Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонунҳое, ки ба такмили сохтор, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат мекунанд, ҷонибдорӣ ёфтанд

№84 (3069) 06.07.2013

DSC_1274

4 июли соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати чорум Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намо­ян­даи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷ­­ли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Про­ку­рори гене­ралӣ, раиси Бонки миллии Тоҷи­кистон, раиси Комиссияи марказии инти­хобот ва раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати дав­ла­тии молиявӣ ва мубо­ри­за бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ин­чунин на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба иҷлосия даъват шудаанд, дар толор ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.).

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Оид ба ин масъала ба таваҷҷуҳи шумо матни лоиҳаи қарори зерин пешниҳод мешавад:

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мутобиқи  моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон  қарор  мекунад:

Котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

DSC_1305

Раиси котибот:

Абдуназаров Хисрав Насруллоевич

Аъзои котибот:

Назриев Шамсмуҳаммад Гулмуҳамадович

Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Чӣ гуна таклифҳо доред?  Лоиҳаи қарори ироагарди­даро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайати котибот интихоб шуданд, хоҳишмандам ба ҷойҳои кориашон гузаранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ на­моем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз мемонам. Марҳамат, мав­қеи худро муайян намоед. Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:

1.  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2.  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3.  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4.  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5.  Кодекси мурофиаи ҳуқуқ-вайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

7.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи милитсия»

15. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»

16.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

20.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992»

22.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»

24. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»

25.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»

26. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»

27. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»

28. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

29.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

30.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

31. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

36. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон»

37. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»

38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

39. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

40.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

41. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»

42. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

43.  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

44.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

45.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»

46.  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

47. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

48. Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Зафаробод, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд»

49.  Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиликӯл, Хуросон ва Темурмалики вилояти Хатлон»

50. Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ кардани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Ҷангибеков Г.»

51. Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа­мо­ҳанг­созии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­лиси на­мояндагон, ҳокимияти иҷроия, ит­ти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ баровардани Ҷангибеков Г.»

52.          Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ кардани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Валиев С.»

53.  Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа­мо­ҳанг­созии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­лиси на­мояндагон, ҳокимияти иҷроия, ит­ти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ баровардани Валиев С.»

54.  Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ кардани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Солихов Б.Т.»

55.  Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баровардани Солихов Б.Т.»

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии  Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Худоёров Бахтиёр Таварович дода меша­вад. Мар­ҳамат.

DSC_0243Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни конститутсионии мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, дар қисми сеюми моддаи 10-уми қонуни конститутсионии амалкунанда тағйироти таҳрирӣ дар шакли иваз намудани калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» ворид карда шудааст.

Қонуни конститутсионӣ ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

Қонунҳое, ки ба такмили сохтор, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат мекунанд, ҷонибдорӣ ёфтанд

 

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­нома  – Қонуни конститутсионии  Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013 қабул намудааст.

Қабули қонуни конститутсионии мазкур баҳри таҷдиди назар намудани масъалаҳои дахлнопазирии судяҳо ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти мақомоти судӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар иҷрои вазифаи хизматӣ равона  шудааст.

Аз рӯйи тағйироти дар моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии амалкунанда пешниҳодшуда минбаъд парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, пешбурди ин парвандаҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ гашта, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯйи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Амалҳои муайян, ба монанди дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳамзамон мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, баҳри аз байн бурдани мухолифати дохилӣ қисмҳои дахлдори моддаҳои 9 ва 119 қонуни конститутсионии амалкунанда, ки ҳалли баъзе аз масъалаҳои дахлнопазирии судяҳо танҳо ба салоҳияти прокурор дахл дошт, хориҷ карда шуд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни конститутсионии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

Раис:- Масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни конститутсионии мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Дар ин радиф, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар қисми чоруми моддаи 57-уми қонуни конститутсионии мазкур калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конс­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни конститутсионии  Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ ме­намоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни конститутсионии мазкур аз такмили қонунгузории мамлакат, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маҳдуд кардани дахлнопазирии прокурор ва муфаттишони мақомоти прокуратура дар мавриди оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ иборат мебошад.

Дар оянда мувофиқи иловаҳои моддаи 7-уми қонуни конститутсионии зикргардида, парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта нисбати прокуророн ва муфаттишони мақомоти прокуратура аз ҷониби Прокурори генералӣ ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд.

Илова бар он, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, ҳангоми дастгир намудани онҳо дар вақти содир кардани ҷиноят аз рӯйи тартиби умумимуқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз матни қонуни конститутсионии амалкунанда моддаи 58, ки масъалаҳои дахлнопазирии прокурор ва муфаттишро муқаррар намуда буд, аз ҷумла салоҳияти истисноии прокурор оид ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, санҷиши ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбати прокурор ё муфаттиш, хориҷ карда мешавад.

Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни конститутсионии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конс­ти­тутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома – Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Кодекси мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади пешниҳод ва қабули Кодекси мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дарҷгардида ва ба иҷро расонидани талаботҳои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» иборат мебошад.

Кодекси мазкур аз ду қисм ва 19 бобу 248 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар раванди баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба вуҷуд меоянд муайян намуда, доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои суд, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муқаррар ва ба танзим медарорад.

Қисми умумӣ аз ду фасл иборат буда, фасли I -«Муқаррароти умумӣ» ва фасли II -«Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ном доранд.

Фасли I аз ду боб иборат аст. Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» ба вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, амали Кодекси мазкур дар замон ва макон, мафҳумҳои асосӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бахшида шудааст.

Боби 2 «Принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, дар он принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун ва суд, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, амалӣ кардани адолати судӣ, мустақилияти судяҳо ва забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро  пешбинӣ менамояд.

Фасли II «Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» аз шаш боб иборат буда, масъалаҳои зеринро ба танзим медарорад: ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқ-вайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, далелҳо ва исботкунӣ, чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба расмият даровардани мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

Қисми махсуси Кодекси номбурда, фаслҳои аз III то VI-ро дар бар мегирад.

Фасли III-ро се боб ташкил дода, салоҳияти суд, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдоранд, инчунин тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тартиби баррасии онҳоро аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян менамояд.

Фасли IV дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ кардани қарорҳои оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда, пешбинӣ мекунад.

Фасли V аз як боб иборат буда, тартиби пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғонро ба танзим медарорад.

Фасли VI тартиби иҷро намудани қарорҳо, тартиби иҷрои намудҳои ҷудогонаи ҷазои маъмурӣ ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Кодекс ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома  -Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»  шуруъ ме­намоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз тарафи се субъект – аъзои Маҷлиси миллӣ Қ. Ғулом­шоева, С. Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагон А. Расулов ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо», инчунин мутобиқ намудани муқаррароти Кодекс ба меъёрҳои соҳавӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» иборат мебошад.

