Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои нав — ба манфиати ҷомеа

№108 (3093) 29.08.2013

к2

Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология 27 августи соли 2013 таҳти раёсати раиси кумита Д.Қ. Гулмаҳмадов доир гардид.

Д. Гулмаҳмадов ҷаласаи кумитаро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои  моҳӣ» пешниҳод мешавад.

Пас аз тасдиқи рӯзнома раиси кумита  Д. Гулмаҳмадов зимни шарҳи масъалаҳо изҳор дошт, ки  қонунҳои мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, қонунҳои  мукаммал мебошанд ва рушди иқтисоди кишварро такон бахшида, ба манфиати  ҷомеа нигаронида шудаанд. Ин қонунҳо фаъолияти  соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба танзим медароранд.

Доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ аъзои кумита ва дигар иштирокчиёни ҷаласа назари хешро баён намуданд.

Аз рӯйи масъалаҳои мазкур хулосаҳои кумита таври алоҳида оид ба ҷонибдории қонунҳо қабул ва ба баррасии Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум»

Суратгир А.Исоев