17 июли соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям. (Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст Котиботи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст, ки тибқи он раиси Котибот Абдуназар Хисрав, аъзои Котибот Қаландарбеков Имомёрбек ва Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз пешниҳод шудаанд.
Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред?
Тибқи пешниҳодатон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоям ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ».
11.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»
23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»
25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»
34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»
35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»
36. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
37. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»
38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»
39. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»
40. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»
41. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
42. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
43. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
44. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
45. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
46. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
47. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе деҳот ва деҳаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯроободи вилояти Хатлон»
48. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод»
49. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
50. Лоиҳаи Қарори Маҷли-си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди воситаҳои техникии радиоалоқа»
51. Лоиҳаи Қарори Маҷли-си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷ.».
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади дар таҳрири нав қабул гардидани қонуни конститутсионии мазкур аз такмили меъёрҳои он ва иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 иборат мебошад.
Қонуни конститутсионии мазкур фарогири 15 боб ва 86 модда мебошад. Боби 1-уми қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, моддаҳои 1 то 6-ро дар бар мегирад, ки он ба мустақилии ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии судяҳо, тартиби баррасии парвандаҳо ва доираи ҳалли парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Бобҳои 2 — 4 аз моддаҳои 7-18 иборат буда, тартиби интихоби Раис, муовини Раис, судяҳои Суди конститутсионӣ ва талабот нисбати онҳо, муҳлати ваколат, савганди судя, мустақилияти судяҳои Суди конститутсионӣ ва дахлнопазирии онҳо, боздоштани ваколат, бозхонд ва истеъфои судя, салоҳияти Раис, муовини Раис ва судя-котиби Суди конститутсиониро таври васеъ муқаррар менамоянд.
Принсипҳои асосии мурофиаи судӣ дар суди конститутсионӣ, иштирокчиёни мурофиаи судӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ва салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобҳои 5 ва 7 (моддаҳои 19-37) пешбинӣ гардидаанд
Бобҳои 8 — 10 фарогири муносибатҳо оид ба тобеияти парвандаҳо ва субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ буда, тартиби оғоз кардани мурофиаи судӣ ва барои баррасӣ омода намудани парванда ва баррасии парвандаро аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Бобҳои зикргардида дар моддаҳои 38 — 54 мушаххас карда шудаанд.
Масъалаҳои қабули санадҳои Суди конститутсионӣ, фикри махсус ва мазмуни қарори суд, қарори иловагӣ ва ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои Суди конститутсионӣ, иҷрои қарор, хулоса ва оқибати иҷро накардани санадҳои судӣ, шарҳи санадҳои суд ва протоколи мурофиаи судӣ, инчунин ҳуқуқи Суди конститутсионӣ ба татбиқи чораҳои ҳимояи мурофиавӣ пурра дар моддаҳои 55 — 66, ки бобҳои 11 ва 12-ро ташкил медиҳанд, муқаррар гардидаанд.
Бобҳои 13 ва 14 масъалаҳои музди меҳнат, кафолатҳои моддӣ ва тадбирҳо доир ба ҳимояи иҷтимоии судяи Суди конститутсионӣ, дараҷаҳои тахассусии судяҳо ва рутбаҳои дараҷавии кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ, рухсатии меҳнатии судя, муҳофизати ҳуқуқи меҳнатӣ ва маблағгузории Суди конститутсионӣ, таъмини нафақа, амният ва ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба Суди конститутсионӣ ва судяҳои он, дастгоҳи суд, либос, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи судяи Суди конститутсионӣ, Шӯрои илмию машваратии назди Суди конститутсионӣ, қароргоҳи доимӣ, рамзҳои давлатӣ, муҳр ва нашрияи расмии Суди конститутсионро фарогир буда, дар моддаҳои 67 — 76 ифодаи худро ёфтаанд.
Дар боби 15 «Муқаррароти хотимавӣ» ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни конститутсионии мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни конститутсионии амалкунанда ва мавриди амал қарор додани қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст.
Қонуни конститутсионии зикршуда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни конститутсионии мазкур аз таъмини иҷрои банди 10-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кодексҳои амалкунандаи мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат мебошад.
Қонуни конститутсионии пешниҳодгардида аз 13 боб ва 138 модда иборат буда, боби 1 «Муқаррароти умумӣ» моддаҳои аз 1 то 11-ро дар бар мегирад.
Боби 2 интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяро ба танзим дароварда, аз моддаҳои аз 12-20 иборат мебошад.
Бобҳои 3 ва 4 меъёрҳоро оид ба ҳайат, фаъолият, салоҳият ва сохтори Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ муқаррар намуда, мутаносибан аз моддаҳои 21-43 ва 44-57 иборатанд.
Дар боби 5 (моддаҳои 58-69) судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 6 (моддаҳои 70-79) Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, боби 7 (моддаҳои 80-85) судҳои шаҳр ва ноҳия, боби 8 (моддаҳои 86-90) Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе масъалаҳои марбут ба ҳайат, сохтор, ваколати судҳои зикргардида, салоҳияти раисон, муовинони якум ва муовинони раис, судяҳои ин судҳо нишон дода шудаанд.
Боби 9 «Коргузорӣ дар судҳо» номгузорӣ шуда, моддаҳои аз 91 то 98-ро дар бар гирифта, масъалаҳои сохтор ва вазифаҳои дастгоҳи судҳо, омори судӣ, санҷиши фаъолияи судҳо, бойгонии судҳо ва нашрияҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро ба танзим медарорад.
Боби 10 (Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) моддаҳои 99 — 110-ро дар бар гирифта, мақсад ва тартиби таъсис, салоҳият, сохтор, салоҳияти роҳбарият, дастгоҳ, комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии коромӯз-судя ва Маркази таълимии судяҳо, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Шӯрои адлия, дастгоҳи он, Маркази таълимии судяҳо, судҳо ва дастгоҳи онҳоро муайян мекунад.
Боби 11 «Коллегияҳои тахассусӣ ва санҷиши тахассусии судяҳо» аз моддаҳои 111-122 иборат буда, ба масъалаҳои таъсис, салоҳият, ҳайат, тартиби кори коллегияҳои тахассусии судяҳо, дараҷаи тахассусии судяҳо ва таъмини моддӣ-техникии фаъолияти коллегияҳои тахассусӣ бахшида шудааст.
