Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29 марти соли 2010 таҳти №859 Тиркаш Қарабоев дар қатори 8 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад. Ҳоло ӯ узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ мебошад. Дар мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ҳамчун шахси соҳибмаълумот ва таҷрибаи бойи роҳбаридошта фаъолият менамояд.
Соли 1979 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷандро бо дипломи сурх хатм кардааст. Шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Саратов (солҳои 1989-1991) буд. Дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ , аз ҷумла мудири шуъбаи идеологии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳритус, раиси ноҳияи Шаҳритус (солҳои 1997-1999), солҳои 1999- 2000 раиси ноҳияи Бешкент (ҳоло Носири Хусрав) кор кардааст.
Ҳоло раиси хоҷагии деҳқонии «Янгиобод»-и ноҳияи Шаҳритус мебошад.
Аввалан суҳбати мо атрофи фаъолияти Тиркаш Эргашевич ба ҳайси роҳбари хоҷагии деҳқонӣ сурат гирифт.
-Дар ибтидо, — нақл менамояд ӯ, -барои фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳдудият, садди сунъӣ ба назар мерасид. Намегузоштанд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба шароит ва имконоти молиявӣ корро ба роҳ монанд.
Хушбахтона, ин монеаҳо паси сар шуданд ва шароити муносиб барои ривоҷи кишоварзӣ фароҳам омад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ба рушди фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳаҳои кишоварзӣ имконоти ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Мутобиқи қонуни мазкур ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имконияти зиёд дода шуд ва онҳо дар интихоби кишти зироати кишоварзӣ озоданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд зироате кишт намоянд, ки ҳосили зиёд ва даромади бештар гирифта тавонанд. Ин ҳам ба фоидаи хоҷагии деҳқонӣ, аъзои он ва ҳам воситаи ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мешавад.
Шаҳритус минтақаи гармтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар иқлими гарми он на ҳама зироат, мева ва дигар намуди маҳсулот ҳосили хуб дода метавонад.
-Дар таҷриба мушоҳида намудем, ки, — мегӯяд Тиркаш Қарабоев, -ин ҷо ба парвариши себ, нок, шафтолу мувофиқ нест. Аммо зироати ба гармӣ мутобиқ, аз ҷумла тарбузу харбуза, ангур, анор ва меваҳои ситрусӣ ҳосили зиёд медиҳанд. Парвариши бодому зардолу хоси ин минтақа мебошад.
Аз ин сабаб дар хоҷагии деҳқонии «Янгиобод» 1,5 гектар бодом ва як гектар боғҳои нави зардолу бунёд кардаанд. Дар ин майдон ниҳоли зардолуи пешпазаки минтақаи Конибодом шинонданд.
-Ин навъи зардолу, — мегӯяд дар идомаи суҳбат Тиркаш Қарабоев, — дар минтақаи Шаҳритус тез ба ҳосил медарояд. Метавон гуфт, ки пеш аз ҳама ба бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ва пойтахтамон зардолуи пешпазаки ноҳияи мо ба фурӯш бароварда мешавад. Бо таъми шириниаш фарқ мекунад.
Дар ин минтақа, бешубҳа, пахтакорӣ аз зироатҳои асосӣ ва сердаромади кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол аз 20 гектар замини обии хоҷагӣ дар даҳ гектари он кишти пахта мегузаронанд. Хоҷагӣ аз навъҳои пахтаи «Сорбон», «Бухоро-6», «Тоҷикистон» истифода мебарад. Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ Тиркаш Қарабоев ин навъҳои пахта миёнанах буда, ҳосили хуб медиҳад.
Иқлими гарми Шаҳритус ва умуман қисми ҷанубии ҷумҳурӣ ба кишти пахтаи навъҳои маҳиннах хеле мувофиқ аст. Солҳои қаблӣ дар ин минтақа бештар пахтаи маҳиннах кишт мекарданд. Ин навъи пахта дар таҷрибаи солҳои зиёд бартарии худро нишон дода, ба гармӣ ва касалиҳои хоси зироатҳои кишоварзӣ тобовар мебошад. Нахи маҳин ва пурқуввати он дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад. Нархаш нисбат ба пахтаҳои миёнанах қимат аст. Яъне, аз ин ҳисоб низ хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор метавонанд даромади бештар гиранд.
Аммо солҳои охир майдони кишти навъҳои пахтаи маҳиннах торафт кам мешавад. Ба мақсад мувофиқ мебуд агар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ин навъи пахтаи гаронбаҳо таваҷҷуҳи бештар мекарданд. Бисёр навъҳои нави пахтаи маҳиннах маҳз дар ҷумҳурии мо ихтироъ шуда, баъди озмоиш ба истеҳсолот тавсия шуда буданд. Дар ин соҳа таҷриба низ дорем. Танҳо онро такмил ва дар амал ҷорӣ намудан лозим аст.
Дар хоҷагӣ дигар намуди зироат низ кишт намуда, ҳосили фаровон мегиранд. Порсол аз майдони панҷ гектар бештар аз 200 тонна пиёз содирот намуданд. Бо усули киштгардон аз ҳисоби зироатҳои барвақтӣ давоми сол ду ҳосил ва аз он бештар мегиранд. Кишоварзони хоҷагӣ мақсад доранд, ки бо истифода аз таҷриба ва усулҳои нави зироаткорӣ маҳсулоти бештар истеҳсол намоянд, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гиранд ва ба дигар давлатҳо маҳсулоти зиёдатии худро содирот кунанд.
-Дар хоҷагии деҳқонии «Янгиобод» ба масъалаи ободонӣ низ аҳамияти калон медиҳанд. Сокинони деҳот дар ин хусус ташаббускоранд. Се сол пеш, — мегӯяд Тиркаш Қарабоев, — дар деҳаи Янгиобод бо дастгирии мардуми деҳот мактаб барои 624 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббии нав низ тариқи ҳашар бунёд ефт, ки ҳоло мавриди истифода қарор дорад.
Мувофиқи дастуру ҳидояти Сарвари давлат ҳамасола ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, пирону маъюбон кӯмак карда мешавад. Порсол бо дастгирии хоҷагии деҳконӣ хатнатӯйи беш аз 20 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат баргузор шуд. Ба фарзандони чунин оилаҳо китобҳои дарсӣ, сарулибоси мактабӣ туҳфа гардид.
Аз ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ оилаҳои эҳтиёҷманд бо гандум, биринҷ, дигар маводи ғизойӣ таъмин мешаванд.
Тиркаш Қарабоев аз он изҳори миннатдорӣ мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ ӯро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудааст. Ин барояш боиси ифтихор аст, аммо масъулияти баландро низ тақозо менамояд. Мавсуф узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ мебошад. Вай дар ҷаласаҳои кумитаи мазкур ва дигар чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона дорад. Ҳамзамон узви Комиссияи доимӣ оид ба иқтисод ва молияи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ мебошад.
Ҳамчун узви ин Комиссияи доимӣ дар муҳокима ва омодасозию баррасии масъалаҳои мавриди муҳокима иштирок менамояд. Ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳои моделии (намунавӣ) АБП давлатҳои иштирокчии ИДМ нуқтаи назар ва таклифҳои худро пешниҳод намудааст.
Ба ҳайси нозир ва намояндаи Шӯрои АБП дар маъракаҳои интихоботии чанде аз давлатҳои аъзои ИДМ иштирок дошт. Вобаста ба чорабинӣ, семинару вохӯриҳо бахшида ба интихобот дар шаҳрҳои Алмаато, Боку, форуми байналмилалӣ дар Франсия иштирок ва суханронӣ кардааст.
Аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.
Ҳайати парламенти ҷумҳурии мо иштирокчии фаъоли ҳамаи чорабиниҳои АБП давлатҳои аъзои ИДМ, дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад ва дар таҳкими равобити байнипарламентӣ саҳми бештаре мегузоранд, ки Тиркаш Қарабоев аз ҷумлаи онҳост.
Барои чунин ҳамкории фаъолонааш узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиркаш Қарабоев бо Ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ қадрдонӣ шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»