А. Лориҷонӣ: Тоҷикистон шарики асосии Эрон дар Осиёи Марказӣ

№17 (3163) 18.02.2014

DSC_0075

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон кишвари моро яке аз шарикони асосии иқтисодии  кишвараш дар Осиёи Марказӣ унвон намуда, гуфтааст, ки Эрон хостори тавсеаи ҳар чӣ  бештари муносибот бо Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун аст.

Мулоқоти  раисони парлумонҳои Тоҷикистону Эрон, ки 17 феврали соли 2014 дар Теҳрон баргузор гардид, фарогири масоили марбут ба тақвияти равобити байнипарлумонӣ ва соири масъалаҳои таваҷҷуҳи назар буд. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият дорад ва мо имкон дорем, ки дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкории судманд дошта бошем.

- Парлумони Тоҷикистон, ки барои тавсеаи равобити ҳасана миёни Тоҷикистону Эрон саҳми худро гузоштааст,  имрӯз низ талош дорад, ки тамоми асосҳои зарурии ҳуқуқиро дар ин самт фароҳам оварад, — иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф афзуд, ки  то имрӯз дар ин самт санадҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки равобити муштаракулманофеи ду давлатро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ба танзим медароранд.

- Мо,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- итминони комил дорем, ки бо ҷаҳду талошҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дастгирии шумо равобити самарабахши ду кишвар тадриҷан ба омили муҳимтарини ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат менамоянд. Зикр шуд, ки ҳанӯз дар равобити ду кишвар имконоти истифоданашуда вуҷуд доранд ва бояд  ин зарфиятҳо ба таври зарурӣ истифода гарданд, то барои тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногун мусоидат намоянд.

Алии Лориҷонӣ — Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, назири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи Душанбеву Теҳрон арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки истифодаи таҷрибаи якдигар,  дар заминаи таҳияву қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ барои парлумонҳои ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим аст.

АМИТ «Ховар»