Тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ амри воқеӣ аст

№108 (3254) 17.09.2014

DSC_07721

15 сентябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Игор Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

DSC_07671

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пазиройии самимӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россияро мувофиқ ба тафоҳумоти мавҷудаи роҳбарияти олии кишварҳо дар соҳаҳои гуногун, алалхусус байнипарламентӣ нек арзёбӣ карда, зарурати тақвияти робитаҳои байнипарламентиро чун амри воқеӣ таконбахши робитаҳо номид.

Аз ҷумла  ҷонибҳо зимни мулоқот баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва тавассути он таҳким бахшидан ба заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳо ҷузъиёти барномаи ҳадафманд баргузор намудани «Форуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ»-ро, ки 22-25 октябри соли 2014 дар шаҳр ва вилояти Москваи Федератсияи Россия сурат мегирад ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳро  баррасӣ намуда, аз омодагии парламентҳо ва гурӯҳҳои корӣ махсус таъкид карданд.

Қобили зикр мебошад, ки «Форуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз соли 2006-ум инҷониб фаъол буда, муттасил рисолати хешро баҳри рушди муносибатҳои ҳасанаи байнипарламентӣ адо менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи Форуми дарпешистода сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба Федератсияи Россия доир мегардад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон