Сеюми марти соли 2015 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини раиси кумита Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ оғоз намуд ва барои баррасӣ ба аъзои кумита ду масъала — «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи деҳоти «Қабодиён»- и ноҳияи Қубодиён»- ро пешниҳод намуд.
Аъзои кумита Сатториён Матлубахон Амонзода, Тиркаш Қаробоев ва Имомёрбек Қаландарбеков нисбати масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа пешниҳодшуда фикру андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар охир оид ба масъалаҳои баррасишуда таври алоҳида хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»
Суратгир А. ИСОЕВ