Робитаҳои байнипарламентӣ -таконбахши ҳамкориҳои судманд

№10 (3156) 28.01.2014

DSC_0937

Бисту чоруми январи соли 2014  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Штировро, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ буда, бо нахустин сафари корӣ дар Душанбе мебошад, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ бо пазиройии самимӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро дар соҳаҳои гуногун, алалхусус байнипарламентӣ нек арзёбӣ карда, зарурати тақвияти робитаҳои байнипарламентиро таконбахши робитаҳо номид.

Дар ин росто, баҳри густариши воқеии робитаҳои байнипарламентӣ пурзӯр намудани фаъолияти Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллиро  муҳим шуморида, афзуд, ки эҳёи институти равобити байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия -  Форуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ  мувофиқ ба мақсад мебошад.

Ҷаноби  Вячеслав Штиров дар навбати худ бо расонидани паёми шодбошии Валентина Матвиенко — Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ба Маҳмадсаид Убайдуллоев аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, зикр сохт, ки тамоми таҷриба ва имконоти  Комиссияи ҳамкориҳои байнипарламентиро баҳри расидан ба ин ҳадафҳои мутақобилан судманд равона хоҳад намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки  ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкориҳои байнипарламентӣ   моҳи апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе созмон ёфта, дар он масъалаҳои марбут ба омодагиҳо ба Форуми чоруми байнипарламентии Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ  ва ҷараёни татбиқшавии созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда хоҳад шуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Шавкат САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон