Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили қонунҳо — тақозои замон

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

DSC_0777

14 майи соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Убайдулло  Қурбонов ҷаласа баргузор шуд.

Раиси кумита Убайдулло Қурбонов масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»-ро тавзеҳ дод.

Аъзои кумита низ доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар анҷоми ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасигашта хулосаҳои кумита ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардид.

Далер МЕРГАНОВ,«Садои мардум»