Ба ин ва дигар пурсишҳои хабарнигорамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ба тариқи зайл посух дод:
- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда беш аз 142 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул намуданд, ки 90 — тоашро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 57 ададашро созишномаҳо ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии қонунҳои қабулшуда 4 — то аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 56 адад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 адад аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ, 12 адад аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон ва 17 адад якҷо аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Дар ин давра бо мақсади шинос шудан аз рафти амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар се муҳокимаи парламентӣ ва як қатор ҳамоишҳо гузаронида шуд. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ду маротиба бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.
- Ба андешаатон соли гузашта дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар чӣ нақш боқӣ гузошт?
- Соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳа ба комёбиҳои беназир ноил гаштанд. Мардуми Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки танҳо бо татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат ба ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардонидани он имконпазир аст.
Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро тадриҷан амалӣ карда истодааст. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба истифода дода шуданд. Фақат соли 2021-ум 256 корхонаю коргоҳи нав бо 2500 ҷои кор ба фаъолият оғоз намуд.
- Муносибатҳои байнипарлумонӣ дар кадом сатҳ қарор дошт?
- Дар вазъияти мураккаби сиёсӣ ва шароити номусоиду тағйирёбандаи дунё густариши робитаҳои байнипарламентӣ низ моҳияти нав пайдо мекунанд. Ҳадафи асосӣ аз таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудани манфиатҳои милливу давлатӣ ва шоиста муаррифӣ намудани кишвар мебошад.
Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Давлати Ҷопон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Парламенти Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар сатҳи хуб ба роҳ монданд.
- Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки: «Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд». Доир ба ин масъала чӣ андеша доред?
- Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.
Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо, риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим аст. Зеро риоя нагардидани талаботи қонун ба поймолшавии ҳуқуқи инсон, зери суол рафтани манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва рух додани бенизомӣ боис мегардад. Бо ин мақсад Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории доимиро бо ҳама сохтор ба роҳ мондааст.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»