умаров И. бо роҳи пешниҳод намудани эъломияҳои бардурӯғ аз пардохти 1 млн. 946 ҳазор сомонӣ маблағҳои андоз саркашӣ намудааст, ки нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар рафти тафтишот маблағи 1 млн. сомонӣ ба буҷет барқарор карда шудааст.

Бақияи қарзи андоз дар назди буҷет нисбат ба аввали соли 2013-ум  244 млн. сомонӣ  зиёд шудааст.

Яке аз сабабҳои он сари вақт аз ҳисоб бароварда нашудани  қарзҳои беэътимод мебошад, ки  ба онҳо тариқи ҳатмӣ фоизҳои ҳаррӯза ҳисоб карда мешаванд. Маблағҳои пардохтнамудаи андозсупоранда дар навбати аввал барои пӯшонидани фоизҳо,  дуюм  ҷаримаҳои иловагии ҳисобшуда ва баъдан пӯшонидани маблағи андози ҳисобшуда равона мешаванд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ дар соли 2013 ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо эътироф карда шуда буд.

Дар ин самт ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии пешгирии шиканҷа Дастурамал «Дар бораи дастгиркунӣ» таҳия ва аз ҷониби прокурори генералӣ ва роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тасдиқ ва  мавриди амал қарор дода шуд.

Дар ин давра Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро аз рӯйи лоиҳаи гузориши маърӯзачии вежаи СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендез аз натиҷаҳои сафарашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллиф пешниҳод намуд. Қобили қайд аст, ки таклифҳои пешниҳодшуда зимни таҳияи фарзияи ниҳоии гузориш аз ҷониби маърӯзачии вежа қабул карда шуданд.

Ба мақомоти прокуратура дар ин давра 16 муроҷиат ва хабару маълумот оиди шиканҷа ва истифодаи дигар намудҳои зӯроварӣ дар рафти таҳқиқу тафтиш дохил шуда, дар 2 ҳолат аризаҳо тасдиқи худро ёфта, 2 парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуданд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон, ба воситаи пурзӯр намудани назорати интизоми бақайдгирӣ ва чораандешӣ оиди ҷиноятҳо, муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳои пинҳонмонда ҳифз карда шуданд.

Амалӣ намудани ин ҳадаф бо дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон дод, ки дар соли 2013 дар  ҷумҳурӣ 18 336 ҷиноят, аз ин  5116 ҷиноят аз тарафи мақомоти прокуратура ба қайд гирифта шавад, ки  1740 адад ё 10,5 фоиз назар ба соли 2012 ва қариб 6000 адад ё 48 фоиз назар ба соли 2009 зиёд мебошад.

Барои зиёдшавии ҷиноятҳо мо дигар эрод намегирем. Баръакс, пинҳон мондани ҷиноятҳоро танқид мекунем ва чора меандешем. Соли 2013-ум  1114 ҷинояти пинҳонкарда аз тарафи мақомоти прокуратура ошкор ва ба қайд гузошта шуд.  Ба ибораи дигар гӯем, зиёда аз 6000 ё ҳазорҳо нафар гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида, ҳуқуқҳои ҳазорҳо ҷабрдидаҳои ин ҷиноятҳо барқарор гардид.

Ҳоло ҳам ҷиноятҳои пинҳонмонда зиёд мебошанд ва дар соли 2014 низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ бо анҷоми тафтишоти пешакӣ 8 294, аз ҷумла мақомоти прокуратура 2 637 парвандаи ҷиноятиро ба судҳо ирсол намуданд, ки мутаносибан  назар ба соли 2012- ум 626 ва 325 адад зиёд мебошанд. Дар баробари ин, зиёдшавии ҷиноятҳое, ки пешгирии онҳо аз мақомоти давлатӣ вобаста аст, ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла кушторҳо 10,5 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ  17.5, авбошӣ  50 фоиз бештар содир шудаанд, ки боиси ташвиш мебошад.

Солҳои охир содиршавии ҷиноятҳо бо истифодаи силоҳи оташфишон ботадриҷ кам шуда, дар давраи таҳлилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 57 ба 39 ҷиноят расидааст.

Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 885 ҷиноят ошкор карда шудааст, ки 22 ҷиноят зиёд мебошад.

Дар соли 2013 аз муомилоти ғайриқонунӣ 6,7 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 484 кг героин мусодира шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 708 кг зиёд мебошад.

Дар хориҷи кишвар 191 (344) нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи нашъаовар дастгир шудаанд, ки он назар ба соли пешин 153 нафар кам аст, аммо  ҳоло ҳам ташвишовар аст.

Нашъамандӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, афзуда истодааст. Ба якуми ноябри соли 2013 -ум 7 435 нафар нашъамандон аз ҳама зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, дар қайд мебошанд. Дар ҷумҳурӣ соли 2013-ум 13 нафар аз ин вабо фавтидаанд.

Ҳолатҳои даст задан ба чунин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ ва низомӣ низ ба назар мерасанд, ки  хело нангин аст.

Бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба истифода шудани маводи нашъаовари қаблан мусодирашуда дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқӣ — «Тартиби нигоҳ доштан ва нобуд кардани маводи нашъаовари ба сифати далелҳои шайъӣ гирифташуда» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2013 тасдиқ  ва мавриди амал қарор дода шуд.

Дар соли 2013-ум  118 (106) ҳодисаи  одамкушӣ  ба қайд гирифта, 107 (99)  ё 91,4 фоизи  онҳо  кушода ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аз ҷониби гурӯҳҳои тафтишотии доимоамалкунанда соли 2013- ум 27 ва дар чор соли охир 130 ҳолати одамкушиҳои солҳои пешин (1994-2005) ошкор карда, ба масъулияти гунаҳгорон гузошта шуд.

Дар ин давра 53 (56) ҳодисаи таҷовуз ба номус ба қайд гирифта, ҳамаи онҳо ошкор ва  парвандаҳо бо анҷоми тафтиши пешакӣ ба судҳо фиристода шуданд.

Соли 2013  -ум 567 ҳодисаи худкушӣ содир шудааст, ки дар 407 ҳолат ҷабрдидаҳо ҳалок шудаанд, аз ин 100 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ин ҳодисаҳо дар вилоятҳои Суғд -274 ҳолат, Хатлон -115, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -30, шаҳри Душанбе -47,  шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ -21, Турсунзода -14, Ҳисор -11, Ваҳдат, Файзобод, Шаҳринав ва Ҷиргатол -8 ҳодисагӣ рух додаанд.

Дар рафти санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ 52  парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шуд, ки 45-тои он нисбати 47 нафар пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ  ба суд барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон ирсол гардид.

Боиси таассуф аст, ки соли 2013 — ум 264 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 298 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оғоз карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар соли 2013- ум 5 ҷинояти терроризм нисбати 27 нафар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра 68 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 146 нафар аъзои гурӯҳҳои ифротгаро (экстремистӣ) оғоз карда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт вусъат дода шуда, шахсони гумроҳзадаро аз ин роҳ баргардонида истодаем. Аз рӯйи маълумоти мақомотҳои ваколатдор аз 2625 нафар шаҳрвандоне, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии шубҳаноки хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, қисми зиёдашон баргардонида шуда, 242 нафар боқӣ мондаанд. Санҷишҳои прокурорӣ дар маҳалҳо нишон дод, ки ин рақамҳо воқеият надоранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва шуъбаҳои кор бо дини онҳо ба хотири беҳтар нишон додани кори худ, маълумотҳои дилхоҳи худро ҳамчун воқеият пешниҳод менамоянд. Дар шаҳру ноҳияҳо мулоқотҳо бо ҷавонони аз хориҷабаргашта ташкил карда шуд, ки ба ин вохӯрӣ қисми хеле ками ҷавонон ҳозир гаштанд. Муайян карда шуд, ки дар бисёр мавридҳо онҳо, бинобар ба таҳсил ва ба кор фаро нагирифтанашон, баргашта ба Федератсияи Россия ба кор ва ё ба ҷойи таҳсили пештараашон ба хориҷа рафтаанд.

Санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд шуда, қисме аз онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ғайриқонунӣ убур кардани сарҳад ва бо роҳҳои сохтакорӣ тайёр намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият даст задаанд.

Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ба коркард ва муомилоти маводи доруворӣ, машруботи спиртӣ, тамоку, хариду фурӯши чаканаи молу маҳсулот, хӯрока машғул шуда истодаанд, ки маҳдуд намудани фаъолияти онҳо бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ ва бо дарназардошти омилҳои дигари ба таъмини рушди истеҳсолот мусоидаткунанда дар ин ҷода аз манфиат холӣ нест.

Бо ин мақсад, пешниҳод менамоем, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Прокурорҳо дар рафти баррасии судии 7952  парвандаи ҷиноятӣ ва 2751  парвандаи гражданӣ, 1080  маъмурӣ ва 151  иқтисодӣ иштирок  намуда, барои  ба амал баровардани адолати судӣ ва қабули санадҳои  қонунӣ мусоидат намудаанд.

Бо мақсади рӯёнидани зарари расонидашуда, ба судҳои умумӣ аз тарафи мақомоти прокуратура 521  аризаи даъвоӣ ба маблағи 15,2 млн. сомонӣ пешниҳод карда шуд, ки  ба маблағи 11,3 млн. сомонӣ баррасӣ гардида, аз ин ба маблағи 10,1 млн. сомонӣ қонеъ карда шудааст.

Ба судҳои иқтисодӣ бошад, 165 аризаи даъвоӣ ба маблағи 67,9 млн. сомонӣ пешниҳод гардида, аз ин 141 ариза ба маблағи 41,8 млн. сомонӣ қонеъ карда шудааст.

Дар ин раванд мақомот тавассути пешниҳоди аризаҳои даъвоӣ ба судҳои иқтисодӣ як қатор иншоот, аз ҷумла ҶСК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҶСК «Курорти Шоҳамбарӣ», ҶСП «Ҳавотоғ» ва «Пансионати муолиҷавии Конибодом»-ро, ки қаблан ғайриқонунӣ хусусӣ гардида буданд, ба манфиати давлат баргардонид.

Ҳамзамон мақомот вобаста ба таҳкими муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Баҳри иҷрои зербанди 10 банди 2 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2013 мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишварбуда тадбирҳои мушаххас андешиданд.

Пеш аз ҳама, иҷрои қонунҳоро дар фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии он санҷида, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳо андешида шуд.

Дар ҳамкорӣ бо прокуратураҳои генералии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шуд.

Дар соли 2013 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 45 (23) муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон, ки  дар  ҳудуди кишварҳои хориҷӣ поймол гардидаанд, ворид шуд. Аз он 37 муроҷиати шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ барои баррасӣ ба прокуратураҳои генералии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуд, ки вобаста ба мавзӯъ  дар бораи ғайриқонунӣ дастгир кардан, кашолкории тафтишот, ғайриқонунӣ будани қарори суд, муносибатҳои молию пулӣ, надодани музди меҳнат ва оилавӣ тасниф мешавад. Боқимонда муроҷиатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ баъзан барои содир кардани ҷиноят дар хориҷа маҳкум карда мешаванд. Бо андешидани тадбирҳо соли 2013 аз кишварҳои хориҷӣ 93 (59) нафар маҳкумшудагон, аз ҷумла 92 нафар аз Федератсияи Россия ва 1 нафар аз Қазоқистон барои адои минбаъдаи ҷазо ба ҷумҳурӣ оварда шуданд.

Дар фаъолияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ низ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ қонунвайронкуниҳо ҷой доранд.

Чунончӣ, хазинадори Ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон-интернешнл»-и ноҳияи Шаҳристон маблағҳои пулии 20 нафар муҳоҷирони меҳнатиро, ки ба воситаи бонкҳо ба хешовандонашон фиристондаанд, тасарруф намуда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонидаанд, ки оид ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда  шудааст.  Панҷ муроҷиати шаҳрвандон оиди аз ҷониби худи шаҳрвандони мо ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ бурдани дигар шаҳрвандон ва дар он ҷо фиреб дода, надодани ҳаққи меҳнати онҳо ба прокуратура ворид шуда, баррасӣ гардид ва чораҳои қонунӣ андешида шуд.

