11 апрели соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари парламентии худ дар Форуми байналхалқии «Дурнамои иқтисодии АврОсиё», ки дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург доир гардид, ширкат ва дар ҷаласаи пленарии он суханронӣ намуд.
Форуми мазкур бо ибтикори Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия созмон ёфта, дар кори он роҳбарон ва узви парламентҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё, намояндагони созмонҳои марбута, доираи васеи олимони бахши иқтисод, роҳбарони донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия ширкат намуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронии худ зарурат ва моҳияти тақвияти робитаҳо ва ҳамоишҳои иқтисодиро дар фазои АврОсиё талаботи вақт ва ҷавобгӯйи ниёзҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзо арзёбӣ намуда, ба ташаббускорон барои расидан ба ҳадафҳои созандаву тарҳрезигашта барору комёбӣ таманно сохт.
Ӯ, аз ҷумла афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ибтидои дарёфти истиқлолияти давлатӣ ҳамеша барои фаъолнокии равандҳои интегратсионӣ, таъсиси созмонҳои байнидавлатӣ ва байнипарламентие, ки ба ин равандҳо тақвияти тоза бахшида, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи ҳоса зоҳир мекунад.
Дар ин росто, таъкид сохт, ки барои густариши равандҳои интегратсионӣ, пеш аз ҳама фароҳам овардани фазову заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, саҳми парламентарҳои кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон басе муҳим аст. Аз ин рӯ, минбаъд низ чунин ибтикорот ва фаъолият идома дода хоҳад шуд.
Шавкат САИДОВ,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