Дар боби 12 (моддаҳои 123-127) ҷавобгарии интизомии судяҳо, асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, татбиқ ва бардоштани ҷазои интизомӣ муқаррар гардидаанд.
Маблағгузории судҳо, таъмини моддӣ-техникӣ ва ҳимояи иҷтимоии судяҳо дар боби 13 (моддаҳои 128 — 132) ҷой дода шудааст.
Боби 14 «Муқаррароти хотимавӣ» моддаҳои аз 133 то 138-ро дар бар мегирад, ки он танзимкунандаи муҳр, рамзҳои давлатӣ, қароргоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инчунин ҷавобгариро барои риоя накардани муқаррароти қонуни конститутсионии мазкур ва тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни конститутсионии амалкунанда ва мавриди амал қарор додани онро муайян менамояд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии конститутсионии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»- ро баррасӣ намуд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули ин қонуни конститутсионӣ такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунҳо мебошад.
Ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар матни моддаи 4- уми қонуни конститутсионии номбурда калимаҳои «савдои яроқ» ва «яроқ» мутаносибан ба калимаҳои «гардиши силоҳ» ва «силоҳ» иваз карда, як қатор моддаҳои дахлдори қонуни конститутсионии мазкур такмил дода шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 майи соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад мазмуни меъёри қисми дахлдори моддаи 48-и Кодекси ҷиноятӣ, ки танзимкунандаи ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ мебошад, мушаххас гардонида шуда, ҳамзамон ба Кодекс моддаҳои 1521 ва 4011 илова карда шудааст, ки мувофиқи он барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, инчунин ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда вобаста ба характери ба ҷамъият хавфноки кирдор муқаррар карда шудааст.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммал ва мутобиқнамоии меъёрҳои дохилии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррар намудани ҷавобгарӣ дар самти роҳ надодан бо тарзу усулҳои ғайриқонунии ба даст овардани молу мулк ва истифодаи моддаҳои оташзананда иборат мебошад.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида меъёри қисми дахлдори моддаи 57-и Кодекси ҷиноятӣ, ки танзимкунандаи мусодираи молу мулк мебошад, мушаххас гардонида шуда, ҳамзамон ба Кодекс моддаи 1952 илова шудааст, ки мувофиқи он барои истеҳсол, тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, фиристодан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштани моддаҳои оташзананда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан мувофиқ карда шудаанд, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда вобаста ба характери ба ҷамъият хавфнокии кирдор муқаррар карда шудааст.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон М.Кенҷаева пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз бартараф намудани номутобиқатӣ байни санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида сархати сеюми моддаи 249, боби 26, моддаҳои 264, 265 ва 266 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи парвандаҳо дар хусуси мавриди баҳс қарор додани қарорҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки ваколатдоранд парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намоянд, бинобар дар дигар санади қонунгузорӣ дарҷ гардиданашон хориҷ карда шудаанд. Кумита нисбати қонуни зикргардида эрод надорад.
Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:-Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои низоми вазъияти фавқулодда иборат мебошад.
Бо ин мақсад меъёри моддаи 471 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мушаххас гардонида шуда, ҳамзамон ба Кодекс моддаи нав -моддаи 4711 илова шудааст, ки танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулодда мебошад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи қонунгузории мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ иборат мебошад. Бо ин мақсад ба Кодекс моддаҳои 5272, 5273 ва 5274 илова карда шудааст.
Қонун ба талаботи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас намудани масъалаҳои тобеияти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд иборат мебошад.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллӣ Қ. Расулзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон А. Миралиев, Н. Ғафорова ва А. Азимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади дар таҳрири нав қабул намудани қонуни зикргардида такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва ба танзим даровардани доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи сирри давлатӣ мебошад.
Қонуни баррасишаванда аз 10 боб ва 56 модда иборат аст.
Дар қонуни мазкур боби 1 ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, моддаҳои 1 — 5-ро дар бар мегирад. Дар ин боб мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, ҳуқуқи моликият ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ, мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ ва доираи амали он пешбинӣ шудааст.
Боби 2 (моддаҳои 6-12) салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таври васеъ муқаррар менамояд.
Боби 3 моддаҳои аз 13 то 19 — ро дар бар гирифта, маълумот дар соҳаҳои ҳарбӣ, вазъияти фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, иқтисод, молия, саноат, илму техника, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷӣ, инчунин маълумот дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолият, ки ба сирри давлатӣ мансубанд, муайян намуда, тартиби ба сирри даватӣ мансуб донистани чунин маълумотро ба танзим даровардааст.
Бобҳои 4 ва 5 ҳалли масъалаҳои махфигардонӣ, ғайримахфигардонии маълумот ва ҳомили онҳоро, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, дар бар мегирад. Дар моддаҳои 20 — 28 принсипҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, номгӯйи маълумоте, ки махфигардонӣ намешаванд, дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва муҳри махфияти ҳомилҳои ин маълумот, инчунин ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои он вобаста ба махфигардонии онҳо, тартиб ва муҳлатҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо ва навиштаҷоти ҳатмии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ буда, ҳамзамон асосҳои ғайримахфигардонии маълумот ва тартиби ғайримахфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ, баррасии дархости шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро оид ба ғайримахфигардонии маълумот муайян ва ба танзим дароварда шудааст.
Дар бобҳои аз 6 то 9, ки моддаҳои 29 — 52 — ро дар бар мегиранд, муносибатҳо дар самти ихтиёрдорӣ ва ҳифзи маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва назорати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ муайян карда шудааст.
Боби 10 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, тартиби аз эътибор соқит донистани қонунҳои амалкунанда дар ин соҳа, ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур ва мавриди амал қарор додани онро муайян менамояд.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Хоҳишмандам, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»- ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои банди 18 Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва таъмини иҷрои Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо савдои одамон барои солҳои 2014- 2018 қабул гардидааст.
Қонуни пешниҳодгардида аз 9 боб ва 48 модда иборат мебошад. Боби 1, ки «Муқаррароти умумӣ» ном дорад, моддаҳои 1-4-ро дар бар мегирад. Дар он мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ ва сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон пешбинӣ шудааст.
Бобҳои 2 ва 3 мутаносибан ба «Асосҳои ташкилии муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ва «Асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон» бахшида шуда, моддаҳои 5 — 25-ро дар бар мегирад.
«Расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», ки боби 4- уми қонунро фаро гирифтааст, аз моддаҳои 26 то 31 иборат мебошад. Муқаррароти он мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ва амсоли инҳоро муайян менамояд.
Дар боби 5 хусусиятҳои мақоми ҳуқуқии кӯдакон-қурбониёни савдои одамон ва тартиби хабар додан дар бораи ин гуна кӯдаконро дар бар мегирад.
Ташкили механизми татбиқи чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамон, сиёсати иттилоотӣ ва таълимии давлат дар ин самтро боби 6- уми қонуни зикргардида ба танзим даровардааст.
Дар қонуни мазкур ба «Ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон» боби 7 бахшида шудааст, ки моддаҳои 40 ва 41 фарогири ин масъала мебошанд.
Моддаҳои 42-45 «Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон»-ро муқаррар карда, дар боби 8 ифодаи худро ёфтааст.
Муайян кардани ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни амалкунанда дар ин соҳа ва мавриди амал қарор додани он дар боби 9, ки «Муқаррароти хотимавӣ» ном дорад, пешбинӣ гардидааст.
Қонуни баррасишаванда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон А.Азимов, С.Холов ва А.Иномов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур муқаррар намудани намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ин ҳуҷҷатҳо мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» аз 5 боб ва 36 модда иборат мебошад.
Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» номгузорӣ шуда, моддаҳои 1-6-ро дар бар мегирад.
«Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», ки боби 2-ро фаро гирифтааст, аз моддаҳои 7-10 иборат аст.
Дар боби 3 аз моддаҳои 11 то 25 масъалаҳои намудҳои ин ҳуҷҷатҳо, талабот ба онҳо, асосҳои додан, барқарорсозӣ, беэътибор донистан, иваз ва супоридани ҳуҷҷатҳо, инчунин гирифтан ва истифодаи чунин ҳуҷҷатҳо танзими худро ёфтаанд.
Боби 4 «Асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва муҳлати додани онҳо» буда, дар моддаҳои 26-32 инъикос ёфтааст.
Боби 5 ба «Муқаррароти хотимавӣ» бахшида шуда, аз моддаҳои 33-36 иборат мебошад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:-Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» -ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни пешниҳодшуда такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқсозӣ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ ва талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: -Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ ва ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифзи манбаи иттилоотӣ ва таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ иборат мебошад.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида як қатор меъёрҳои қонуни амалкунанда таҷдиди назар шудаанд, ки мувофиқи он вазифа ва шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ васеъ гардонида шуда, ҳамзамон як қатор моддаҳои он такмил дода шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Кумита нисбати қонун эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Б. Худоёрзода ва А. Тавакалов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ дар самти иваз намудани маблағҳои муқарраргардида ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки зимни пардохти боҷи давлатӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ истифода мегарданд, иборат мебошад.
Тағйироти воридгардидаи қисми 1-уми моддаи 6 характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад, ба монанди рақамҳо ва калимаи «14 000 сомонӣ» ба рақамҳо ва калимаҳои «350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо», рақамҳо ва калимаи «500 000 сомонӣ» ба рақамҳо ва калимаҳои «12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шудаанд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 майи соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба қисми 1-уми моддаи 11-уми қонуни амалкунанда банди дахлдор, ки танзимкунандаи дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки ба вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста мебошад, илова шудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 майи соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Тағйироти пешниҳодгардида баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» нигаронида шуда, бо ин мақсад дар сархат ва қисмҳои дахлдори моддаҳои 7, 11 ва 15-уми қонуни зикргардида калимаҳои «яроқро» ва «яроқу аслиҳа» ба калимаҳои «силоҳро» ва «силоҳу лавозимоти ҷангӣ» иваз карда шудаанд.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқнамоии меъёрҳои он ба муқаррароти Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» иборат мебошад.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия иборат мебошад.
Тибқи пешниҳоди воридгардида ба моддаи 2-юми қонуни амалкунанда сархати бисту сеюм бо мазмуни зайл илова карда шудааст: «Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология — 25 май».
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Тағйироти воридгардида характери муайянкунанда, мутобиқ-кунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Дар қонун калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда мешаванд. Инчунин вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 31-уми қонуни амалкунанда қисми 4 илова карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд тартиби ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбаашон маҳдуд — таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз бартараф намудани мухолифати меъёрҳои дохилии қонуни мазкур ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат мебошад.
Тағйироти воридгардидаи қисми якуми моддаи 1 ва қисми панҷуми моддаи 18 характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағозода Саидмурод Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2014 қабул намудааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад.
Инчунин зарурияти қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузорӣ ҷиҳати рушди босуботи соҳибкорӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои он бо қонунгузории мавҷуда бармеояд.
Қонун аз 4 боб ва 27 модда иборат мебошад.
Боби 1 муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, тартиби бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои соҳибкорӣ, ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро ба танзим медарорад.
Масъалаҳои ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдор ва мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, тарзи фаъолияти бизнес-инкубаторҳо, самтҳои дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ дар боби 2 танзими худро ёфтаанд.
Боби 3 ба танзими кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқии моликият ва кафолат аз дахолати беасос ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бахшида шудааст.
Муқаррарот оид ба ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои иҷрои қонуни мазкур, тартиби мавриди амал қарор додани он ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар боби 4 пурра дарҷ гардидааст.
Дар қонуни мазкур муносибатҳои муосири дастгирии соҳибкорӣ пешбинӣ шуда, мафҳумҳои нав, ба монанди «бизнес-инкубаторҳо», «иттиҳодияҳои субъектҳои соҳибкорӣ», «мақоми ваколатдори давлатӣ», «минтақаи саноатӣ», «Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», «фонди дастгирии соҳибкорӣ» истифода шудаанд, ки ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, таъмини бештари ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз тарафи давлат мусоидат мекунанд.
Дар қонун нисбат ба қонуни амалкунанда як қатор афзалиятҳо пешбинӣ гардидааст. Фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таъсис додани бизнес-инкубаторҳо, таъсис додани Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ, муайян намудани ҳаҷми маблағҳои Буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳибкорӣ, муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии дастгирии соҳибкорӣ ва дигар ҳолатҳо афзалияти асосӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, қонуни мазкур дар муқоиса ба қонуни амалкунанда аз ҷиҳати ҳадаф ва муҳтаво мукаммал мебошад.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» мебошад. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли 2014 қабул намудааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад.
