Шарҳи қонун

Қонун — таҳкурсии боэътимоди омодасозии насли худогоҳ

№117 (3102) 21.09.2013

Мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврасро  беҳбудӣ мебахшад

DSC_0930Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баргузории иҷлосияҳои ин мақоми қонунгузори кишвар ба аъзои Маҷлиси миллӣ мунтазам таъкид менамоянд, ки робитаи хешро бо воситаҳои ахбори омма тақвият бахшида, аз ин минбари баланд баҳри ба шаҳрвандон расонидани моҳият ва аҳамияти қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдоришуда самаранок истифода намоянд. Ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба зиммаи аксарашон вазифаҳои пурмасъулият вогузор аст, имкон доранд, ки аҳамияту мазмуни қонунҳои мазкурро ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ таври соддаву фаҳмо шарҳ диҳанд. Суҳбате, ки бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақамии 28-уми шаҳри Душанбе Гулчеҳра Ғаниева доир намудем, ба хонандагон муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро бозгӯйӣ менамояд.

-Гулчеҳра Самиевна, маҳз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат эътироф ва интихоб  гардидани ин бахши муҳим замина фароҳам овардааст, ки рушди бемайлони он таври бояду шояд таъмин гардад…

- Комилан дуруст аст. Ҳама шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи маориф аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баҳри рушди он тамоми имконоти худро сарф намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола таври назаррас афзоиш медиҳад.

Барои мисол, тибқи маълумотҳо, ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 3,5 фоизи соли 2005 ба 4,5 фоиз дар соли 2012 баробар шудааст.

Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф, бо назардошти барномаҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои махсус,  дар соли 2012-ум 1607,9 миллион сомониро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2011-ум  18 фоиз зиёд буд. Дар маҷмуъ, буҷети соҳаи маориф давоми панҷ соли охир зиёда аз 2,3 маротиба афзуд. Соли 2013 ба соҳаи маориф 2130,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тӯли соли 2012 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишварамон 248 иншооти соҳаи маориф барои 44 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи 320 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 1200 мактаби нав сохта, мавриди истифода гардид.

-Шумо бевосита дар ҳамин соҳа фаъолият доред ва ба ибораи халқӣ «дар кураи ин соҳа обутоб ёфтаед». Мехостам бигӯед, ки чӣ зарурат пеш омад, ки қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул ва мавриди амал қарор гирад?

- Ислоҳоти соҳаи маориф собит намуд, ки танҳо тавассути ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба ҳадафи ниҳойӣ расидан имконнопазир аст, зеро ҳар як давраи инкишофи ҷомеа хусусиятҳои хоси рушди соҳаро муайян намуда, зарурати ислоҳотро ногузир мегардонад. Бинобар ин, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амри воқеӣ гардид.

Қонуни амалкунанда  17 майи соли 2004 қабул гардида,  аз лиҳози мазмуну моҳияти худ самтҳои зиёди соҳаи маорифи  ҷумҳуриро инъикос карда наметавонист…

- Табиист, ки на ҳама қишрҳои аҳолӣ имкони мутолиа ва дарки ҳамаҷонибаи қонунро доранд. Биноан, бамаврид мебуд агар муҳтавои қонуни навро таври мухтасар ва оммафаҳм  бозгӯйӣ намоед.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фарогири 8 бобу 69 модда буда, холигиҳои қонуни амалкунандаро пурра менамояд.

Дар моддаи якуми лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосии соҳаи маориф шарҳу тавзеҳ ёфтаанд, ки назар ба ҳамин моддаи қонуни то ҳол  амалкунанда 31 мафҳум зиёд аст. Аз ҷумла мафҳумҳои «бакалавриат», «кредити таълимӣ», «маблағгузории сарикасӣ», «магистратура», «муассисаи таълимии кӯдакони болаёқат», «машғулияти инфиродӣ», «низоми кредитии таҳсилот», «нострификатсия», «таълимгиранда», «таҳсилоти калонсолон», «тест», «экстернат» ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.

Ҳамчунин дар боби якум моддаҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, мақсади қонун, кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон  ба таҳсил, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҷой дода шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки  дар моддаҳои ин боб банд ва сархатҳои нав илова гардидаанд. Масалан, дар моддаи 4 «Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф» сархатҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат, раванди муттасили таҳсил, ҳавасмандгардонии маърифатнокии шахс ва инкишофи истеъдод, ҳамгиройии таҳсилот, илм, истеҳсолот ва ғайра илова шудаанд.

Дар моддаи 5-уми қонун вобаста ба талаботи ҷаҳони муосир сархатҳои нав ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ, фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим,  мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс, тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром  ба муқаддасоти  миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ,  тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ илова гаштаанд.

Дар моддаи 6 «Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду банд илова гаштааст, ки дар онҳо давлат барои ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  дар тамоми зинаҳо кафолат медиҳад, инчунин ба шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ  бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё муассисаҳои тандурустӣ ташкили таълими ройгонро кафолат медиҳад.