Тағйироти воридшаванда ба қисмҳои дахлдори як қатор моддаҳои Кодекси мазкур хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Ҳамзамон тибқи тағйироти пешниҳодшуда, моддаҳои 118 қисми 1, 120 қисми 4, банди якуми қисми 1 моддаи 121, моддаи 122 қисми 3, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 128 ва қисми 3 моддаи 246 Кодекси номбурда дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, ки мафҳум ва асосҳои ташкили ҳуқуқии кооперативҳо, шаклҳои фаъолият ва вазъи ҳуқуқии аъзои кооператив, инчунин танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин ҷода ба танзим даровардааст.

Гузашта аз ин, ба Кодекс моддаи 1281 илова гардида, ба кооператсияи матлубот бахшида шудааст.

Дар ин модда мафҳуми кооператсияи матлубот дода шуда, ҳамчунин таъкид мегардад, ки асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолият, вазъи ҳуқуқии он ва ҳуқуқу уҳдадории саҳмдорон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,   қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома- Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебо­шад. Мар­ҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар банди 1) қисми 1 моддаи 1050 қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «яроқи зарравӣ» ба калимаҳои «силоҳи ядроӣ» иваз карда шудаанд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ  мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­нома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар бандҳои дахлдори моддаҳои 77 ва 106 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «яроқ» ва «яроқи» мутаносибан ба калимаҳои «силоҳ» ва «силоҳи» иваз карда шудаанд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба  Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар матни моддаи 87, ном ва матни моддаҳои 179 ва 218 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ ме­намоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тара­фи ду субъект-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва вакилони Маҷлиси намояндагон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани муқаррароти Кодекс ба меъёрҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин амалигардонии «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» иборат мебошад.

Тағйироти ба моддаҳои дахлдори Кодекси амалкунанда воридкардашуда характери муайян-кунан­да, мутобиқ­кунанда ва таҳрирӣ доранд ва мувофиқи он истилоҳи «яроқ» ба истилоҳи «силоҳ» иваз карда шуда, санксияҳои алоҳидаи он сабуктар гардонида шуд.

Ҳамзамон вобаста ба таҳия ва қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фасли III (бобҳои 41, 42, моддаҳои 692 то 732) ва Фасли IV (бобҳои  43 то 51, моддаҳои 733 то 853), яъне, масъалаҳои мурофиавӣ хориҷ карда мешаванд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси меҳнат ворид намудани масъалаи ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, ҳамчун тадбири иловагии пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ иборат мебошад.

Аз рӯйи иловаи пешниҳодгардида минбаъд ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ба кори дигар гузаронидан ҳисобида намешавад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шуруъ ме­намоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тара­фи узви Маҷлиси миллӣ М. Зувайдов ва вакили Маҷлиси намояндагон У. Давлатов пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз байн бурдани ихтилофот ва такмили меъёрҳои моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиби судии баррасии шикоят аз қарори прокурор ва мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Мувофиқи тағйирот, қисми 5 моддаи 124 Кодекси амалкунанда, ки аз болои қарори баровардаи судя вобаста ба амали прокурор оид ба рад кардани қабули аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ оид ба ҷиноят, вайрон кардани қонун ҳангоми оғоз ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, овардани шикоят ё эътирозро манъ карда буд, хориҷ карда мешавад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тара­фи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бурдани ихтилофот ва мукаммал намудани меъёрҳои Кодекси мазкур дар қисмати   пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ ва мушаххас гардонидани доираи ваколатҳои прокурор ҳамчун шахси мансабдори иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Вобаста ба мақсади зикршуда ба қисми 2 моддаи 159, қисмҳои 3 ва 12 моддаи 161, сархати 19 қисми 1 моддаи 168 ва матни моддаи 169 Кодекси номбурда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мувофиқи онҳо прокурор ҳамчун иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ дар давраи тафтишоти пешакӣ ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул намуда, ҳангоми ошкор гардидани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода, пешбурди парвандаи оғозшударо дар ҳар як ҳолати мушаххас ба мақомоти дахлдор вогузор менамояд. Инчунин прокурор метавонад бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона баррасӣ кардани тамоми парвандаҳои ҷиноятӣ гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода, пешбурди парвандаҳои ҷиноятиро аз як муфаттиш ё мақомоти тафтишотӣ гирифта, ба муфаттиш ё мақомоти тафтишотии дигар супорад.

Мувофиқи тағйироти воридшаванда ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ, ки аз ҷониби мақомоти прокуратура амалӣ карда мешавад, кирдорҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидоштаи бо ҳамин ҷинояти тафтишшаванда алоқаманд ошкор карда шаванд, пешбурди минбаъдаи парвандаи ҷиноятии мазкурро мақомоти прокуратура анҷом медиҳад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ  мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи милитсия» мебо­шад. Мар­ҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Қабули ин қонун баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, тағйирот хусусияти таҳрирӣ дошта, дар бандҳои дахлдори моддаҳои 10, 11, 13, 15, 16 ва номи боби 4 қонуни зикргардида, истилоҳи «яроқ» ба истилоҳи «силоҳ» иваз карда шудааст.

Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба банди 14 моддаи 10- уми қонуни мазкур ба камбудӣ роҳ дода шудааст. Бояд гуфт, ки моддаи 10-уми ин қонун аз 2 қисм иборат буда, дар тағйироти воридшаванда қисми модда нишон дода нашудааст ва инчунин дар банди 14 калимаи «яроқ» мавҷуд нест. Муқаррароти мазкур дар таносуб бо моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ набуда, мутобиқсозии дохилиро тақозо менамояд.

Омӯзиш нишон дод, ки санаи 19 марти соли 2013 ба моддаи 10-уми қонуни амалкунанда тағйироту илова ворид карда шуда, қонуни баррасишаванда бошад, 20 марти соли 2013 дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Аз ин лиҳоз, дар таҳияи қонуни мазкур ба хатоӣ роҳ дода шуда, на ба бандҳои 15 ва 16, балки ба бандҳои 14 ва 15 тағйирот ворид карда шудааст.

Бо ин гуфтаҳо, кумита ҷонибдорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад намешуморад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи милитсия» ба овоз мон­да, дар хусуси ҷонибдорӣ наёфтани қонуни мазкур Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­нома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар  қисми панҷуми моддаи 18-уми қонуни мазкур калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳа­мои­ҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амния­ти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Дар ин радиф, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар сархатҳо ва қисмҳои дахлдори моддаҳои 11, 15, 21, 25, 28 ва 29 қонуни амалкунанда калимаҳои «яроқ», «яроқи» ва «яроқу» мутаносибан ба калимаҳои «силоҳ», «силоҳи» ва «силоҳу» иваз карда шудаанд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» шуруъ ме­намоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар муқаддима, сархатҳои дахлдори моддаҳои 1, 2, 5, 6 ва матни моддаи 11 калимаҳои «яроқи» ва «яроқ» мутаносибан ба калимаҳои «силоҳи» ва «силоҳ» иваз карда шудаанд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мудофиа»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар сархати ҳафтуми моддаи 4-уми қонуни амалкунанда калимаи «яроқу» ба калимаи «силоҳу» иваз карда шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қаро­ри Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули тағйирот ба қонуни амалкунанда аз омодасозии заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани тартиби баҳисобгирӣ, нигаҳдорӣ ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти қонунӣ ва ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, инчунин нобуд кардани асбобу таҷҳизоте, ки истифодаи минбаъдаи онҳо дар муомилот номатлуб дониста мешавад, иборат мебошад.

Тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 19-уми қонуни мазкур муқаррар намудани тартиби ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардидаро ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор менамояд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шуруъ ме­намоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз таҷдиди назар намудани вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди нисбати онҳо оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ иборат мебошад.

Ҳамин тавр, мувофиқи тағйироти пешниҳодгардида дар қисми 11 моддаи 31 қонуни амалкунанда, парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо куррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти  коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд минбаъд ба ғайр аз Директори Агентӣ, инчунин аз ҷониби Прокурори генералӣ оғоз карда мешавад. Минбаъд ҳалли масъалаи зикргардида ба салоҳияти суд дохил намешавад.

Ҷиҳати рафъи мухолифати дохилӣ талаботи ҷойдошта оид ба ҳуқуқи мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё прокурор дар бораи муроҷиат ба суд аз болои қарори Директори Агентӣ вобаста ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ, хориҷ карда мешавад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ  мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» мебо­шад. Мар­ҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992»- ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгу­зорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш­ниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз байн бурдани мухолифат бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мебошад, ки аз рӯйи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» пешниҳод карда мешавад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон оид ба иқтисо­ди­ёту комму­ни­­катсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода меша­вад. Марҳамат.

DSC_0189Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон пешни­ҳод гардида, он­­ро Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон 20 феврали соли 2013 қабул наму­дааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии кооперативҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Қонун аз 9 боб ва 45 модда иборат буда, дар боби 1-уми он мафҳум­ҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар бораи коопе­ративҳо, шаклу доираи фаъолият, принсипҳои таъсис ва фаъолияти кооперативҳо дарҷ гардидааст.

Бобҳои 2 ва 3 таъсиси коопера­тив ва номи фирмавии он, бақайд­гирии давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, инчунин оинномаи кооперативро дар бар мегиранд.

Шартҳои аъзогӣ дар коопера­тив, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он, аъзоҳаққии саҳмии онҳо, тартиби овоздиҳӣ дар коопера­тив, маҳдудиятҳо ва масъулият, ҳуқуқи аз кооператив баромадан ва тартиби хориҷ намудан аз узвият дар боби 4 танзим гашта­анд.

Боби 5 меъёрҳо оид ба мақомоти идоракунӣ ва назоратӣ, аз ҷумла маҷлиси умумии аъзо, ваколатҳои он, тартиби даъвати он, тартиби овоздиҳӣ дар маҷ­лиси умумӣ, ҳуқуқу уҳда­дор­и­ҳои шӯрои нози­рони кооператив, ҳайат, вако­лат ва тартиби фаъоли­я­ти раёсатро ба танзим медарорад.

Дар бобҳои 6 ва 7 манбаъҳои ташаккули молу мулки коопе­ра­тив, амалиётҳо барои қарзгирӣ, фонди захиравӣ, тартиби тақси­моти даромади соф ва зарар, тартиби гузаронидани санҷиши аудиторӣ ва пешниҳоди ҳисоботи молиявии солона нишон дода шудааст.

Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳам­ди­ҳии кооператив, барра­сии баҳ­сҳо, бақайдгирии коопера­тив­ҳои истеҳсолӣ, ки то мавриди амал қарор додани қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, инчунин ҷавоб­гарӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ» дар бобҳои 8 ва 9 пурра дарҷ гардидааст.

Ҳамзамон зикр кардан бамаврид аст, ки тибқи қонуни мазкур низоми амалкунандаи фаъолияти кооперативҳо куллан тағйир ёфтааст. Аз ҷумла мафҳуми коопера­тив ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, дар он муттаҳидшавӣ на танҳо дар асоси иштироки шахсии меҳнатӣ, балки бо мақсади қонеъ намудани талаботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аъзои он пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мутобиқи қонуни мазкур минбаъд кооперативҳо метавонанд ҳам аз ҷониби шах­сони воқеӣ ва ҳам аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ таъсис дода шаванд. Дар Қонуни амалкунан­даи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ» бошад, танҳо шахси воқеӣ узви кооператив шуда метавонад.

Ҳамзамон мутобиқи ин қонун кооперативҳо метавонанд дар шакли кооперативҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис дода шаванд. Ба ду шакл ҷудо наму­дани кооперативҳо бо мақсади минбаъд мавриди таҷдиди назар намудани қонунгузории соҳаи андоз вобаста ба кооперативҳои ғайритиҷоратӣ равона шудааст.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» ба овоз  монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷони­би вакилони Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Гулов, А.Расулов, Э.Эсанқулов, Д.Ҷаборов, Ш.Сиро­ҷов ва М.Кенҷаева пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолия­ти гаравхона (ломбард) оид ба додани қарзи кӯтоҳмуҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигоҳ дош­тани молу мулки манқули шаҳрван­донро танзим менамояд.

Айни ҳол дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияти гаравхонаҳо (ломбардҳо) дар марҳилаи рушд қарор дорад, вале фаъолияти онҳо бо қонуни алоҳидаи соҳавӣ ба танзим дароварда нашудааст.

Гаравхонаҳо (ломбардҳо) дар асоси муқаррароти Кодекси гражданӣ ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» фаъолият карда истодаанд, ки дар натиҷа фаъолияти онҳо мушаххас ба танзим дароварда нашуда, ҳуқуқи гаравхона (ломбард) ва шаҳрван­д­оне, ки молҳои худро ба гарав мегузаронанд таври пурра ҳимоя намегардад, қонуни мазкур ин вазъиятро ислоҳ менамояд.

Қонун  аз 4 боб ва 18 модда иборат буда, дар боби 1-уми он маф­ҳум­­ҳои асосӣ, иҷозатди­ҳӣ ба фаъолияти гаравхона, шарт ва талаботи асосӣ, нархгузории молу мулки багаравмонда ва суғурта кардани молу мулки багаравмонда дарҷ гардидааст.

Дар боби 2 тартиби қарздиҳӣ ва нигаҳдошти молу мулк дар гаравхона, шартномаи қарз, махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва тартиби барасмиятдарорӣ васеъ шарҳ дода шудааст.

Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда, инчунин рӯёнидани қарз аз молу мулки дархостнашуда, рӯёнидани қарз аз молу мулки дархостнашуда ва фурӯши онро боби 3 ба танзим медарорад.

Дар боби 4 ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур инъикос ёфтааст.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» шуруъ менамоем ва аз Саймурод Тағоевич хоҳиш менамоем, ки ахбори худро пешниҳод намоянд. Марҳамат.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷони­би Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 5 июни соли 2013 қабул на­му­дааст.

Таҳрири нави Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар асоси таҳлили пешакии қонуни амалку­нандаи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 170 «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва «Стра­тегияи ҷорӣ намудани Стан­­­­дар­тҳои байналмилалии ҳисо­­­­­б­оти молиявӣ ва Стан­дар­т­ҳои фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гарди­да­аст.

Дар қонуни нав меъёрҳо нисбатан пурра ва фаҳмо дарҷ гардиданд. Талаботи дар боло зикршуда ба инобат гирифта шуда, дохил карда шудаанд, ки ин дар қонун дорои 4 боб ва 32 модда мебошад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти аудитори­ро муайян намуда, муносибат­ҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷара­ёни амалӣ намудани он ба миён меоянд, танзим мена­мо­яд.

Боби 1 муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосӣ, қонунгу­зории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ауди­торӣ, доираи амали қонуни мазкур ва прин­сип­ҳои асосии фаъоли­яти ауди­тор­иро дар бар меги­рад.

Танзими фаъолияти аудито­рӣ, мақоми ваколатдори дав­ла­тӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои таш­килоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ, вазифаҳои ауди­ти дохилӣ, тартиби иҷо­­зат­­диҳӣ барои фаъол­ия­ти аудиторӣ, дар бобҳои 2 ва 3 пурра инъикос ёфтааст.

Боби 4 муқаррароти ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи фаъолия­ти аудиторӣ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни маз­кур­ро муайян менамояд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» шуруъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтан ва мутобиқ намудани қонуни амал­ку­нанда бо дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ қабул гардида­аст. Ҳамчунин тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни амал­кунанда ба воситаи қонуни маз­кур ворид гардидааст, пешби­нӣ менамояд, ки танҳо ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба гарав гузошта мешавад.

Бо ин мақсад ва бо мақсади иҷрои Барномаи ислоҳоти аграрӣ ва мутобиқ намудани баъзе меъёрҳои қонуни амал­кунанда ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар матни модда­ҳои дахлдори қонуни амалкунанда калимаҳои «ҳуқуқи истифодаи замин» ба калимаҳои «бо ҳуқуқи бегона намудани он», калимаҳои «замини таъиноти кишоварзӣ» ба калимаҳои «замин бо ҳуқуқи бегона намудани он» иваз карда шудааст.

Ғайр аз ин, ба моддаи 8 қонуни амалкунанда қисми нави 3 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки ба ду ва зиёда шахсони воқеӣ барои истифодаи якҷоя (бе ҷудокунии ҳиссаи ҳар як саҳмдор дар қитъаи замини умумӣ) дода шудааст, мумкин аст ҳангоми мавҷудияти розигии хаттии ҳамаи саҳмдорон ба гарав гузошта шавад.

Дар моддаи 12-уми қонуни амал­кунанда пас аз калимаи «иҷора» калимаи «сервитут» илова карда шудааст, ки мутоби­қи он ҳангоми бастани шартномаи ипотека гаравдеҳ вазифадор аст дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба предмети ипотека (ҳуқуқи гарав, истифодаи якумра, иҷора, сервитут ва дигар ҳуқуқҳо), ки дар лаҳзаи бақайдгирии давлатии ипотека ба ӯ маълум аст, дар шакли хаттӣ гаравгирро огоҳ намояд.

Ҳамчунин дар моддаи 13-уми қонуни амалкунанда калимаи «қо­нун­гузории» ба калимаҳои «тар­­тиби муайяннамудаи Ҳуку­мати» иваз карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барориш ва гардиши гаравномаҳои ипотека бо тартиби муайяннамудаи Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даро­вар­да мешаванд.

Ба қисми 2 моддаи 33 ҷумлаи дуюм илова карда шудааст, ки тибқи он ҳангоми бори аввал вайрон кардани муҳлати пардохт аз ҷониби гаравгир ба гаравдеҳ огоҳинома фиристонида шуда, дар он таъкид мегардад, ки минбаъд дар муҳлати муқар­раршуда пардохт нагардидани қарз, шартномаи ипотека вайрон­карда ҳисобида шуда, маблағи қарз метавонад аз молу мулки ба гарав гузошташуда ситонида шавад.

Инчунин ба моддаи мазкур қисми нави 5 илова карда шуда­аст, ки мутобиқи он гарав­гир дар муҳлати на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ то ситонидани маблағи қарз аз молу мулки ба гарав гузошташуда бояд ба гаравдеҳ дар бораи иҷро накардани уҳда­дориҳояш аз рӯйи шартномаи ипотека бо зикри номгуйи уҳда­дориҳои иҷронашуда, огоҳино­маи хаттӣ пешниҳод намояд.

Мувофиқи тағйироте, ки ба қисми 1 моддаи 45 ворид карда шудааст, минбаъд гарави ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин нис­бат ба қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо бе ҳуқуқи бегона намудани он ба даст оварда шудааст, манъ мегардад. Танҳо ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мумкин аст ба гарав гузошта шавад.

Ҳамзамон вобаста ба тағйи­роти ба қисми 1 моддаи 45 воридгардида қисмҳои 4 ва 5 моддаи 45 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ипотека» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» шуруъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Қонун аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 16, 21 ва 23-юми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла ба қисми дуюми моддаи 16-уми қонуни амалкунанда баъд аз калимаи «шартҳо» калимаҳои «, муҳлат, додани нусхаҳо» илова шудааст, ки тибқи он минбаъд тартиби шартҳо, муҳлат, додани нусхаҳо ва хусусиятҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электрониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ҳамчунин бо мақсади муто­биқсозии қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба моддаҳои 21 ва 23 тағйирот ворид карда шудааст.Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

Раис:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» шуруъ мена­моем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис,  муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Мира­лиев ва М.Шабозов пешни­ҳод гардида, он­­ро Маҷлиси намоян­да­гони Маҷ­ли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷики­с­тон 22 майи соли 2013 қабул наму­да­аст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ин асос мукаммал гардони­дани заминаҳои ҳуқуқии фаъ­оли­яти соҳаи оморӣ ва пешбу­рди баҳисобгирии омори рас­мӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он бо мақсади ба талаботи қонунгу­зории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ намудан, ба якчанд моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла номи қонун бо ҳарфҳои калон навишта шуда, бо мақсади мувофиқ гардо­нидани матни тоҷикии сархати нуздаҳуми моддаи 2-юми қонуни амалкунанда, ки мафҳуми «ба­рӯй­хатгирӣ»-ро дар бар меги­рад, бо матни русии қонуни амалкунанда мувофиқ гардо­ни­да шуд.