Қонун аз 10 боб ва 64 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 мафҳумҳои асосие, ки дар қонуни мазкур истифода шудаанд, доираи фаъолияти бонкии исломӣ ва хусусияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дарҷ гардидааст.
Боби 2 тартиби таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии исломӣ, тартиби иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ, тартиби додани иҷозатнома, тартиби таъсиси филиали бонки исломии хориҷӣ, феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ, «равзанаҳои бонкии исломӣ» ва тартиби барҳамдиҳии ташкилоти қарзии исломиро дар бар мегирад.
Боби 3 ба сармояи ташкилотҳои қарзии исломӣ бахшида шудааст.
Дар боби 4 мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ, Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ ва ваколатҳои он, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда пурра инъикос ёфтааст.
Дар боби 5 тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ, дар боби 6 тартиби ҳисобдорӣ ва пешбурди ҳисоботи молиявӣ, дар боби 7 тартиби гузаронидани аудити фаъолияти молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва дар боби 8 низоми махфият дар ташкилоти қарзии исломӣ ба танзим дароварда шудааст.
Тартиби баррасии баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро бобҳои 9 ва 10 ба танзим медарорад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки бонкдории исломӣ дар низоми бонкдории ҷаҳонӣ мавқеи худро дар баробари бонкдории маъмулӣ пайдо намудааст. Бонкдории исломӣ яке аз соҳаҳои бо суръати баланд пешраванда дар ҷаҳони кунунӣ ба шумор меравад. Солҳои охир ба буҳрони молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, рушди солонаи соҳаи мазкур 15 фоизро ташкил намуд. Аммо дар кишварҳои Созмони Конфронси Исломӣ рушди солонаи ин соҳа ба 20 фоиз мерасад. Айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 300 бонкҳои исломӣ амал менамоянд, ки дороиҳои онҳо ба зиёда аз 1 триллион доллари ИМА расидааст.
Дар бисёр кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон бонкдории исломӣ фаъолият менамояд.
Қонуни мазкур барои таъмини фазои ягонаи рақобатпазири ташкилоти қарзии анъанавӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам меорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ» асосан дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шудааст, ки мақсад аз он пешниҳоди шароити баробари ҳуқуқӣ ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии анъанавӣ иборат аст.
Қонуни мазкур ба ташкилоти қарзии анъанавӣ имкон медиҳад, ки тариқи кушодани «равзанаи бонкдории исломӣ» хизматрасо-ниҳои бонкии исломиро дар филиалҳои худ бо ҳамон кормандон ва пойгоҳи электронӣ мисли бонкҳои анъанавӣ пешниҳод намоянд.
Таъсиси «равзанаҳои бонкдории исломӣ» ба ташкилоти қарзии анъанавӣ имкон медиҳад, бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии бонкдории исломӣ фаъолият намоянд, ки ин ба онҳо имконияти афзалиятнокро нисбат ба бонкҳои исломӣ медиҳад.
Ҷорӣ кардан ва пешбурди хизматрасониҳои бонкие, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ пешниҳод менамоянд, бечунучаро ба таҳкиму густариши низоми молиявӣ, васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи исломӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Кумита дар ҷаласаи худ қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро зарур ва саривақтӣ меҳисобад. Аз Шумо, хоҳишмандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мебошад. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни мазкур бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун-гузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Т.Қарабоев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» қабул гардидааст. Аз ҷумла дар сархати ҳафтуми моддаи 17 калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» ва дар сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 18 калимаи «атом» ба калимаи «атомӣ» иваз карда шудаанд.
Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз ҷумла сархати якуми моддаи 17-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ доштани иҷозатнома ҳатмӣ мебошад.
Дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 17 тағйирот ворид карда шудааст, ки он хусусияти таҳрирӣ дорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад ва кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз 2 модда иборат мебошад.
Тибқи моддаи 1-и он ба моддаи 4-уми қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шудааст. Аз ҷумла ба банди 1-уми қисми 7-уми моддаи 4 илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои анҷом додани амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Банди 4-уми қисми 7-уми моддаи 4-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.
Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни мазкур бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз 2 модда иборат мебошад.
Тибқи моддаи 1-и он ба моддаи 82-юми қонуни амалкунанда қисми нави 6 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ба салоҳияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани аудити Бонки миллии Тоҷикистон доир ба фаъолияти хоҷагидорӣ, хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ, гардиши маблағҳои буҷетӣ ва қарзи давлатӣ дода мешавад.
Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.
Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
Тағозода Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан ва мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда бо қонунҳои ҷорӣ ва ҷиҳати иҷрои «Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010-2015 оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ» қабул гардидааст.
Қонун аз 2 модда иборат буда, ба қисми 1-уми моддаи 6-и қонуни амалкунанда сархати нави нуҳум илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон вогузор намудани вазифаи нав — ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади таҳрир, саҳеҳнамоӣ, мутобиқгардонӣ ва бартарафсозии мухолифатҳо ба моддаҳои 1, 2, 21, 36 ва 37-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ба қисми 3-юми моддаи 48-уми қонуни амалкунанда сархати сеюм илова карда шудааст, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми халалдор сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, ташкилоти қарзиро ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад ва бартараф намудани камбудӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳоро дар муҳлати муқарраргардида талаб намояд.
Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.
Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:-Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мебошад. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАTФ) қабул гардидааст.
Ба қисми 2 моддаи 10-уми қонуни амалкунанда сархати нави 5 илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ уҳдадоранд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро риоя намуда, оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор маълумот пешниҳод намоянд.
Ғайр аз ин, ба қисми 2 моддаи 12-уми қонуни амалкунада сархати нави 4 илова карда шудааст, ки мутобиқи он аудитор уҳдадор мегардад, минбаъд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок, мақоми ваколатдорро хабардор намояд.
Ба моддаи 25-уми қонуни амалкунанда қисми нави 7 илова шудааст, ки мутобиқи он пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдор ошкор намудани сирри аудиторӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда шуморида намешавад.
Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ) қабул гардидааст.
Бо ин мақсад ба қисми якуми моддаи 14 сархати нави панҷум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд операторони алоқаи почта уҳдадоранд дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд.
Ба моддаи 18-уми қонуни амалкунанда қисмҳои нави панҷум ва шашум илова шудааст, ки мутобиқи онҳо ташкилоти алоқаи почта уҳдадоранд минбаъд дар бораи иҷрои аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд.
