Ҳафтуми ноябри соли равон таҳти раёсати Убайдулло Қурбонов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи он Убайдулло Қурбонов минҷумла зикр намуд, ки ба рӯзномаи ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ворид мебошанд.
Сипас, мавсуф масъалаҳои мавриди баррасиро таври муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита низ оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа андешаҳояшонро иброз доштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда таври алоҳида хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