ҳамовозӣ ба Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари муносибат бо ҷаҳони муосир аст

№71 (3865) 09.06.2018

суратВусъати рӯзафзуни раванди ҷаҳонишавӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои замони муосир мебошад. Ин раванд дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ метавонад пайомадҳои номатлуберо, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайра ба дунбол дошта бошад. Илова бар ин, таҳти ­таъсири бевоситаи ҷаҳонишавӣ мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба омилҳои нигаронкунандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар асоси сиёсати «дарҳои кушода», чун меҳвари аслии муносибатҳои кишвар бо ҷаҳони муосир, Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва судовар будани стратегияи сиёсати хориҷиро нишон медиҳад. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ҳамаҷониба таҳлил гардиданд. Пешвои миллат дуруст, воқеӣ ва судовар будани сиёсати «дарҳои кушода»-ро, ки меҳвари аслии муносибатҳо бо ҷаҳони муосир мебошад, таъкид карданд, зеро он доираи шарикони стратегиро афзоиш дода, барои таъмини фаъолнокии кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Барои ҳалли муаммоҳои зиёде, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир ба мушоҳида мерасанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир мегузорад ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати миллати куҳанбунёд ва фарҳангпарвару башардӯсти тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон силсилаи ташаббусҳоро бахшида ба истифодаи захираҳои об пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби СММ гарм истиқбол гардид. Ин ташаббусҳо ба яке аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистон бо ин созмон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа табдил ёфтанд.

22 марти соли 2018, дар Рӯзи ҷаҳонии об, раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал – «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо, чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Илова бар ин, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои милливу мардумӣ тарғибу ташвиқ шаванд. Ғайр аз ин, Сарвари давлати Тоҷикис­тон роҷеъ ба дигар мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки барои амнияту суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти нав эҷод мекунанд, гаштаву баргашта масъалагузорӣ намуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо саҳми муассир мегузоранд. Ин пешниҳодҳо гуногунанд ва мақсад аз онҳо баланд бардоштани зарфияту имконияти кишварҳои ниёзманд ба хотири мустақилона ҳаллу фасл намудани проблемаҳо мебошад. Ба андешаи Роҳбари мамлакат: «Созмони Милали Муттаҳид бояд барои натиҷаи дилхоҳ додани тадбирҳое, ки ҳадафи онҳо ҳар чӣ камтар сохтани фарқияти дараҷаи пешрафти давлатҳои доро ва қашшоқ мебошад, аз ҷумла, бо роҳи афзунтар сохтани маблағгузорӣ ба иқтисодиёти мамлакатҳои дар давраи гузариши иқтисодӣ қарордошта, ки захираҳои фаровони энергетикию сӯзишворӣ надоранд, саҳм гузорад».

Масъалаи дигаре, ки бо истифода аз минбари иҷлосияҳои Маҷмаи умумӣ ва ҳамоишҳои гуногуни СММ пайваста аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода мешавад, вазъияти муташанниҷи Афғонистон аст, Роҳбари давлат борҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистон қатъиян зидди терроризми байналмилалӣ дар ҳама шакл буда, муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба муқобили он дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ҳамин асос Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ ва Стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ-ро дастгирӣ намуда, роҷеъ ба пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм дар сатҳҳои гуногун таклифу тадбирҳо пешниҳод кардааст.

Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ хеле ҷолибанд. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини амну субот тавассути таҷдиди иқтисодӣ-иҷтимоии Афғонистон ибрози андеша намуданд. Аз ҷониби Созмони Оғохон ва Ҳукумати ИМА пайи ҳам сохта шудани панҷ пули хурду калон дар дарёи Панҷ ва нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, дарёфти ҷойи кор, хариди маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ, гирифтани муолиҷа дар шифохонаҳои ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомоте аст, ки тӯли солҳои охир амалӣ шудаанд.

Баргузории ҷаласаи сарони ҳукумати кишварҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат хеле муҳим арзёбӣ гардид. Вақтҳои охир дар гӯшаҳои олам нооромиҳо торафт паҳн шуда истодааст ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардаанд. Терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройии хушунатомез боиси ташвиш ва нигаронӣ шудааст. Бинобар ин, аъзои созмони мазкурро зурур аст, ки ба хотири таъмини суботу оромӣ ҳамкориро дар бахши амният тақвият бахшанд

Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Осиё — Ҷумҳурии Халқии Хитой, Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Ҳиндус­тон, Ҷопон, Корея ва ғайра дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон авлавият доранд. Тоҷикистон бо аксари ин кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву илмӣ қарордоду шартномаҳо ба имзо расонидааст.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки Тоҷикис­тон хостори барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон аст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумаки худро афзоиш диҳанд. Барқарор шудани сулҳу оромӣ дар ин кишвар на танҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои кишварҳои Аврупову Амрико низ хеле муҳим мебошад.

Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои Аврупо ва Амрико низ тақвият диҳад. Имрӯз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишварҳо вусъат ёфта, дар самти дуҷониба ва бисёрҷониба чанд шартномаи байниҳукумативу байнипарлумонӣ амалӣ гардида истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чӣ бештар ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро бо кишварҳои минтақаи мазкур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахши энергетика, мутахассисони баланд­ихтисосро ба бахши низоми бонкӣ ва соҳаи маориф ба роҳ монда истодааст.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакатро мат­раҳ ва фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва умуман, ҷомеаро барои як марҳалаи томи оянда муайян менамояд. Аз ин хотир, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар он зикршуда ба рушди устувори мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

доктори илмҳои таърих, профессор