Фош намудани маълумот аз ҷониби ташкилоти алоқаи почта риоя нашудани талаботи махфияти мукотиба ва дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда ҳисоб намеёбад.
Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» мебошад. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Тибқи қонуни мазкур ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ ва меъёридошта ворид карда шудааст.
Вобаста ба иваз гардидани функсияҳо ва ба Хадамоти алоқа вогузор намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта ба моддаҳои 5, 7, 19 ва 29-уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст. Яъне, калимаҳои «Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз гардидааст.
Инчунин бо мақсади таҳрир, саҳеҳнамоӣ, мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба моддаҳои 10, 12, 19, 22, 25 ва 28 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.
ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ҷиҳати устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон ва баланд бардоштани рейтинги фазои сармоягузории он дар бахши молиявӣ қабул гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии гарави амволи манқулро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он ба танзим медарорад.
Тибқи қонуни мазкур ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ба қисми 3-юми моддаи 4 ҷумлаи дуюм илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд гарав нисбати амволе, ки дар оянда ба моликияти (ё соҳибии) гаравдеҳ мегузарад, аз лаҳзаи аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани ҳуқуқ ба чунин амвол ба вуҷуд меояд.
Қисми 2-юми моддаи 6 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки тибқи он минбаъд маблағи уҳдадориҳо бо пули миллӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ низ ифода ёфта метавонад.
Ба қисми 5-уми моддаи 7 тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мушаххасоти тавсифи гарав, уҳдадорӣ ва маблағе, ки бо гарав таъмин шудааст, дар шартномаи гарав пешбинӣ мегардад.
Илова бар ин, ҷумлаи дуюми қисми 1-уми моддаи 21-уми қонуни амалкунанда, ки тасдиқи тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамуд, хориҷ карда шудааст. Ваколати мазкур минбаъд мутобиқи иловае, ки ба қисми 7-уми моддаи 22-юми қонуни амалкунанда ворид шудааст, ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст.
Моддаҳои 44-50-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудаанд, ки онҳо механизми муосири ҳалли баҳсҳоро вобаста ба гарави амволи манқул тариқи судӣ ва ғайрисудӣ, инчунин кам кардани муҳлати баррасии чунин баҳсҳоро пешбинӣ менамоянд.
Бо дарназардошти зарурати таҳрир доштани моддаҳои 27, 28, 29, 33, 43, 51 ва 53-уми қонуни амалкунанда ба онҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ илова карда шудааст.
Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон М.Ватанов, С.Ёқубзод, А.Фелалиев, М.Ҳақдодов ва М.Ҳисориев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии пешбурди хоҷагии шикорро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифодабарии устувор, ҳифзу барқароркунии теъдоди ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, инчунин ҳуқуқи ба шикор машғул шудани шаҳрвандон ва ҷамъиятҳои онҳоро танзим менамояд.
Қонун аз 8 боб ва 48 модда иборат буда, боби 1 мафҳумҳои асосӣ, қонунгузорӣ дар бораи шикор ва хоҷагии шикор, объектҳои муносибат дар соҳаи мазкур ва принсипҳои асосиро дар бар мегирад.
Боби 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи мазкурро ба танзим медарорад.
Бобҳои 3 ва 4 истифодаи умумӣ ва махсуси Фонди шикор, истифодабарандаи шикоргоҳ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, боздоштан ва қатъ кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор, пардохти маблағи роҳхат ва истифодаи он, ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор ва ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
Қоидаҳои шикор, усул ва олоти он, мониторинги захираҳои ҳайвонот, тамғазании ҳайвоноти шикоргардида, кадастри ҳайвоноти шикорӣ, бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ дар бобҳои 5 ва 6 таври пурра дарҷ гардидааст.
Дар бобҳои 7 ва 8 намудҳои назорат дар соҳа, назорати риоя шудани шартномаҳо аз тарафи истифодабаранда, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони мансабдор ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, таври пурра дарҷ гардидааст.
Боби 8 муқаррароти хотимавӣ буда, ҷавобгарӣ барои риоя накардан ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро ба танзим медарорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 феврали соли 2014 қабул намудааст. Он бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудан ба қонунгузории ҷумҳурӣ қабул гардидааст.
Қонун аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-и қонуни мазкур боби 2 дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, тасдиқ намудани стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдорро ба танзим медарорад.
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи мазкур таври алоҳида муайян намуда, назорати давлатии барқарор кардани ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи онро аз тарафи заминистифодабарандагон муайян менамояд.
Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8-уми қонуни амалкунанда, бинобар ифода ёфтанашон дар моддаи 4-уми боби 2, ки дар таҳрири нав таҳия шудааст, хориҷ карда шудаанд.
Ба моддаи 21-уми қонуни амалкунанда сархатҳои нави ҳафтум ва ҳаштум илова шудааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд бо тартиб додани харитаҳои тавсифи хусусиятҳои хокҳои кишвар таҳқиқоти илмӣ ва нисбати хусусиятҳои агрокимиёвии хокҳо, шӯрнокии заминҳо ва муайян кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ташхис гузаронида мешавад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» мебошад. Марҳамат, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Абдуназар Хисрав, Маҳмасаид Зувайдов ва вакили Маҷлиси намояндагон Галия Рабиева пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории ҷумҳурӣ қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.
Бо мақсади мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар муқаддима ва моддаи 11 тағйиру илова ворид карда шудааст.
Ғайр аз ин, бо мақсади мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба қисми 2-юми моддаи 4 сархати сеюм ва дар сархати шашуми моддаи 5 тағйиру илова ворид карда шудааст.
Бо сабаби дар матни қонуни амалкунанда ҷой надоштани мафҳуми «талаботи экологӣ» сархати ёздаҳуми моддаи 1 хориҷ карда шудааст.
Ҷиҳати саҳеҳнамоии қонуни амалкунанда ба моддаҳои 7, 8, 9, 10,12 ва 13 тағйирот ворид карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» қабул гардида, аз 2 модда иборат мебошад.
Мутобиқи моддаи 1 дар ном ва матни моддаҳои 6 ва 18-уми қонуни амалкунанда калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуда, дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 101 калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шудаанд.
Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2-юм ба танзим медарорад.
Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур кумита нисбати он эрод надорад. Аз Шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич дода мешавад. Марҳамат.
Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷабборова, А.Катаев ва Л.Саидмуродов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳия, экспертиза, нашр, таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ ва афзун намудани талабот ба сатҳи мазмуну муҳтавои адабиёти таълимие, ки дар доираи пешбинишудаи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои инвеститсионӣ чоп мешаванд ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, иборат мебошад.
Қонуни пешниҳодгардида аз 5 боб ва 21 модда таркиб ёфтааст.
Боби 1 аз панҷ модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адабиёти таълимӣ, асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ, принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ ва кафолати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ пурра шарҳ дода шудаанд.
Боби 2 аз шаш модда иборат буда, дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба соҳаи адабиёти таълимӣ, вазорату идораҳо, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар соҳаи адабиёти таълимӣ ва вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ пешбинӣ гардидааст.
Боби 3 аз панҷ модда иборат буда, таъмини сифати адабиёти таълимии нашршаванда, намуд, мақсад ва субъектҳои экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ, меъёрҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ, тасдиқи сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия мешавад ва сарчашмаи маблағгузории таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимиро муайян менамояд.
Боби 4 аз се модда иборат буда, дар он таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, ҳамзамон истифодаи маблағҳои махсус дар муассисаҳои таълимии давлатӣ барои хариди адабиёти таълимӣ пешбинӣ гардидаанд.
Боби 5 аз ду модда иборат буда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро муқаррар менамояд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз Шумо хоҳиш менамоем, барои ҷонибдории қонуни пешниҳод шуда овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллӣ М. Илолов, вакилони Маҷлиси намояндагон А. Фелалиев, М. Хидирова, Б. Садриддинов ва М. Назриев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 майи соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Мақсади пешниҳод ва қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба фаъолияти ратсионализаторӣ, муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаторӣ мебошад.
Қонуни пешниҳодгардида аз 5 боб ва 27 модда таркиб ёфтааст.
Боби 1 аз ҳафт модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ, пешниҳоди ратсионализаторӣ, ҳифзи ҳуқуқи пешниҳоди ратсионализаторӣ, шартҳои қобили ҳифз эътироф кардани пешниҳоди ратсионализаторӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ ва истифодаи пешниҳоди ратсионализаторӣ пурра шарҳ дода шудаанд.
Боби 2 аз даҳ модда иборат буда, тартиби пешниҳоди ариза, бақайдгирии ариза, афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маводи ба ариза замимагардида бо ташаббуси аризадиҳанда, хулоса оид ба ариза, баррасии ариза, бозпасгирии ариза, додани гувоҳномаи ратсионализаторӣ, бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ ва шикоят оид ба радди эътироф ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаториро пешбинӣ менамояд .
Боби 3 аз се модда иборат буда, дар он ташкили фаъолияти ратсионализаторӣ дар корхона, маблағгузории фаъолияти ратсионализаторӣ ва ҷамъияти ратсионализаторони Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.
Боби 4 аз се модда иборат буда, ҳуқуқ ба подош, андозаи подош ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолияти ратсионализаториро муайян менамояд.
Боби 5 аз чор модда иборат буда, баррасии баҳсҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикргардидаро пешбинӣ менамояд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба он эрод надорад ва аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» -ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002 амал менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани қонуни мазкур ба талаботи санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, асосан характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба қонуни амалкунанда моддаи 31 ва дар моддаҳои 2, 5, 6, 10, 11 ва 13 қисмҳо ва сархатҳои нав илова гардидаанд, ки дар онҳо мафҳуми маркази ҷойгиркунии муваққатӣ, ҳуҷҷати сафарӣ, принсипҳои кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, инчунин баъзе аз ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо пешбинӣ гардидаанд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 амал менамояд.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани банди 5 -уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 таҳти №138 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва пешниҳод гардида, тибқи он дар моддаҳои 32 ва 33- юми қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба он эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳри ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани банди 5- уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 таҳти №138 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва пешниҳод гардида, тибқи он дар моддаҳои 13, 31 ва 32-юми қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба он эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳри ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» аз 22 апрели соли 2003 амал намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян мекунад.
Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, соҳибкасб намудани онҳо, таъмини бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар бо мутахассисони коргарии ба талаботи замон ҷавобгӯ иборат мебошад.
Мутобиқи қонуни пешниҳодгардида ба сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи 9 ворид намудани тағйирот пешбинӣ гардидааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба он эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳри ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ:-Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Кабиров пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2014 қабул намуд.
Мақсад аз ворид намудани тағйирот ба танзим даровардани гарави интихоботӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қисми дуюми моддаи 321 қонуни мазкур дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки тибқи он дар сурати гирифтани 10 фоизи овозҳо гаравпулӣ ба номзад баргардонида мешавад.
Дар қисми нуҳуми моддаи 46 баъди калимаи «нусха» калимаҳои «худкори рангӣ» илова карда шудааст. Тибқи ин илова минбаъд протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ бо қалами худкори рангӣ пур карда мешавад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мебошад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
Фарҳод РАҲИМӢ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибидавлат Авзалшоева ва Шакарбек Самадов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли равон қабул намудааст.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади таъмини мутобиқати он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла такмили қонуни конститутсионии амалкунанда ва бартараф намудани мухолифат миёни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда қабул гардидааст.
Қонуни конститутсионии мазкур аз 33 қисм иборат буда, дар он ба 31 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, аз ҷумла ду моддаи нав — «Моддаи 11 — «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Моддаи 481 — «Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил» илова гардидаанд. Инчунин ба 5 моддаи қонуни амалкунанда қисмҳои нав илова гардида, қисмҳои алоҳидаи баъзе моддаҳо дар таҳрири нав оварда шудаанд.
Ҳамзамон як қатор модда ва сархатҳои он аз ҷиҳати услуби забон ва мутобиқати дохилӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ гардонида шудаанд.
Ба моддаи 9 -уми қисми дуюм дар бораи роҳбарии умумӣ ва назорати ташкилу гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ илова карда шуда, қисми панҷуми моддаи 16 ва қисми даҳуми моддаи 17 вобаста ба номукаммалии худ дар таҳрири нав оварда шудааст.
Ба қисми сеюми моддаи 24 ҷумлаи нав илова гардидааст, ки тибқи он ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд шахсони аъзои ҳизб набударо низ номзад ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешниҳод намоянд.
