дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум
Ҷаноби Олӣ, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Ҳозирини гиромӣ!
Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин айёми нотакрор, қабл аз ҳама, бо камоли эҳтирому самимияти беназир миннатдорию сипоси худро ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон ва аҳли ҷомеаи кишвари азизамон равона месозанд ва ҳамчун намунаи бемисли меҳанпарастию давлатсозӣ, рушду нумӯи диёри арҷмандамон барои мо ва наслҳои имрӯзаю ояндаи мамлакатамон асрҳо ибратбахшу арзишманд хоҳад монд, барои боварӣ ва дастгириҳои пайвастаашон изҳор менамоям.
Бе ягон тамаллуқ, фаъолияти беҳамтою созандаи Сарвари давлатамон, рафтору пиндору гуфторашон ҳамчун асосгузор, бунёдгузор ва созандаи давлатдории навини тоҷикон барои ҳамаи онҳое, ки бо дарки масъулият баҳри муҳайё сохтани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон заҳмат мекашанд, идеали зиндагӣ ва фаъолият гардидааст.
Маҳз бо заҳматҳои хастанопазирашон ин шахсияти бемисли сиёсӣ мавҷи бедории миллиро дар қалби миллионҳо сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри бунёди ҷомеаи навин ҷойгузин намудаанд, ки имрӯз қувваи бузургтарини аҳли ҷомеаамон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ гардидааст.
Барои дастгирӣ, дастуру раҳнамоиҳо ва ғамхории пайвастаатон бори дигар аз номи худ ва аъзои Маҷлиси миллӣ ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзи сипос ва миннатдории самимӣ намуда, ҳамеша саодатмандӣ, фараҳмандӣ ва комёбиҳои беназирро ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ки ба нафъи халқу Ватани маҳбубамон нигаронида шудаанд, орзу менамоем.
Ҳамзамон ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии номзадиям эҳтиромона миннатдории худро баён намуда, ба шумо дар фаъолияти қонунгузорӣ барору муваффақиятҳо орзумандам.
Он боварие, ки Сарвари давлатамон ба ҳар яки мо на танҳо ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба ҳайси намояндаи Президенти мамлакат дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо изҳор намудаанд, ҳамарӯза беш аз пеш тақозо менамояд, ки тамоми неруи созанда ва захираю имкониятҳоро баҳри рушду нумуи муттасили иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷомеаамон равона намоем.
Дар ин самт ба ҳамагон комёбиҳою дастовардҳои навинро таманно дорем.
Ба диққататон ташаккур!