Дар сӯги дӯсти арҷмандам – вакили ҷавонмарг Сӯҳроб Шарипов
Субҳи он рӯз ҳаво аёсу офотобӣ буду дили ман гирифтаву абрӣ. Озими Мастчоҳ будам, маҳалли пайвандону ақрабо. Телефонам мекарданд, ки ҳар чӣ зудтар бояд биёям, ҳоли модари ранҷурамон рӯ ба вахомати шадид овардааст. Таксии мо аз Варзоб мегузашт, ки занги телефон боз баланд шуд: овози пур аз шевани бародарам Абдувосид: – Модар даргузашт!
Воҳ!…
Дилгиру ошуфтаву мотамзада нигоҳам сӯи пеш дӯхта шуд, гӯё саъй мекардам, ки бубинам дар дуриҳои масофату вақт боз чӣ чизе пайдо карда метавониста бошам ва бубинам, ки оё рӯҳи модари маҳҷурамро, ки бе падруду хайрбоди писари раҳдураш ба малакути Илоҳӣ болафшон шудааст, оё медида бошам. Аммо ашкони сӯзанда аз чашмонам ба рӯйи рухсор мерехту пешопешам ҳама булӯрину миҳолуд менамуд…
Телефон боз занг зад, ин бор садои Ҳикматуллоҳ буд, аз пайвандони Сӯҳроби ноком. Ӯ ҳам мегирист:
– Устод, хабари нохуш дорам! Сӯҳроб фавтид!…
Ман тавону маҷоли сухан ёфтану чизе гуфтан надоштам, зеро ҳаяҷону ҳисси ноҳинҷор гулӯгирам карда буд, дар ваҳмам намеғунҷид, ки модари меҳрубону мудом чашм дар роҳи ман аз мо мераваду дигар ӯро нахоҳам дид. Ва дар моварои ҳамин фосилаи ғуссабор боз як шумхабари дигар – азизтарин дӯсту ҳамкорамро марги бетараҳҳум гиребон гирифтааст ва ӯ ҳам акнун дигар аз мо ҷудосту дар олами бақост.
Аз бемории ногаҳонии Сӯҳроб огоҳ будам ва медонистам, ки дар дармонгоҳ бистарист. Ҳар гоҳ ба аёдаташ мерафтам, гоҳ бо ҳамкорону гоҳе ҳам тани танҳо. Аммо мутобиқ ба табъу хӯи фитрияш болидаву сабукрӯҳ буд, агарчӣ табибон вазъи саломатиашро нохуб таъриф мекарданду моро ҳам умед медоданд, ки дар андак муддат Сӯҳроб сари ҳолу солим бармехезад. Ва ҳафту ҳашт рӯз бештар нашудааст бистарӣ шуданашро. Ҳоло ин шумхабар…
Дар ҳамкорию ҳамёрӣ Сӯҳробро бештару амиқтар шинохтам. Ҷавоне пур аз рӯҳияи нишоту шодмонӣ ва пур аз таҳарруку ибтикор, як шахсияти нодиру арҷманди миллӣ барои банда, балки барои ҷумла атрофиёне, ки ӯро аз наздик медонистанд, шинохта шуда буд. Кору фаъолияташ низ дар ин чаҳорчӯба рақам мехӯрд. Ӯ Тоҷикистонро бо бофтҳои иқтисодӣ, бо бардоштҳои илмию фарҳангӣ, бо мақоми калидияш дар минтақаву ҷаҳон ҷузъу ҷузъ ва ваҷаб ба ваҷаб мешинохт, аз муҳити иҷтимоию иқтисодию сиёсии минтақаву ҷаҳон огоҳии тамом дошт ва дар нишастҳои расмии дохилию хориҷӣ, конфронсу симпозиумҳои гуногун баррасию гузоришҳои ҷомеъву комил ироа менамуд, бо тамоми тавону неру манфиатҳои кишварро огоҳона, мудаллал ва бо қотеъияти тамом дифоъ мекард, ба бадхоҳону рақибони мо буррову ҷасурона посух медод, дар матбуот низ ин гуна омилонаву олимона гузоришу таҳлилу тафсир мунташир мекард.
Сӯҳроб воқеан олим буд, олими амал. Хеле бармаҳал дараҷаи доктори илми сиёсатшиносиро ба даст овард. Ӯ таълифоти зиёде дорад ва осораш дар дохили кишвару берун аз он, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати зиёд доранд.Шогирдони бисёреро низ тарбия кардааст, ки бо итминон метавон гуфт, ин мактаби расои илмиашро идома хоҳанд дод.
Сӯҳроб, ҳамчунон ки ошиқи зиндагӣ буд, ба ҳамон андоза ба хонаводаву ҳамсару фарзандон муҳаббат дошт. Бежану Некӣ, ду фарзанди ӯ, номбардорони падаранд. Некӣ, исми духтараш, бармалокунандаи сиришту замири пур аз наҷобати Сӯҳроби ҷавонмарду пурармону нокому ҷавонмарги мост, яъне, дар ин ҷаҳони пур аз тазод танҳо наку андешиду наку кор карду наку рафтор кард…
Ба ин тартиб, Сӯҳроб Шарипов шахсияте буд, ки дар муҳити сиёсию илмию маънавии мо нотакрор, барои ҳаммаромону ҳампайкорҳояш фарди азизу муътабару ниҳоят муҳими кишвар маҳсуб мешуд ва барҳақ марги нобаҳангоми вайро як зоеъаи бузург барои илму сиёсати кишвар мехонанд. Аммо ман, ки бевосита бо ӯ ҳамкории наздиктаре доштам, то ҳанӯз бовар намекунам, ки Сӯҳроби зиндадилу самимию ҳақгӯю ҳақталош дигар дар байни мо нест. Бо умед ҳар гоҳе ба дари бастаи дафтари кориаш менигарам, ки ҳоло-ҳоло шодона пайдо шуда, онро боз мекунад. Бале, ҳамин умед аст, ки маро аз набудани ин ёри азиз тасаллӣ медиҳад. Сӯҳроб ҷисман аз миёни мо дур шудааст, аммо пайкорҳои хастанопазиру ниҳоят арзишманди илмию сиёсиаш, накукориҳову наҷобату рафтори неку шоистааш мудом дар ёду хотироти мо зинда хоҳад буд.
Ҳаким Фирдавсии бузург низ нуктапардозона мефармояд, ки дар ин ҷаҳон мард бояд буду бо мардум буд, ҳамчун Сӯҳроб:
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Ба гетӣ намонад ба ҷуз мардумӣ!
Олим Салимзода