Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Тағйиру иловаҳои воридшуда қонунҳои амалкунандаро тақвият мебахшанд

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

DSC_0989

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар дар толор ҳузур доранд. Барои дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ иштирокашонро тасдиқ намоянд. Мар¬ҳамат.

Дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Тавре иттилоъ доред, ҷаласаи имрӯзаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1528 аз 2 ноябри соли 2013, ки мутобиқи он рӯзномаи иҷлосия муайян гардидааст, баргузор мегардад.

Дар робита ба ин, мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Оид ба ин масъала матни лоиҳаи қарори зерин пешниҳод мешавад:

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи  Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:

Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

DSC_1027

Раиси Котибот:

Абдуллоев Иброҳим Ғоибназарович

Аъзои Котибот:

Ғаниева Гулчеҳра Самеевна

Зувайдов Маҳмасаид Маҳмудович.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Чӣ гуна таклифҳо доред?  Бо назардошти пешниҳодатон лоиҳаи қарори ироагардидаро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайати Котибот интихоб шуданд, хоҳишмандам ба ҷойҳои кориашон гузаранд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1528 аз 2 ноябри соли 2013 «Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба баррасии Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум масъалаҳои зерин пешниҳод гардидаанд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

3. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шуруъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0189Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мукаммалнамоии қонунгузорӣ, мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 9, 17 ва 18-уми қонуни амалкунанда иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла, ба қисми 2 моддаи 9-уми Қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки тибқи он минбаъд он ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сурат мегирад.

Ғайр аз ин, ба қисми 3 моддаи 9 баъд аз калимаҳои «қонуни мазкур» калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» илова карда шуда, мутобиқи он минбаъд аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қонуни амалкунанда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.

Ба сархати панҷоҳу чоруми моддаи 17-уми қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки он доштани иҷозатномаро барои фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар назар дорад.

Илова бар ин, ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 18 илова ворид карда шудааст, ки он тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёриро дар бар мегирад.

Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ аст. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»  мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешни-ҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат аст. Тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 48 ва 52-юми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла, ба қисми 3-юми моддаи 48-уми қонуни амалкунанда сархати нави чорум илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ, дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, дода мешавад.

Илова бар ин, ба моддаи 52 қисми нави 9 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии давлатиро гузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ, аз ҷониби  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ гузаронида мешавад.

Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо хоҳишмандем қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шуруъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст.

Аз ҷумла, бо мақсади мутобиқгардонӣ ба матни моддаи 31-уми қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки тибқи он минбаъд ваколатҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироте, ки ба қисми 1 моддаи 65-уми қонуни амалкунанда ворид карда шудааст,  минбаъд хулосаи берунӣ ба ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 октябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироти дигаре, ки ба қисми 2 ҳамин модда ворид гардидааст, минбаъд шахсони мансабдори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ва мукаммал будани маълумоти дар хулосаи он зикрёфта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

Бо назардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёров Бахтиёр Таварович дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0243Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкурро бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2013 қабул кардааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — мутобиқ намудани муқаррароти Кодекс ба меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин тақвияти муқовимат бо коррупсия иборат мебошад.

Бо ин мақсад, диспозитсияҳои қисмҳои дахлдори моддаҳои 1792 ва 262 Кодекс, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноятҳо дар соҳаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муайян менамояд, мушаххас гардонида шудааст. Мувофиқи он маблағгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фаъолияти террористӣ ба мақсади дарки он ки ин воситаҳо аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ истифода мешаванд, ҷиноят эътироф карда шуда, чунин кирдор тибқи талаботи моддаи 1792 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст карда мешавад.

Ҳамзамон, тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 319, 320 ва 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ҷавобгарии ҷиноятиро нисбати шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ барои гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ пешбинӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо масъалаи ниҳоии рӯзнома- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Сухан оиди ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Илолов Мамадшо дода мешавад. Марҳамат.

ИлоловМамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонуни амалкунанда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли равон қабул намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2006 қабул шудааст ва ба он то ҳол тағйирот ворид нашуда буд.

Ба моддаҳои 1 ва 6-уми қонуни зикргардида тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо масъалаҳои супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд.

Ба моддаи 1-уми қонуни мазкур қисми сеюм илова карда шудааст. Тибқи он муқаррар карда шудааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I мебошад.».

Инчунин моддаи 6 дар таҳрири нав ба таври зайл ифода карда шудааст:

«Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I аз ҷониби раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, дар ҳамин маврид Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».

Кумитаи мо лозим мешуморад, ки қонуни мазкур қобили дастгирист ва онро ба баррасии шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Раиси Котибот гуфтанӣ доред? — Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? — Нест.

Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шумо- ҳозирини арҷманд барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия миннатдории самимӣ изҳор менамоем.

Ба шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва пирӯзиҳои беназирро аз даргоҳи Худованди мутаол орзумандем.

Бо ҳамин Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  садо медиҳад)

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