Аҳамияти илмҳои дақиқ дар саноатикунонии кишвар

№18 (4280) 09.02.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар (18.03.2020) зикр карданд: «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».

Вобаста ба ин пешниҳоди Сарвари давлат моҳи июли соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 ҷиҳати татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намудани солҳои 2020-2040 қабул гардид. Тибқи он, дар марҳилаи аввал таҳия ва татбиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ба нақша гирифта шудааст.

Марҳилаи кунунӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоид буда, дар ин зимн шиори ҳар хонадон бояд «Дар саноатикунонии босуръати кишвар бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона саҳм мегузорем» гардад. Зеро бе саноатикунонии кишвар расидан ба ҳадафҳои дигар, аз ҷумла, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат нисбатан душвор хоҳад буд.

Боиси хушнудист, ки ҳоло соҳаи маорифи кишвар ба усули нави таълим — таълими салоҳиятнокӣ гузаштааст ки асоси онро хонандаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори рушдёбандаи меҳнат, сазовору содиқ ба Ватан ва муқаддасоти он, шахсе, ки донишҳои андӯхтаашро дар ҳаёт татбиқ карда метавонад, ташкил медиҳад.

Тавре ки бузургон фармудаанд:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Маъмулан, асоси илмҳои дақиқро математика, физика, химия ва биология ташкил дода, маҳз ҳамин илмҳо доир ба чор унсури муҳими табиат (обу хоку боду оташ) маълумот медиҳанд.

Муҳаббат ба ин илмҳо дар мактаби миёна дар дили хонанда ҷой карда мешавад, ки ба маҳорату дониши муаллим вобастагӣ дорад. Хусусиятҳои ҷустуҷӯӣ, эҷодӣ ва кунҷковӣ доштани супоришҳои математикӣ барои рушди истеъдод, зеҳн ва ҷаҳонбинии толибилмон манфиатовар аст. Вазифаи омӯзгор аз он иборат аст, ки алоқаи мустақими илм­ҳои дақиқро ба ҳаёти рӯзмарра нишон диҳад, ба хонандагон мантиқан фикр кардан, хулосаи дуруст бароварданро омӯзад. Фаҳмонад, ки илмҳои дақиқ бевосита дар асоси эҳтиёҷоти инсон пайдо шудаанд ва зиндагии ҳаррӯзаи моро бе онҳо тасаввур кардан душвор аст.

Тафаккури математикӣ як ҷузъи фарҳанг аст, на танҳо барои рушди илм­ҳои дақиқ чун риёзиёт, физика, химия, балки барои рушди илмҳои дигар мусоидат менамояд.

Баланд бардоштани тафаккури математикӣ, бедор намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба илмҳои дақиқ ва ташаккули қобилияту истеъдоди онҳо дар сурате имконпазир мегардид, ки омӯзгор мафкураи хонандаро бо истифода аз усули нави таълим, овардани мисолҳо аз ҳаёт (ҳатто аз ҳаёти хонандагон), ғанӣ намояд, таваҷҷуҳи онҳоро ба мавзӯъ ҷалб карда тавонад.

Мувофиқи маълумоти физиологҳо ва равоншиносон, дар зинаи дуюми таҳсилот (синфҳои 6-8) таваҷҷуҳи хонандагон дар раванди таълим ба омӯзиши фанҳои дақиқ то андозае кам мегардад. Дар чунин ҳолат омили муҳим ташкили бомуваффақияти дарс ва ба омӯзонидани дониш ҷалб карда тавонистани таваҷҷуҳи онҳо ба мавзӯъ, истифодаи методҳои наву замонавӣ ва ҷолибу шавқовар гузаронидани машғулият мебошад.

Ҳоло зарурати муносибати нав ба омӯзиши илмҳои дақиқ пеш омадааст. Илмҳои дақиқ дар заминаи воқеият, аз ҷумла, саноатикунонии кишвар, ки аз ҷавонон кор карда тавонистан бо техника ва технологияи навинро талаб мекунад, бояд таълим дода шавад.

Масъулони соҳаро зарур аст, ки ба сатҳу сифати таҳсилот аз ҳарвақта дида бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ, азхудкунии илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ҷиддитар намоянд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

Б. АҲМАДЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон