Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории ҷорӣ такмил меёбад

№151 (3297) 22.12.2014

DSC_2024

20 декабри соли 2014 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа доир гашт.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он».

Доир ба ин масъалаҳо дар алоҳидагӣ хулосаи Кумита қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум  пешниҳод гардиданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