Инчунин бо мақсади пурра ва мукаммал гардонидани ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор, дар моддаи 8-уми қонуни амалкунанда сархати нави ёздаҳум, ки мувофиқи он амалӣ намудани дигар ҳуқуқ­ҳоеро, ки қонунгу­зо­рии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон муқар­рар намудааст, илова карда шуда­аст.

Ҳамзамон матни якчанд қисмҳо ва сархатҳо ва номи боби 3-юми қонуни амалкунанда аз ҷиҳати услубии забон ва мутобиқатии дохилӣ мавриди таҳрир қарор дода шудааст.

Моддаи 2 тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро пас аз интишори расмӣ муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намо­ед.

Лоиҳаи қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ба овоз ­мо­нда, Қарор  қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мебо­шад. Мар­ҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузо­рии ҷории ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Қонуни мазкур аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он қисми 4 моддаи 14, ки мутобиқи он роҳбари ташкилоти минта­қавии бақайдгирии давлатиро бо пешниҳоди роҳбари ташки­лоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ роҳбари мақоми махсу­си ваколатдори давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамуд, хориҷ карда шудааст.

Ғайр аз ин, мувофиқи ин тағйирот, ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 16-уми қонуни амалкунанда, ки тибқи он бақайдгирандаи ташкилоти минтақавии бақайд­гирии давлатӣ аз тарафи роҳ­бари ташкилоти ҷумҳурия­вии бақайд­гирии давлатӣ бо пешни­ҳоди роҳбари ташкилоти мин­тақавии бақайдгирии давла­тӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешуд, хориҷ карда шудааст.

Мувофиқи ин тағйирот, роҳ­бари ташкилоти минтақа­вии бақайд­гирии давлатӣ ва бақайд­гиран­даи ташки­лоти минтақавии бақайд­гирии дав­латӣ минбаъд аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 2 тартиби мавриди амал қарор додани қонуни маз­кур­ро пас аз интишори расмӣ муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

Раис:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» шуруъ мена­моем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон «Дар бораи энергетика» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷони­би узви Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Асоев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намоян­д­а­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон 29 майи соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил до­дан, мукаммал сохтан ва муто­биқ намудани қонуни амал­кунан­да бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни онҳо қабул гардида, қисмҳои 1, 2, 4, 7 ва 13-уми  қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ гардо­ни­да шудааст.

Ғайр аз ин, моддаи 17-уми  қонуни амалкунанда дар таҳри­ри нав ифо­да гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд истифо­даи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қо­ну­н­­гузории Ҷумҳу­рии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон мутобиқи қону­ни мазкур матни моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда аз ҷиҳати услуби забон ва мутобиқати дохилӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» муво­фиқ гардонида шудааст.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»  ба овоз ­мо­нда, Қарор қабул шуд.

Раис:- Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои авто­мобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мебо­шад. Мар­ҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо истифода аз ҳуқу­қи ташаббуси  қонунгузорӣ аз ҷони­би Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардони­дани он бо қонунгу­зо­рии ҷории ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат мебошад.

Бо мақсади такмилдиҳии меъёрҳои қонуни амалкунанда ва ба танзим даровардани тартиб ва асосҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони идора ва корхонаҳои соҳаи нақлиёт ва роҳдорӣ дар маҳалҳо, ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 18-уми қонуни амалкунанда хориҷ карда шуда­аст.

Моддаи 2 тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро пас аз интишори расмӣ муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: -  Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ мена­моем.  Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешни­ҳод гарди­да, онро Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  19 июни соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додани қонунгузории Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла такмили меъерҳои қонуни амалкунанда ва мушаххас гардонидани доираи салоҳияти мақомоти давлатӣ – Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидааст.

Ба қисми 2 моддаи 1-уми қонуни амалкунанда сархати нави ҳафт­ум илова шудааст, ки мувофиқи ин илова минбаъд, доираи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷ­и­ши фаъоли­яти субъектҳои хоҷаги­дор» нисбати санҷишҳое, ки аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷум­ҳурии Тоҷикистон гузарони­да мешавад, татбиқ намегардад.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, Куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз ­мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»  шуруъ мена­моем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои  аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳ­мадов Давлатшо Қурбоналиевич дода меша­вад. Марҳамат.

DSC_1693Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон С.Ёқубзод, О.Сафаров, М.Ҳисориев ва Р.Латипов  пешниҳод гардида, онро Маҷласи намояндагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагидории биологиро муқаррар намуда, ба истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологӣ равона карда шуда, инчунин бо мақсади фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои соҳибкории истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати рақобатпазир наму­дани маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ба талаботи Созмони Умуми­ҷаҳо­нии Савдо қабул гардида­аст.

Қонун аз 5 боб ва 15 модда иборат буда, дар боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, вазифаҳо, принсипҳои асосии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ ва танзими раванди истеҳсолоти биологӣ мушаххас дарҷ гардидаанд.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷа­ги­дорӣ ва истеҳсолоти биологӣ, сер­­­ти­фикат­сия ва шартҳои истеҳсо­лоти маҳсулоти биологӣ, растаниҳои худ­рӯй ва меваи онҳо дар соҳаи хоҷаги­дорӣ ва истеҳсоли биологиро бобҳои 2 ва 3 ба танзим медарорад.

Дар бобҳои 4 ва 5 қоидаҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсу­лоти биологӣ, воридот ва содирот, қоидаҳои тамғагузорӣ намудани маҳ­су­лоти биологӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонун пурра дарҷ гардида­аст.

Бо назардошти ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қо­нун­ҳои амал­ку­нан­да ва санадҳои ҳу­қуқии бай­нал­­милалии эътирофкардаи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кис­тон мутобиқ будани қонуни маз­кур, Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»  мебошад. Марҳамат, Давлатшо Қурбоналиевич.

Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 5 июни соли 2013 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ равона гарди­да­аст.

Қонун аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, дар боби 1 мафҳумҳои асосии қонун­гузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, принсипҳои сиёсати давлатӣ ва маблағгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дарҷ гарди­да­­аст.

Боби 2 танзими давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоакти­виро дар бар гирифта, дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ваколатҳои мақоми ваколат­дори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот пурра инъикос ёфтааст.

Дар боби 3 уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муносибатҳои мута­қобилаи корхонаҳои махсус­гардони­да бо истеҳсол-кунанда­гон ва мақо­моти иҷроияи маҳаллии ҳокимия­ти давлатӣ, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дарҷ гарди­да­аст.