Баъзан муҳоҷирони меҳнатӣ ба доми фиреб ҳам меафтанд, ки баҳри ҳимояи онҳо низ корҳо бурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд дар давраи ҷамъбастӣ 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 8 нафар  роҷеъ ба ҷалби одамон бо мақсади шаҳвонӣ ё бо тарзи дигар истисмор намудани онҳо оғозу тафтиш шуда бошад ҳам, онҳо берун аз марзи ҷумҳурӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандони давлати Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Туркия  ва Федератсияи Россия  содир карда шудаанд. Нисбати ин  шахсон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ба судҳо  ирсол гардидааст.

Ғайр аз ин, мо бо Прокуратураи генералии Федератсияи Россия алоқаи зич дорем, ки дар асоси дархостҳои мо ва дар доираи ҳамкориҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии моро ҳимоя менамоянд.

Муҳтарам Раис, ҳозирини гиромӣ!

7 январи соли 2014 мо дар ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ натиҷаи фаъолияти мақомотро муҳокима ва вазифаҳои худро барои соли ҷорӣ муайян намудем. Муҳокима нишон дод, ки новобаста аз корҳои анҷомдода, дар фаъолияти мақомоти прокуратура  ҳоло як қатор камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, ошкор нашудани 10 ҳодисаи куштори давоми соли 2013 бақайдгузошта аз фаъолияти нокифояи мо ва мақомоти корҳои дохилию амният гувоҳӣ медиҳад. Аз ин ҷо диққати прокуророн махсус ба ин масъала ҷалб карда шуд.

Гарчанде ошкор ва ба қайди ягона гузоштани ҷиноятҳо то андозае ба танзим даромада бошанд ҳам, то ҳанӯз аз назорати нокифояи баъзе прокуророн як қатор ҷиноятҳо аз қайд пинҳон мемонанд, ки ин боиси поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мегардад. Бинобар ин, масъалаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дорад.

Кор дар самти назорат ба ошкоркунии гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани сарварони ин гурӯҳҳо ҳанӯз ҳам нокифоя буда, дар бисёр ҳолатҳо танҳо интиқолдиҳандагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванду халос.

Мо прокуроронро вазифадор намудем, ки аз аввали оғози парвандаҳо оиди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир онҳоро зери назорати қатъӣ гиранд, омӯзиши маводҳои аввалияи фаврӣ-тафтишотиро ташкил намоянд ва бо ин васила ба ҷавобгарӣ кашидани саркардагон ва ташкилкунандагони ин ҷиноятҳоро таъмин намоянд.

Истифодабарии шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунии таҳқиқу тафтиш пурра аз байн нарафтааст, ки баҳри бартараф намудани ин камбудӣ низ прокуророн вазифадор шудаанд.

Бо мақсади аз байн бурдани камбудиҳои зикргашта мақомоти прокуратура чорабиниҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳисоботро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли сипаришуда манзури шумо намуда, боварӣ дорам, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмилу ташаккули минбаъдаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар тақвияту  таъмини волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд, ташкили мубориза ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти ҷиноӣ ва дар маҷмӯъ субот ва оромии мамлакат моро роҳнамоӣ менамояд.

Мо, кормандони мақомоти прокуратура, дар оянда низ омодаем он вазифаҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари амалкунанда ба зиммаи мо гузоштааст, аз рӯйи виҷдони пок, дасту дили тоза ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намоем.

РАИС:- Аз рӯйи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 94 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул буда, ҳамасола дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави мамлакат ҳисобот медиҳад.

Маротибаи охир, 28 феврали соли 2013 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати назорат ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 шунида шудааст. Вобаста ба он таҳти №487 қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ иборат аз 4 банд қабул гардида, бобати татбиқи он прокурори генералӣ ба таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ахбори расмӣ манзур намуд.

Айни ҳол, мо ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Шерхони Одинаро оид ба ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 шунидем.

Аз таҳлили ҳисобот ба мушоҳида мерасад, ки дар соли 2013 аз ҷониби мақомоти прокуратура вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст.

