Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиру иловаҳо қонунҳоро мукаммал мегардонанд

№137 (3283) 20.11.2014

DSC_15441

Ҳаждаҳуми ноябри соли 2014 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита масъалаҳои зерини рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор доданд:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», доир ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент» ва «Оид ба тағйир додани номи деҳаи ноҳияи Ашт» ва доир ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи деҳаи Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Қубодиён» ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Бохтар».

Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита Сатториён Матлубахон Амонзода, Тиркаш Қарабоев, Ҷамила Кенҷақулова, Имомёрбек Қаландарбеков ва Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон роҷеъ ба масъалаҳои мавриди баррасӣ фикру мулоҳизаҳояшонро иброз карда, таъкид ба он намуданд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда қонунҳоро боз ҳам мукаммал мегардонанд.

Аъзои кумита доир ба масъалаҳои баррасишуда таври алоҳида хулосаҳои кумитаро қабул карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