Бақайдгирии давлатӣ, феҳристи давлатӣ, кадастри давлатии маҳфуз­гоҳҳо, тартиби муомилот, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоак­тивӣ, интиқол ва истифода­барии маҳфузгоҳҳо, солимгардонии минта­қаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлос­гашта, иҷозатдиҳии фаъ­оли­ят оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ  дар бобҳои 4 ва 5 нишон дода шудааст.

Боби 6 тартиби ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани объект, қабули қарор оид ба гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯйӣ барои ҷойгиркунии объект, сохтмон ва ба истифода додани маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партов­ҳои радиоактивӣ пешбинишу­даро дар бар мегирад.

Реҷаи махсуси минтақаҳои барои маҳфузгоҳҳои партовҳои радио­активӣ пешбини­гар­ди­да, ҷудо кардани қитъаҳои замин, намудҳои фаъолияте, ки дар минтақаи барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ҷудогардида манъ карда шудаанд, дар боби 7 нишон дода шудааст.

Бобҳои 8 ва 9 кафолатҳои иҷти­моии давлатӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ барои шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфуз­гоҳҳои партов­ҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбини­гардида зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ҳифзи иҷтимоии корман­доне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд, ҳамкории байнал­милалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро дар бар мегиранд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қо­нун­ҳои амал­ку­нан­да ва санадҳои ҳу­қуқии бай­нал­­милалии эътирофкардаи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кис­тон мутобиқ буда, Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ мена­моем. Марҳамат, Давлатшо Қурбоналиевич.

Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  С.Ёқуб­зод, О.Сафаров, М.Ҳисориев, М.Каримов ва С.Гулов пешни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 2013 қабул намудааст.

Қонун муносибатҳои ҷамъи­ятиро оид ба минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо, нигоҳ доштан, самарабахш ва оқилона исти­фода бурдани захираҳои табиӣ равона гардидааст.

Қонуни мазкур аз 3 боб ва 15 модда иборат буда, дар боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ ва принсипҳои асосии он, вазифаҳои қонуни мазкур, ҳудуд­ҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ пурра дарҷ гардидааст.

Субъектҳои танзими давла­тии рушди минтақаҳои кӯҳӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколат­ҳои мақо­мо­ти иҷроияи маҳал­лии ҳоки­мияти давлатӣ, ҳадафҳои танзи­ми давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ, манбаъҳои маблағгузории чора­би­ниҳои рушди минтақа­ҳои кӯҳӣ ва истифодабарии захира­ҳои табиӣ дар минта­қаҳои кӯҳӣ таври мушаххас дар боби 2 нишон дода шуда­аст.

Ҳам­ко­риҳои байналмилалӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро боби 3 ба танзим медарорад.

Бо назардошти ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қо­нун­ҳои амал-кунан­да ва санадҳои ҳу­қуқии бай­нал­­милалии эътирофкардаи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кис­тон мутобиқ будани қонуни маз­кур, Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз ­мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷ­ти­моӣ, ҳиф­зи сиҳатӣ, илм, маориф, фар­ҳанг ва сиё­сати байни ҷавонону занон дар ҷо­меа  муҳ­та­рам Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич дода меша­вад. Мар­ҳамат.

DSC_1360Убайдулло ҚУРБОНОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур ин, пеш аз ҳама, таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани дониши таълимгирандагон ва омодагӣ барои гузариш ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ  мебошад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян намуда, аз 8 боб ва 69 модда таркиб ёфтааст.

Боби 1 аз ҳашт модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, сиёсати давлатӣ ва принсипҳои  асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, вазифаҳои қонуни мазкур, кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил,  забони таҳсил ва стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ пурра шарҳ дода шудаанд.

Боби 2 аз ҳабдаҳ модда иборат буда, сохтори низоми маориф, муассисаи таълимӣ, сохтор ва намудҳои он, таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ, тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ, муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ, оинномаи муассисаи таълимӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва ташкили раванди таълиму тарбияро ба танзим медарорад.

Боби 3 аз панҷ модда иборат буда, дар он мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф, идоракунии сифати таҳсилот, назорати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ва баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ пешбинӣ гардидаанд.

Боби 4 аз дувоздаҳ модда иборат буда, салоҳияту ваколатҳо ва вазифаҳои мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маорифро пешбинӣ менамояд.

Боби 5 аз дувоздаҳ модда иборат буда, дар он ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия, мақоми омӯзгор, стипендия ва дигар пардохтҳои пулӣ нишон дода шудааст.

Боби 6 аз даҳ модда иборат буда, фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, андозбандӣ дар соҳаи маориф, ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ, ҷуброни зарари аз таҳсилоти бесифат расондашуда, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон, фондҳои соҳаи маориф, эҳсонкорӣ дар соҳаи маориф, ҳифзи саломатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ дар соҳаи маорифро муайян менамояд.

Боби 7 аз ду модда иборат буда, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро танзим менамояд.

Боби 8 аз се модда иборат буда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни амалкунанда ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни пешниҳодгардидаро пешбинӣ менамояд.

Аз ин рӯ, қабули қонуни мазкур дар самти дастгирии ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон аз ҷониби давлат ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ва баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа,  замина мегузорад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷиҳати ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда розигии худро диҳед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» мебошад. Мар­ҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ Шодихон  Гулаёзов ва вакили Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013  қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз 1 августи соли 2003 амал  менамояд.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда ин, пеш аз ҳама, истифодаи дурусти мафҳумҳои соҳавӣ ва мутобиқнамоии он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар қонуни мазкур ба муқаддима ва моддаҳои 1, 3, 31, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 18 ва 19 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Бо мақсади мукаммал намудани моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати шаш дар таҳрир ифода карда шуда, мафҳуми муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии варзишӣ, ки фарогири мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон, варзишгоҳҳои кӯдакона, муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ ва марказҳои омодагии олимпӣ мебошад, шарҳ дода шудааст.

Инчунин тибқи тағйироти пешниҳодгардида моддаи 141, номи боби 3, ном ва қисми 2 моддаи 15 ва моддаҳои 16, 17  дар таҳрири нав ифода гардидаанд, ки дар он талабот ва  таъминоти  тиббӣ дар соҳаи  варзиши кӯдакон ва наврасон, манбаъҳои маблағгузории муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, фаъолияти муздноки муассисаҳои давлатии  варзишии  кӯдакон ва наврасон ва заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон пурра шарҳ дода шудаанд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонуни мазкур ҷонибдорӣ  карда  шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» шуруъ мена­моем. Мар­ҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова ва Низом Қосим пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрели соли 2013  қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» аз 1 августи соли 2003 амал намуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳоеро, ки байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба миён меоянд, ба танзим медарорад.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда ин, пеш аз ҳама, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин кафолати озоди эҷодкорӣ ва таҳқиқоти илмӣ баҳри рушди соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва мутобиқнамоии он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар  қонуни мазкур ба моддаҳои  1, 2, 4, 5, 13, 14 ва 16 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо характери муайянкунан­да ва мутобиқ­кунанда дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд.