Ба қисми панҷуми моддаи 27 ҷумлаи дуюм ба мазмуни зайл илова мегардад: «Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд».
Ба моддаи 45 қисми нав илова карда мешавад, ки тибқи он шакл ва намуди шаҳодатнома ва нишони дахлдори сарисинагии вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Дар номи боби 8 калимаҳои «маъмурӣ-ҳудудии» ба калимаҳои «марзию маъмурӣ» иваз карда шудаанд. Тибқи ин тағйирот қонуни конститутсионии мазкур ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардрнида шуд.
Моддаи 49 дар таҳрири нав оварда шудааст, ки дар он маблағгузории интихобот, сарчашмаҳо ва тартиби назорати маблағҳо муайян шудааст.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
Фарҳод РАҲИМӢ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади ташаккул додани низоми хизмати давлатӣ, татбиқи талаботи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ва аз байн бурдани баъзе номуайяниҳо дар қонунгузории хизмати давлатӣ мебошад.
Ба даҳ моддаи қонуни мазкур тағйиру илова ва як моддаи нави 171 илова карда шудааст.
Сабаби аз сархати шашуми моддаи 1 хориҷ намудани калимаҳои «хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ» он аст, ки ба хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи низом хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ дохил мешаванд. Хизмати давлатӣ аз мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ва мувофиқан аз хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат аст.
Моддаи 71 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки тибқи он одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои соҳавии хизматчии давлатӣ, қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
Ба қонун моддаи нави 171 илова карда шудааст, ки тибқи он санҷиши махсус дар он сурат гузаронида мешавад, ки агар шахси дар мансаби хизмати давлатибуда ва ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш маълумоти бардурӯғ дода бошад.
Илова ба қисми 1 -уми моддаи 32 ба хотири баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, риоя намудани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ворид карда шудааст.
Тағйироти ба моддаҳои 39 ва 41 воридшуда ин мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба қонунгузории меҳнат ва нафақа мебошад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии Шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе деҳот ва деҳаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯроободи вилояти Хатлон» пешниҳод карда мешавад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
Фарҳод РАҲИМӢ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯрообод» дар ҷаласаи кумита баррасӣ шуд.
Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Балҷувон номи ду деҳот ва 12 деҳа, дар ноҳияи Муъминобод номи як деҳот ва як деҳа, дар ноҳияи Хуросон номи се деҳа, дар ноҳияи Восеъ номи як деҳа, дар ноҳияи Бохтар номи шаш деҳа ва дар ноҳияи Шӯрообод номи як деҳот ва ду деҳа тағйир дода шаванд.
Зарурати тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, нишони арҷгузорӣ ва пос доштани хотираи неки шахсони муътабари диёр, тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу фардо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳот ва деҳаҳо мебошад.
Пешниҳодот доир ба тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои Ҷамоатҳо, Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар, Шӯрообод ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита лозим мешуморад, ки пешниҳодоти мазкур қобили дастгирист ва аз Шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе деҳот ва деҳаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯроободи вилояти Хатлон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: -Ба баррасии Шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод» пешниҳод мешавад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
Фарҳод РАҲИМӢ:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод «Оид ба тағйир додани номи деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод» дар ҷаласаи кумита баррасӣ шуд.
Тибқи пешниҳоди мазкур таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод ба деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев тағйир дода шавад.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Зарурати тағйир додани номи деҳоти Файзобод ба номи Дӯстмурод Алиев асосан бо мақсади бартараф намудани такрорёбии номҳо ва абадӣ гардонидани хотираи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев мебошад.
Кумита лозим мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз Шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад, ки тибқи он интихоби Раҳимӣ Фарҳод — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипар-ламентӣ Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дигар таклифу пешниҳод доред?
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин масъала, ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди воситаҳои техникии радиоалоқа» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷ.» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад. Марҳамат.
САЛИМЗОДА Шерхони Одина:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ин лаҳза мехоҳам пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гирифтани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷалол манзури Шумо намоям.
Ҷинояти гирифтани пораро аз ҷониби Исроилов Ҷалол Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудааст.
Ҳоло дар пешбурди Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷалол мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Зимни пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур муқаррар карда шуд, ки Исроилов Ҷалол дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ ҷинояти гирифтани пораро дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.
Чунончӣ, Исроилов Ҷ. дар марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати коллегия ҳамчун маърузачӣ шикояти кассатсионии роҳбари хоҷагии деҳқонии «Саидшариф Шарифов»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳасанов М.А.-ро дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2012 дар қисми бекор кардани қарорҳои раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ №80 аз 18 декабри соли 1999 ва №123 аз 28 декабри соли 2008 мавриди баррасӣ қарор додааст.
Исроилов Ҷ. дар раванди баррасии шикояти кассатсионӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии номбурда ҳал намудани шикояти кассатсионӣ аз Ҳасанов М.А. дар ду маврид, яъне 22 ноябри соли 2012 дар наздикии бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 7400 доллари ИМА ва тахминан 2 ё 3 декабри соли 2012 дар утоқи кории худ маблағи 600 доллари ИМА, ҷамъ маблағи 8000 доллари ИМА-ро ба сифати пора талаб карда гирифтааст.
Дар натиҷа, бо мусоидати Исроилов Ҷ. бо қарори суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2012 шикояти кассатсионӣ қонеъ, ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2012 бекор ва парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба ҳамон суд дар дигар ҳайати судӣ ирсол карда шудааст.
Кирдори Исроилов Ҷ. дар содир намудани ҷинояти гирифтани пора бо далелҳои раднашавандаи аз ҷониби мақомоти тафтишот ҷамъовардашуда тасдиқи пурраи худро ёфтааст. Аз ҷумла шаҳрванд Ҳасанов М.А. дар аризааш аз 17 июни соли 2014 ва нишондодаш ба мақомоти тафтишотӣ зикр кардааст, ки зимни баррасии шикояти кассатсионӣ аъзои коллегия- маърӯзачӣ Исроилов Ҷ. барои ба манфиаташ ҳал намудани шикояти кассатсионӣ аз ӯ 8000 доллари ИМА талаб карда, ин маблағро дар ду маврид, бори аввал 22 ноябри соли 2012 дар наздикии бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 7400 доллари ИМА ва бори дигар тахминан 2- 3 декабри соли 2012 дар утоқи кории худ 600 доллари ИМА-ро гирифтааст. Бар ивази маблағи гирифташуда ҳалномаи суди марҳилаи якум бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба Суди иқтисодии вилояти Суғд фиристода шудааст.