Аз ҷумла, ғайр аз амалӣ намудани корҳои профилактикӣ, аз ҷониби мақомоти прокуратура қонунвайронкуниҳои зиёде, аз қабили хариду фурӯши қитъаи замин, ишғоли худсаронаи он, гирифтан ва додани пора ошкор ва нисбати шахсони ба ин корҳои номатлуб дастзада чораҳои қонунӣ татбиқ карда шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти прокуратураи кишвар пешгирӣ ва ошкор гардидани қонунвайронкуниҳои соҳаи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидошта, истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, хариду фурӯши духтарон ба мақсади фоҳишагӣ, ҳуқуқпоймолкуниҳои соҳаи нақлиёт ва мусофиркашонӣ, тандурустӣ, баргузории ҷашну маросим ва маъракаҳо ва дар ин замина андешидани чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ аз самаранокии фаъолияти мақомот гувоҳӣ медиҳад.

Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ дар соли 2013 ҷиноятҳо 10,5 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла кушторҳо 10,5 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 17,5 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудаанд, ки он боиси ташвиш ва нигаронӣ мебошад ва тақвият додани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои профилактикӣ, аз ҷумла ташвиқотиву тарғиботиро аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ тақозо менамояд.

Дар натиҷаи санҷишҳои мақомоти прокуратура 114 парвандаи ҷиноятӣ оиди монеъ шудан ба духтарони синни мактабӣ барои гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин, дар соли 2013 содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон нисбат ба соли қаблӣ 100 адад ва ё 16 фоиз зиёд шудааст, ки ҳолати мазкур пурзӯр кардани назорати иҷрои қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро тақозо менамояд.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, прокуратураи генералиро зарур аст, ки дар доираи ваколатҳои худ, таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти хизматиро ба роҳ монда, барои тақвият бахшидани назорати прокурорӣ чораҳои муассир андешад.

Дар маҷмӯъ, Кумита фаъолияти мақомоти прокуратураро дар соли 2013 мусбӣ арзёбӣ карда, ҳамзамон пешниҳод менамояд, ки мақомот дар фаъолияти минбаъда ба масъалаҳои зайл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд ва назорати прокурориро дар ин самт тақвият диҳад:

1) баҳри боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти мақомот дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ чораҳои иловагӣ андешад;

2) назорати иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликият, шахсони мансабдори онҳо, ба қонунҳо мутобиқ намудани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо ба тасвиб мерасонанд, инчунин дигар масъалаҳои назорати умумиро тақвият дода, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешад;

3) иҷрои қонунҳоро аз тарафи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ, таҳқиқу тафтиши пешакиро ба амал мебароранд, ҳамчунин маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, маҳбусон, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятӣ, чораҳои маҷбурии таъинкардаи судро таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар ин самт барои тақвият додани пешгирии ҳолатҳои зуҳур ёфтани шиканҷа дар фаъолияти ин мақомот чораҳои муассир андешад;

4) ба баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда, иштироки фаъол ва самараноки прокуроронро дар баррасии парвандаҳо таъмин ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар қабули санадҳои судии қонунӣ ва асоснок мусоидат намояд;

5) ба масъалаҳои гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқвайронкуниҳоро дар ин самт пешгирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти таҳқиқбаранда ва тафтишотро пурзӯр намояд;

6) назорати иҷрои қатъии қонунгузориро аз ҷониби субъектоне, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли хориҷии аҳолии кишвар фаъолият бурда, мардумро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб менамоянд, таъмин намуда, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин ҷода чораҳои амалӣ андешад;

7) бобати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба он чораҳои таъхирнопазир андешида, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор баҳри рафъи омилҳои ба он мусоидаткунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро роҳандозӣ намояд;

8) бо дарназардошти вақтҳои охир тамоюли зиёдшавӣ доштани ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва ноболиғон, рафти иҷро ва татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мунтазам санҷида, ҳамкориро бо мақомоти масъули соҳа, аз ҷумла комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак ва дигар ниҳодҳо, новобаста аз тобеият ва шакли моликият, вусъат бахшад ва назорати прокурориро ҷиҳати пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон пурзӯр намояд.

РАИС:-Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод шудааст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор бо назардошти таклифҳо қабул шуд.

РАИС: - Раиси Котибот гуфтание доред? Нест.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаашон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем!

Бо ҳамин Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