Ҳамзамон бо мақсади мукаммал намудани моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои  якум ва чорум дар таҳрири нав ифода гардида, зимнан аз номи моддаҳои 17 ва 18 калимаҳои «бо мамлакатҳои хориҷӣ» ва «миллии» хориҷ карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонун ҷонибдорӣ  карда  шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.  

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» мебошад. Мар­ҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва Акрамшо Фелалиев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013  қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 21 майи соли 1998 амал  намуда, муносибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни субъектҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ин, пеш аз ҳама, такмили  қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дар қонуни мазкур ба ном ва моддаҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 13, 19, 21, инчунин дар номи боби 7 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Инчунин вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба моддаҳои 2 ва 3-юми қонуни амалкунанда сархатҳои нав илова гардидаанд, ки дар онҳо мафҳуми субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионии субъектҳои илмӣ ва илмию техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем барои ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда розигии худро диҳед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» шуруъ мена­моем. Мар­ҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ:Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова ва Низом Қосим пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013  қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» аз 21 майи соли 2003 амал  менамояд.

Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.

Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Дар қонуни мазкур ба ном ва моддаҳои 1, 4, 5, 6, 7, 9, 11, 12, 14, 15, 151, 16, 18, 23, 251 , инчунин дар номи бобҳои 8 ва 10 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба моддаҳои 1,7, 12, 15, 151, 16 ва 18- уми қонуни амалкунанда бо мақсади такмили минбаъдаи он қисмҳо ва сархатҳои нав дар хусуси мафҳуми фонди китобхона ва китобҳои нодир, ҳуқуқи истифодабарандагон бобати интихоби озодонаи китобхона ва як қатор салоҳияту ваколатҳо ва вазифаҳои мақомотҳо илова карда шудааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонун ҷонибдорӣ  карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» мебошад. Мар­ҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2013  қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз 15 майи соли 1997 амал  намуда, муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилотҳою иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳоро, қатъи назар аз шакли моликияташон, дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва танзим мекунад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида аз қисми дуюми моддаи 5-уми қонуни амалкунанда ҷумлаи дуюм хориҷ карда шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани тағйироти мазкур ин, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонун ҷонибдорӣ  карда шавад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» шуруъ мена­моем. Мар­ҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.

Убайдулло ҚУРБОНОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2013  қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» аз 8 декабри соли 2003 амал  намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва  тадбирҳои вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида моддаи 48-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур ин, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Минбаъд, мутобиқи тағйироти зикргардида, ваколати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардухтурони давлатии санитарии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба уҳдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем барои ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда розигии худро диҳед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳанг­со­­зии фаъ­олияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­моян­да­гон, ҳокимияти иҷроия, ит­тиҳодия­ҳои ҷамъ­­­иятӣ, воситаҳои  ахбори ом­ма ва ро­би­­та­ҳои байнипарламентӣ муҳтарам Илолов Мамадшо дода меша­вад. Мар­ҳа­мат.

ИлоловМамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Назира Ғафорова, Азизмат Имомов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2013 қабул намуд.

Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул шуда, дар маҷмуъ ба 23 моддаи қонун тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Мувофиқи иловаи воридшуда ба моддаи 6 минбаъд дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар субъектони иштироккунанда раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад ширкат намояд.

Дар моддаи 7-уми қонуни конститутсионии амалкунанда ҳолатҳои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар шуда, дар он ҳолати ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон сарфи назар шуда буд, ки мувофиқи иловаи нави воридшуда ба моддаи 7 ин норасоӣ бартараф гашт, яъне пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни конститутсионии мазкур ҳангоми ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон ваколати ӯ қатъ мегардад.

Ҳамчунин қисми 2 моддаи 54 мушаххасан дар таҳрири нав ифода карда шуда, мувофиқи он ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистион, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ мешавад.

Ба қонун дигар тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Кумита лозим мешуморад, ки Қонуни конститутсионии мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷ­ли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид наму­да­ни тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мебошад. Марҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 2013 қабул намуд.

Мақсади қабули қонуни конститутсионии мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷдиди назар намудани дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти онҳо, инчунин бартараф намудани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар самти фаъолияти сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ иборат мебошад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амалии принсипи демократии баробарии ҳама дар назди қонун қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 15-уми қонуни амалкунанда, ки ба дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди дахлдор марбут буданд, хориҷ карда шудааст.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки бо ворид намудани ин тағйирот ҳимояи ҳуқуқии онҳо пурра барҳам нахӯрда, тартиби амалишавии ин муқаррарот тарзи дигарро мегирад. Ин меъёр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи  ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» муайян карда шудааст.

Инчунин ба Қонуни конститутсионии мазкур модаи 201 илова карда шудааст, ки тибқи он роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамзамон роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии  ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии  ҳокимияти давлатӣ бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, инчунин судяҳо, прокурорҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо тартиби дигарро муайян намудааст, татбиқ намегардад.

Кумита лозим мешуморад, ки қонуни конститутсионии мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ мена­моем. Марҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Амирхон Сафаров, Акрамшо Фелалиев ва Мақсуда Саматова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, тибқи тағйиру иловаҳои воридгардида, номи қонун ва бобҳои он бо ҳарфҳои калон навишта шуда, бобҳо бо рақамҳои арабӣ ифода шудааст.

Ҷиҳати боз ҳам оммафаҳм шудани қонуни мазкур як қатор сархатҳои моддаҳо якҷоя карда шуданд.

Дар сархати дуюми моддаи 9 ва сархати сеюми моддаи 25 калимаҳои «бо мувофиқаи мақомоти марбутаи давлатӣ» ва «бо мақомоти дахлдори давлатӣ» ба калимаҳои «дар мувофиқа бо дигар мақомоти давлатӣ» иваз карда шуданд.

Дар сархати сеюми моддаи 9-уми қонуни мазкур ба ҷойи калимаҳои «ё тарҷумаи расмии он» ба калимаҳои «ва тарҷумаи расмии он» иваз карда шуданд.

Яъне, мувофиқи ин тағйирот шартномаҳои байналмилалӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки дар моддаи 9–уми қонуни амалкунанда нишон дода шудаанд, бояд бо тарҷумаи расмӣ пешниҳод шаванд.

Бояд зикр намуд, ки бори аввал қонуни зикргардида  8 ноябри соли 2012 қабул шуда буд. Бо назардошти ҷой доштани баъзе камбудию норасоиҳои хусусияти муайянкунанда ва таҳриридошта қонуни мазкур аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ наёфта буд ва барои баррасии иловагӣ ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шуд.