Дар боби дуюми қонун, ки «Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, моддаҳо, аз ҷумла оид ба сохтори низоми маориф, муассисаи таълимӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии он, инчунин оид ба талабот, рафту равиш ва ташкили раванди таҳсилот дар зинаҳои таҳсилот  дар таҳрири нав бо иловаҳо дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла дар моддаи 18 «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ» оид ба таҳсилоти калонсолон банди алоҳида омадааст, ки барои дар муддати кӯтоҳ гирифтани касб ба шахсони аз таҳсил бо сабабҳои гуногун дурмонда шароит фароҳам меорад. Инчунин барои пайвасти илм бо истеҳсолот дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати ташкил намудани паркҳои технологӣ замина муҳайё намудааст. Дар моддаи 21-уми ин боб «Таҳсилоти иловагӣ» барои пурра намудани вақти холигии наврасон, ташкили марказҳои гуногун заминаи қонунии мусоид барои фаъолият пешбинӣ менамояд. Дар марказҳои мазкур на танҳо аз бар намудани дониш, балки азхудкунии касб, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва ихтисоси нав амалӣ карда мешавад. Дар моддаи 22 «Таҳсилоти махсус» меъёрҳои ҳуқуқӣ барои фароҳам овардани шароит ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади амалӣ кардани ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба гирифтани таҳсилот,  идоракунии соҳа, татбиқи сиёсати давлатӣ ва назорати давлатӣ  дар соҳаи маориф  дар қонуни мазкур боби нав – боби 3 «Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф» илова шудааст, ки аз 5 модда иборат мебошад. Ин боб ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нигаронида шуда, сифати таҳсилотро назорат ва идора менамояд.

- Фаъолияти ҳар як соҳа таҳти назорати давлатӣ сурат мегирад. Ин раванд дар қонун чӣ гуна инъикос ёфтааст?

- Назорати давлатӣ дар соҳаи маорифро моддаи 28-уми қонун танзим менамояд, ки дар он фаъолияти таълимии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба риояи иҷрои талаботи стандарти давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаи 29-уми қонун, ки «Иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ» унвон дорад, зикр гардидааст, ки дар соҳаи маориф ин фаъолият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

Тартиби гузаронидани аттестатсия ва баҳогузорӣ, аккредитатсия ва бозхонд намудани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ, ки аз масъалаҳои муҳими соҳа маҳсуб меёбад,  дар моддаи 30-уми қонун пешбинӣ шудааст.

Дар боби 4-уми қонун, ки  «Идоракунии соҳаи маориф» ном дорад, механизми идоракунии соҳаи маориф аз тарафи мақомот, салоҳият ва ваколати мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи қонунгузории мамлакат дарҷ гардидаанд.

- Ба қонуни мазкур боби нав, ки мақоми омӯзгорро муайян ва масъалаҳои ба фаъолияти ӯ рабтдоштаро танзим менамояд, ворид гардидааст. Зарурати ворид намудани боби мазкур ва моҳияти онро ба хонандагони рӯзнома лутфан шарҳ диҳед.

- Ҳама хуб медонем, ки дар меҳвари соҳаи маориф омӯзгор нақши асосӣ дорад ва то чӣ андоза муваффақ гардидан ба таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани сатҳи саводи шогирдон маҳз аз дониш, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобаста аст. Бо назардошти  ин омил дар боби панҷуми қонун мақоми омӯзгор ва масъалаҳои бахшида ба фаъолияти омӯзгорӣ дарҷ гардидааст. Ин иқдом бори дигар возеҳ собит менамояд, ки омӯзгорон дар ҷомеаи мо мақоми махсуси худро доранд ва имтиёзҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои онҳо пешбинӣ шудаанд.

Масалан, дар ин боби қонун қисмати «Мақоми омӯзгор»  хусусиятҳои касбӣ ва маҷмуи омилҳои муайянкунандаи мақоми омӯзгорро дар ҷомеа дар бар мегирад.

Моддаи муҳимтарини дигари ин боб моддаи 52- «Ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор» маҳсуб меёбад, ки тибқи муқаррароти он шаъну шарафи омӯзгор вобаста ба мақоми касбиаш таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст. Инчунин ба фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираҳои касбӣ, тавассути шахсон ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф дахолат карда мешавад ва ғайра.

-Барои хонандагони рӯзнома ҷолиб аст, ки дар таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф кадом имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд?

- Масъалае, ки шумо ба он дахл намудед, дар қонун мавқеи хосро соҳиб мебошад. Дар моддаи 53-уми қонун имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, аз қабили  ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқарраргардида гирифтани рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани собиқаи корӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидан бо доруворӣ ва табобати бепул ҳангоми беморӣ, дар навбати аввал таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ё беҳтар намудани шароити манзил бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомашон махсус фаъолият менамоянд ва ғайра мушаххас пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаи 54  вобаста ба таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф омадааст, ки андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои давлатӣ кам бошад. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулиҳо ба музди меъёри муқарраргардида илова карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи  маблағи ҷудошуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқадодашудаи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияҳо ва маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро баробари аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қитъаи замин ва молумулки дигари тақсимшаванда мутобиқи меъёрҳои барои маҳал муқарраршуда таъмин намоянд. Инчунин давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Дар маҷмуъ, мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» далели возеҳи он аст, ки барои дастгирии ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон аз ҷониби давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ин иқдом аз як тараф, барои ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ба соҳа бошад, аз тарафи дигар, саҳми онҳоро дар тарбияи насли нав дучанд мекунад, инчунин мақоми  омӯзгорро дар ҷомеа баланд мебардорад.

Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»