Бинобар он ки ҳангоми баррасиҳои минбаъдаи судӣ баҳс ба манфиати Ҳасанов М.А. ҳал нашудааст, аризадиҳанда аз Исроилов Ҷ. баргардонидани маблағҳои қаблан додаашро талаб кардааст. Оғоз аз моҳи майи соли 2013 то 14 июни соли 2014 Исроилов Ҷ. шахсан дар чор ҳолат ва дар як ҳолат бо воситаи писараш Исроилов Алишер аз маблағи 8000 доллари ИМА-и қаблан ба сифати пора аз Ҳасанов М.А. гирифтааш, ба охирон қисман ба маблағи 1300 доллари ИМА ва 3400 сомониро баргардонида додааст.
Санаи 23 июни соли 2014 Исроилов Ҷ. бо воситаи писараш Исроилов Алишер боз маблағи 200 доллари ИМА-ро ба Ҳасанов М.А. баргардонида медиҳад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ- тафтишотӣ маблағи 200 доллари ИМА дар ҳузури Исроилов А.Ҷ. аз Ҳасанов М.А. ёфта, гирифта шуд.
Дар нишондоди худ шоҳид Исроилов Алишер (писари Исроилов Ҷ.) иброз намуд, ки бо хоҳиши падараш Исроилов Ҷ. ба Ҳасанов М.А. дар ду маврид — бори аввал тахминан аввали моҳи июни соли 2014 маблағи 200 сомонӣ ва бори дигар 23 июни соли 2014 маблағи 200 доллари ИМА-ро баргардонида додааст.
Зимни даъват ва мавриди пурсиш қарор додани гумонбаршуда Исроилов Ҷ. ба ӯ далелҳои аз ҷониби тафтишот ҷамъоварда пешниҳод шуданд, ки дар натиҷа гумонбаршуда барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора нишондодҳои худиқрорӣ дода, 23 июни соли 2014 унвонии директори Агентӣ дар ин бора бо ариза муроҷиат намуд.
Аз муҳтавои аризаи худиқрорӣ ва нишондоди Исроилов Ҷ. бармеояд, ки тахминан охири соли 2012 ӯ ҳангоми дар ҳайати коллегияи судӣ мавриди баррасӣ қарор додани шикояти кассатсионии хоҷагии деҳқонии «Саидшариф Шарифов»- и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2012 аз даъвогар Ҳасанов М.А. ҳамчун ҳаққи хизмат барои ёрии ҳуқуқӣ маблағи 8000 доллари ИМА-ро гирифта, онро барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст. Ёрии ҳуқуқӣ дар он зоҳир гардидааст, ки ӯ ҳамчун маърӯзачӣ дар доираи ваколатҳои мурофиавии худ парвандаи иқтисодӣ ва ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғдро омӯхта, ба хулоса омадааст, ки суди марҳилаи якум ҳангоми баровардани ҳалнома ба хатоиву камбудӣ роҳ додааст ва дар ҳамин кор ба Ҳасанов М.А. мусоидат намуда, ҳалномаи суди марҳилаи якумро дар коллегияи судӣ бекор намудааст.
Гумонбаршуда Исроилов Ҷ. дар нишондодаш зикр намудааст, ки зимни баррасиҳои минбаъдаи судӣ, дар суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ даъвои Ҳасанов М.А. рад карда шуда, баҳс ба манфиати номбурда ҳал нашудааст. Пас аз он, Ҳасанов М.А. аз ӯ баргардонидани маблағи 8000 доллари ИМА-ро талаб кардааст. Аз ин сабаб, вай аз рӯйи имконият ва шароити моддии худ ба Ҳасанов М.А. қисм ба қисм бо доллари ИМА ва пули миллӣ, баробар ба 2180 доллари ИМА- ро баргардонида додааст.
Илова бар ин, 23 июни соли 2014 гумонбаршуда Исроилов Ҷ. бо мақсади бозпас гардонидани қисми боқимондаи маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш 5800 доллари ИМА ва 100 сомониро ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ супорид. Маблағи мазкур дар асоси протокол гирифта шуда, бо парвандаи ҷиноятӣ ҳамчун далели шайъӣ эътироф гаштааст ва он якҷоя бо маводи парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар рафти гузаронидани рӯбарӯкунӣ бо шоҳид Ҳасанов М.А. гумонбаршуда Исроилов Ҷ. ҳолати ба манфиати Ҳасанов М.А. иҷро намудани амали муайян, аз охирон ҳамчун ҳаққи хизмат гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА ва аз ин ҳисоб қисман ба Ҳасанов М.А. баргардонидани маблағи 2180 доллари ИМА-ро пурра тасдиқ намуд.
Инчунин айбдории Исроилов Ҷ. дар содир намудани ин ҷиноят бо сабтҳои аудиоии гуфтугӯйи Исроилов Ҷ. ва Ҳасанов М.А. нишондоди шоҳид Аҳмадов А.К., ки бевосита зимни маслиҳати онҳо иштирок доштааст ва дигар далелҳо исботи худро ёфтааст.
Тибқи талаботи моддаи 9- и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.
Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят. Ба ҳабс гирифтани судя бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
18 июни соли 2014 аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Исроилов Ҷалол бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар асоси талаботи моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Аз ин лиҳоз, пешниҳоди Прокурори генералиро ба баррасии Шумо пешкаш намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷалол ризоият диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷ.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Бо пешниҳоди қаблии мо як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои созмонҳои парламентии байналмилалӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Бо Грамотаҳои Фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Маҳкамов Қаҳор Маҳкамович, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Сатториён Матлубахон Амонзода, Раҷабова Зарина Солиҷоновна, собиқ узви Маҷлиси миллӣ Ғуломшоева Қобиламо Кановна ва бо Грамотаҳои Фахрии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Маҳкамов Қаҳор Маҳкамович ва Азизов Абдулафиз мукофотонида шуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мукофотҳоро супурда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуд.
РАИС:- Раиси Котибот гуфтание доред? Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳаст? Ба раисони кумитаҳо ва аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем!
Бо ҳамин Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир А.ИСОЕВ