Ҳангоми баррасии такрорӣ ҳама камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ шуда, матни қонун такмил ёфт.

Ҳамчунин ба қонуни мазкур дигар тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Кумита лозим мешуморад, ки қонуни мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» пешниҳод карда мешавад. Мар­ҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» соли 1996 қабул гардида, фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.

Қонуни зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади таҳия ва қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама,  мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тибқи тағйироти воридшуда номи қонун ва бобҳои он бо ҳарфҳои калон навишта шуда, бобҳои қонун бо рақамҳои арабӣ ифода ёфтанд ва пас аз рақами бобҳо аломати нуқта гузошта шудааст.

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба моддаҳои 51, 13, 16, 17, 18, 27 ва 34 калимаҳои «Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо тағйироти воридшуда дар моддаи 16 калимаҳои «Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуданд, ки ин ифодаи номи дурусти мақом мебошад.

Ҳамчунин ба қонун дигар тағйиротҳо ворид карда шудааст, ки онҳо аз мутобиқ намудани қонун ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат буда, характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Кумита лозим мешуморад, ки қонуни мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзнома– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» пешниҳод карда мешавад. Мар­ҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷдиди назар намудани муқаррароти қонун дар самти дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иборат мебошад.

Мувофиқи тағйироти воридшуда моддаҳои 21 ва 23 аз қонун хориҷ карда шуда, моддаи 22 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки тибқи он парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурори шаҳр, ноҳия оғоз карда мешаванд.

Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, ҳабси молу мулк, ҳабси муросилот, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди вилоят, шаҳри Душанбе ,бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ворид намудани ин тағйирот на ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва на ҳама шахсони мансабдори онҳо метавонанд нисбати вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намоянд ва ё дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ва тадбирҳое, ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд мекунанд, амалӣ намоянд, зеро минбаъд ин амалҳо бо қарори прокурорҳо ва судҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Яъне, вазъи ҳимояи ҳуқуқии онҳо пурра барҳам нахӯрда, тартиби амалишавии ин меъёр тарзи дигарро мегирад.

Кумита лозим мешуморад, ки қонуни мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  шуруъ мена­моем. Мар­ҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2013 қабул намудааст.

Мақсад аз ворид намудани илова ба моддаи 6-уми қонуни мазкур ин мутобиқгардонии муқаррароти қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, вазъи ҳуқуқии аъзо ва кормандони Дастгоҳи Палатаи ҳисобро муайян мекунад.

Кумита лозим мешуморад, ки қонуни мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзнома– лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Зафаробод, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд»  пешниҳод карда мешавад. Мар­ҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Зафаробод», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ашт» ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар маҷмуъ пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Зафаробод номи як шаҳрак ва се деҳа, дар ноҳияи Ашт номи як деҳот ва ҳашт деҳа, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи 13 деҳа тағйир дода шаванд.

Зарурати тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, нишони арҷгузорӣ ва пос доштани хотираи неки ниёгони бузург ва шахсони муътабари диёр, тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу фардо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.

Пешниҳодот доир ба тағйир додани номи  шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, Маҷлисҳои ҷамоатҳо, Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.

Пешниҳодоти мазкур мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгуйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита лозим мешуморад, ки пешниҳодоти мазкур қобили дастгирист ва онро барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Зафаробод, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзнома– лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиликӯл, Хуросон ва Темурмалики вилояти Хатлон»  пешниҳод карда мешавад. Мар­ҳамат, Мамадшо Илолович.

Мамадшо ИЛОЛОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи мо пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шӯрообод», «Оид ба тағйир додани номи деҳаи ба номи Куйбишев ба деҳаи ба номи Асроҷ Раҷабови деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Ҷиликӯл», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Хуросон» ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Темурмалик» дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Тибқи пешниҳодоти мазкур таклиф ба миён гузошта шудааст, ки дар ноҳияи Шӯрообод номи ду деҳа, дар ноҳияи Ҷиликӯл як деҳа, дар ноҳияи Хуросон номи як деҳот ва 27 деҳа, дар ноҳияи Темурмалик номи як деҳот ва се деҳа тағйир дода шаванд.

Зарурати тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, нишони арҷгузорӣ ва пос доштани хотираи неки ниёгони бузург ва шахсони муътабари диёр, тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу фардо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳот ва деҳаҳо мебошад.

Пешниҳодот доир ба тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, Маҷлисҳои ҷамоатҳо, Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиликӯл, Темурмалик, Хуросон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.

Пешниҳодоти мазкур мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгуйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита лозим мешуморад, ки пешниҳодоти мазкур қобили дастгирист ва онро барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиликӯл, Хуросон ва Темурмалики вилояти Хатлон» ба овоз мон­да, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаҳои навбатии рӯзнома:

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷангибеков Г.»;

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа­мо­ҳанг­созии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­лиси на­мояндагон, ҳокимияти иҷроия, ит­ти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баровардани Ҷангибеков Г.»;

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ кардани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Валиев С.»;

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа­мо­ҳанг­созии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­лиси на­мояндагон, ҳокимияти иҷроия, ит­ти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ баровардани Валиев С.»;

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ кардани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Солихов Б.Т.»;

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баровардани Солихов Б.Т.» таври алоҳида баррасӣ шуда, ҷиҳати тасдиқи онҳо Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

РАИС: - Раиси котибот гуфтание доред? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати чорум бар­расӣ шу­данд. Доир ба тартиби бурдани иҷ­лосия, бар­расӣ намудани масъалаҳо так­лифу эрод­ҳо ҳастанд? Ба раи­сони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ба­рои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷ­лосия ташаккур ме­гӯям.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳайати бонуфузи парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 13 апрели соли 2013 ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иш­ти­рокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кори комиссияҳои дои­мии он, инчунин чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламен­тии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё, Ассамблеяи Пар­ла­мен­тии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар фарҷоми чорабиниҳои номбурда бо пешниҳоди қаблии мо аъзои фаъоли Маҷлиси миллӣ Сатторова Матлубахон Амонҷоновна, Шарипов Садриддин Файзиевич бо медали ҷашнии нуқрагини «МПА СНГ – 20 лет» сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳоло бо иҷозати шумо мукофотҳоро ба онҳо месупорем.

Дар иҷлосияи мазкур  47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 1 Кодекс, 7 Қонуни мукаммал, 39 Қонун бо мақ­­сади такмили қонун­гузории Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ва 7 масъалаҳои марзиву маъмурӣ баррасӣ гардиданд.

Бо ҳамин Иҷлосияи чордаҳуми Маҷ­лиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикис­тон даъ­­вати чорумро пӯшида эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 

 Ҷумъахон Наботов, Абдулмаҷид Муродов,

Аъзам Мусоев, Далер Мерганов, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин Исоев