Бисту сеюми декабри соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид.
Аъзои Кумита масъаларо дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 декабри соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
- Қонуни мазкур бо мақсади татбиқи «Барномаи ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 тасдиқ гардидааст, таҳия ва қабул карда шудааст, — иброз дошт раиси Кумита ва ба суханонаш афзуд:
- Ҳадафи асосии қонун такмили низоми амалкунандаи ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷиҳати ташаккули системаи муосир ва самараноки мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ба шумор меравад.
Моддаи 11-уми қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он ҳуҷҷати электронӣ баимзорасида эътироф карда мешавад, агар ҳангоми ба имзо расидани он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандсозии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, истифода шуда бошанд.
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо ба 13 моддаи қонуни мазкур ворид карда, бобҳои 3 ва 4 хориҷ шудаанд.
Аъзои Кумита оид ба қонуни мазкур хулоса қабул карда, онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»