Бисту дуюми феврали соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд.
Раиси кумита Саймурод Тағоев ҷаласаро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки ба рӯзномаи ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» (бо мақсади иҷрои супориши протоколии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз 27 феврали соли 2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд.
Аъзои кумита М.Зувайдов, З.Раҷабова ва Ф.Шоиддинов доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита қабул ва ба иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Д. МЕРГАНОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