Нуздаҳуми июни соли 2013 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин ворид шуданд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»
3. Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт»
4. Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе – «Шаҳри бехатар»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»
8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»
9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ».
Раисикунанда:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.
Салимзода Шерхони ОДИНА:-Муҳтарам Раисикунанда, муҳтарам Раёсат, вакилони гиромӣ!
Аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз се сол сипарӣ шуд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар доираи амалӣ намудани ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ қабул гардида, ҷавобгӯй ва баёнгари рушди равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон мебошад, бо ба салоҳияти суд додани ҳалли баъзе масъалаҳо, ба монанди иҷозати татбиқи ҳабси пешакӣ, ҳабси хонагӣ, кофтукови манзил, гӯш ва сабти гуфтугӯйҳои телефонӣ ва дигар гуфтугӯйҳо ва ғайраҳо, муқаррар намудани салоҳияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ин равандҳоро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ таҳкиму тақвият бахшида, судро ҳамчун мақоми таъқиби ҷиноятӣ истисно намуда, дастрасии шаҳрвандонро ба адолати судӣ васеъву фарох гардонид.
Дар баробари ин, таҷрибаи татбиқи кодекси мазкур нишон дод, ки дар баъзе масъалаҳо муқаррароти он ниёз ба такмил дошта, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои алоҳидаи он тақозои рӯз мебошад.
Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро таҳия карда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, бо назардошти таклифҳои кумитаҳо, бо ворид намудани баъзе тағйирот, инчунин аз нигоҳи имлоӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мукаммал гардонида шуд.
Моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро муқаррар намуда, бо назардошти хусусият ва характери ҷиноятҳо, дараҷаи хавфнокии онҳо, аз ҷониби кадом мақомоти тафтишотӣ амалӣ намудани пешбурди тафтишотро бо категорияҳои алоҳидаи ҷиноятҳо муайян намудааст.
Дар баробари ин, меъёри мазкур тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, ки якчанд ҷиноятҳои тобеияти мақомоти гуногуни тафтишотиро дар бар мегирад, пурра муайян накардааст. Танҳо дар қисмҳои 6 ва 8 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти тафтишотии ин гуна парвандаҳо, ки бо парвандаҳои ҷиноятии тобеияти тафтишотии мақомоти амнияти миллӣ ва махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия алоқаманданд, муайян шудаасту халос, ки он ҳам пурра намебошад.
Барои мисол, дар қисми 8- уми ҳамин модда қонунгузор тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии 74 ҷиноятро, ки тобеияти тафтишотии дигар мақомоти тафтишотӣ мебошанд, бинобар алоқаманд будани онҳо бо тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ба зиммаи муфаттишони мақомоти махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия вогузор намудааст. Лекин ин пурра нест, чунки ба ғайр аз ин 74 ҷиноятҳо, боз дигар ҷиноятҳое ҳастанд, ки бо ҷиноятҳои дар пешбурди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, алоқаманданд ва тобеияти онҳо муайян нашудааст.
Қисми 6- уми моддаи мазкур бошад, муқаррар намудааст, ки тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 314, 316, 319, 322 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар ҳолати алоқаманд будани онҳо бо тафтиши парвандаҳои ҷиноятии тобеияти мақомоти амнияти миллӣ аз ҷониби муфаттишони ин мақомот гузаронида мешавад. Яъне, бо ин муқаррарот салоҳияти пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ бо се ҷинояти коррупсионӣ (319, 320, 321) ва ду ҷинояти дигар (314, 316), ки метавонанд хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, ба зиммаи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузошта шудааст. Дар ин маврид ҳам тобеияти дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ, ки ба ҷиноятҳои тобеияти мақомоти амнияти миллӣ алоқаманд мебошанд, номуайян мондааст.
Масъалаи мазкур дар мавриди тобеияти тафтишотии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ки дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии ба тобеияти тафтишотии мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, назорати маводи нашъаовар марбут буда ё дар вақти фаъолияти ин мақомот ошкор мешаванд, дар моддаи зикршуда танзими ҳуқуқии худро наёфтааст. Яъне, дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҷиноятҳои дар доираи як парванда мавҷудбуда як қисмашро мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар, қисми дигарашро мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқи тафтиш кардан надоранд ва ин ҷиноятҳо на дар алоҳидагӣ, балки бояд дар якҷоягӣ тафтиш шаванд.
Ё ин ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» қабул гардид.
Тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба терроризм ба тобеияти тафтишотии мақомоти амнияти миллӣ мансуб буда, тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба расмият даровардани маблағҳои пулӣ ё амволи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда бошад, ба зиммаи муфаттишони мақомоти мубориза бо коррупсия вогузор шудааст. Дар ин маврид ва ҳолатҳои ба ин монанд моддаи 161 муқаррар накардааст, ки тафтишот бо ин ҷиноятҳоро бояд кадом мақомоти тафтишотӣ пеш барад.
Заминаҳои ҳуқуқии салоҳияти прокурор оид ба супоридани тафтиши ин гуна парвандаҳо ба яке аз мақомоти тафтишотӣ низ дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Ҳамчунин дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии ба мақомоти тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани парвандаҳои ҷиноятии хос коррупсионӣ, ки аз тарафи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар оғоз шудаанд, мавҷуд нест. Кодекс муқаррар кардааст, ки бо истиснои парвандаҳои хусусияти коррупсионидошта прокурор метавонад парвандаи ҷиноятиро аз як мақомоти тафтишот гирифта, ба дигар мақомоти тафтишот бо риояи тобеияти тафтишотӣ супорад ё таҳти тафтишоти мақомоти прокуратура гирад. Дар ҳоле ки дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳам дар вақти амалӣ намудани фаъолият мақомоти зикршуда, ҳамчун субъектони мубориза бо коррупсия, шумораи зиёди ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор менамоянд, ки бо парвандаҳои тафтишшаванда онҳо алоқамандӣ дошта, тафтиши якҷояро талаб мекунанд, дар қонун мавҷуд набудани меъёрҳои танзимкунандаи ҳолатҳои зикршуда боиси нофаҳмиҳо, нодуруст маънидод кардани муқаррароти мавҷуда гашта, дар ниҳояти кор таъсири манфии худро ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ мегузорад.
Баҳри бартараф намудани ин камбудиҳо бо лоиҳаи қонуни пешниҳодгашта ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 159 қисми 2, 161 қисмҳои 3 ва 12, 168 қисми 1 сархати нуздаҳум ва 169 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба қисмҳои 3 ва 12 моддаи 161 ва моддаҳои 168-169 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ва ин меъёрҳо имкон медиҳанд, ки тобеияти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта ё ғайрикоррупсионие, ки бо парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои тобеияти тафтишотии мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони ин мақомот гузаронида шаванд.
Инчунин тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 161 ва 169 масъалаҳои вобаста ба таъсиси гурӯҳҳои тафтишотӣ- оперативӣ барои тафтиши ҷиноятҳои тобеияти тафтишотии мақомоти гуногуни тафтишотибударо, ки онҳо ошкор кардаанд, вогузор намудани пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо ин ва дигар ҷиноятҳоро ба мақомоти зикршуда ва ҳамчунин ба мақомоти махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия ба танзим медароранд.
Бояд зикр намуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда мантиқан аз мазмуни моддаҳои зикршуда бармеоянд ва онҳоро пурраву мукаммал месозанд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда тобеияти тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта дигар карда намешавад, зеро аз як мақомот гирифта, ба дигар мақомот супоридани парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла хусусияти коррупсионидошта танҳо тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 161 ва бо ҳатман нишон додани асос сурат мегирад. Дар қисмҳои 2, 3 ва 12 моддаи 161 муқаррарот (талабот) оиди аз ҷониби мақомоти тафтишотии Агентӣ тафтиш шудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мисли пештара боқӣ мемонад. Дар қисмҳои 2, 4, 5, 6,9,10, 11 моддаи 161, ки тобеияти тафтишотии мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, назорати маводи нашъаоварро муқаррар намудаанд, ягон тағйирот ворид карда нашудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қабул ва мавриди амал қарор додани он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба дигар қонунгузории ҷумҳурӣ талаб намекунад, хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ низ тақозо надорад.
Лоиҳаи қонунро ба баррасии шумо пешниҳод карда, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Раисикунанда: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.
Маҳмадалӣ ВАТАНОВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, манзур мегардад.
Рушди ҳаёти ҷамъиятӣ тақозо мекунад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шароити рӯз мутобиқ гардонида шаванд. Лоиҳаи қонуни мазкур низ маҳз дар натиҷаи татбиқи сесолаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1894 аз 3 июни соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода,ҷиҳати такмил додани он 22 таклиф пешниҳод намуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 10 июни соли 2013 ҷаласаи васеъ доир намуда, аз 22 таклифи пешниҳодгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 19-тоашро қабул ва қисман қабул карда, сетои дигарашро қобили қабул надонист.
Бо назардошти таклифҳои пешниҳодгардида мухолифатҳои дохилии лоиҳа бартараф карда, он ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Масъалаи навбатии ҷаласа – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Раисикунанда: - «Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар -500 кВт» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсуддинович дода мешавад.
Сафаралӣ НАҶМУДдИНОВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Барои муҳокима ва баррасии шумо Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар – 500 кВт» пешниҳод гардидааст.
Дар натиҷаи зиёда аз 37 сол мавриди истифода қарор доштани автотрансформаторҳои баландшиддати зеристгоҳи барқии «Регар -500 кВт» ва дучор гардиданашон ба офатҳои табиӣ айни ҳол онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Бинобар ин, вазъи бавуҷудомадаро ба назар гирифта, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат аҳамияти муҳим доштани зеристгоҳи мазкурро зикр намуда, супориш доданд, ки азнавсозӣ ва барқарорсозии он ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида шавад.
ШСХК «Барқи Тоҷик» барои бартараф намудани садамаи технологӣ ва муътадил намудани таъминоти барқии истеъмолкунандагони минтақа чораҳои фаврӣ андешида, аз ду гурӯҳ автотрансформатор як адади онро барқарор намуданд, ки ин ҳам бошад, ба боэътимодии таъминоти системаи энергетикӣ ҷавобгӯй шуда наметавонад.
Бинобар ин, бо мақсади барқарор намудани зеристгоҳи мазкур лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар – 500 кВт» таҳия гардид, ки маблағгузории лоиҳа аз ҷониби «Эксимбонк»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи ҳисобҳо, барои татбиқи лоиҳаи мазкур -36,9 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 35,1 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ва 1,8 млн. доллари он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» муайян гардидааст.
Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-муҳлати қарз -20 сол;
-давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ -9 сол;
-меъёри фоиз -2 фоизи солона;
-пардохт барои нигоҳдории маблағ -0,2 фоиз.
Зикр намудан зарур аст, ки давраи имтиёзноки пардохти қарзи мазкур нуҳ сол муайян гардидааст, ки дар қарзҳои пешина давраи имтиёзнок 5 то 7 солро ташкил медод.
Инчунин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ШСХК «Барқи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади хизматрасонии маблағҳои қарзӣ ба имзо мерасонад, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.
Зеристгоҳи барқии Регар -500 кВт дар рушди системаи энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад ва дар ҷануби кишвар бо шиддати 500 кВт зеристгоҳи ягона мебошад ва КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», шаҳру деҳаҳои Турсунзода, қисман маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанберо бо барқ таъмин менамояд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ кунед.
Раисикунанда:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.
Мунаввара КЕНҶАЕВА: -Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар – 500 кВт» 20 майи соли 2013 ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 12 июни соли 2013 № 1915 Созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Созишномаи мазкур бо мақсади азнавсозӣ ва барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар – 500 кВт ба имзо расидааст. Зеристгоҳи мазкур яке аз ҷузъҳои асосии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ҷануби кишвар интиқоли қувваи барқро барои 50 фоизи истифодабарандагони ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Инчунин бинобар фарорасии мавсими обёрӣ ва бо мақсади таъмин намудани об ба соҳаи кишоварзии кишвар дар давраи нашъунамо, азнавбарқарор намудани зеристгоҳи барқии Регар -500 кВт аҳамияти муҳими стратегӣ ва энергетикӣ дорад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 13 июни соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар – 500 кВт»- ро, ки 20 майи соли 2013 ба имзо расидааст, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандем, ки Cозишномаи мазкурро ҷонибдорӣ карда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Раисикунанда:- Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе- «Шаҳри бехатар» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсуддинович дода мешавад.
Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии шумо Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе- «Шаҳри бехатар» пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин ташкили бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ, таҷҳизонидани аксарияти кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти замонавии наворгирӣ, азнавкунии чароғакҳои шаҳр ва васлкунии онҳо ба Маркази ягонаи идоракунӣ бо мақсади мониторинги шабонарӯзии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷиҳати ба қайд гирифтани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Ҷорӣ намудани низоми нави батанзимдарорӣ ва назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти ҷумҳурӣ хоси талаботи замона буда, боиси пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мегардад.
Мувофиқи ҳисобҳо, барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар марҳилаи аввал 22,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 20,9 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ва 1,1 млн. доллари он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби «Эксимбонк»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ карда мешавад.
Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-муҳлати қарз -20 сол;
-давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ -9 сол;
-меъёри фоиз -2 фоизи солона;
-пардохт барои нигоҳдории маблағ -0,2 фоиз.
Лоиҳаи мазкур ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти идораи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, самаранокии фаъолияти системаи мазкурро баланд мебардорад. Ҳангоми татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур дар оянда имконият пайдо мешавад, ки дар шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ низ механизми мазкур ҷорӣ карда шавад. Ин боиси пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ гардида, ба назорати бехатарӣ ва ҳар гуна ҳодисаҳои ғайричашмдошт мусоидат менамояд.
Дар оянда баргардонидани қарзи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷаримавие, ки аз рӯйи риоя накардани тартиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гирифта мешаванд, таъмин мегардад.
Ҳамзамон зикр кардан зарур аст, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 200,0 млн. юан (32,0 млн. доллари ИМА), ки барои татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона мегарданд, ба имзо расонида шуд.
Умуман, аз аввали соли ҷорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои донор ҳамагӣ 11 созишномаи грантӣ ва қарзӣ ба маблағи 899,2 млн. сомонӣ (188,9 млн. доллари ИМА), аз ҷумла 4 созишномаи қарзӣ ба маблағи 441,3 млн. сомонӣ (92,7 млн. доллари ИМА) ва 7 созишномаи грантӣ ба маблағи 457,9 млн. сомонӣ (96,2 млн. доллари ИМА) барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз қабили энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ ба имзо расонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ин ҷода саҳми шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзанда мебошад, зеро созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, ки аз ҷониби шумо дастгирӣ ва тасдиқ гардидаанд, барои рушди ин соҳаҳо ва ноил омадан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ кунед.
Раисикунанда:- Аз рӯйи ин масаъала сухан ба увзи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе – «Шаҳри бехатар», ки 20 майи соли 2013 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 12 июни соли 2013 № 1916 Созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Созишномаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити беҳтар барои ҳамлу нақли бору мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои нақлиётӣ, гузаронидани мониторинг ва мушоҳидаи видеоии ҳаракати воситаҳои нақлиёт (бо сабти худкори қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ) ба имзо расидааст.
Бо татбиқи лоиҳа пойтахти ҷумҳурӣ ба як маркази муосири технологӣ табдил ёфта, ҳамаи фаъолиятҳо ба воситаи инфрасохтори технологии муосир пурра сабт гардида, назорати қавии доимӣ таъмин мегардад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе – «Шаҳри бехатар»-ро, ки 20 майи соли 2013 ба имзо расидааст, ба баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Раисикунанда: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Дилмурод Ашӯрбекович дода мешавад.
Дилмурод ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Гуфтан бамаврид аст, ки асос барои ворид намудани илова ба сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 1-уми қонуни мазкур ин мутобиқгардонии муқаррароти қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз тарафи Президенти мамлакат таъсис дода шудани Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақоми санҷишӣ ба танзим медарорад.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти мазкур аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода сохта, ваколати он вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.
Зимни гузаронидани аудити мустақили беруна тамоми расмияти барои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки бо қонунгузорӣ муқаррар гардидааст, бо риояи стандартҳои муосири байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ин хотир, баҳри дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ мондани фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Раисикунанда: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.
Ашӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи қисми 3 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз мақсад ва вазифаҳои асосии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гузаронидани санҷиши фаъолияти тамоми мақомоте, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз ҷумла сохторҳое, ки қисман ё пурра дар ҳисоби хоҷагӣ қарор доранд, мебошад.
Бинобар ин, бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст. Тибқи лоиҳаи Қонуни таҳиягардида ба қисми 2 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сархати ҳафтум бо мазмуни «-Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова намудан пешбинӣ карда шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 6 июни соли 2013 № 1903 лоиҳаи қонуни мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ лоиҳаи қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонун мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи марҳалаҳои дахлдорро дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст ва дар ҷаласаи васеи кумитаи мазкур рӯзи 11 июни соли 2013 бо иштироки вакилони мутасаддии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, аз тарафи онҳо ҷонибдорӣ карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Раисикунанда: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сухан ба раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» Давлатов Дилмурод Ашӯрбекович дода мешавад.
Дилмурод ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Асос барои ворид намудани илова ба моддаи 6-уми қонуни мазкур, ин мутобиқгардонии муқаррароти қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз тарафи Президенти мамлакат таъсис дода шудани Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян гардидани вазъи ҳуқуқии аъзо ва кормандони Дастгоҳи Палатаи ҳисоб ба шумор меравад.
Мақсад аз ворид намудани илова ба қонуни мазкур татбиқ гардидани амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбат ба аъзо ва кормандони Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ин хотир, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Раисикунанда: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Самадов Шакарбек Додхоевич дода мешавад.
Шакарбек САМАДОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қарор дорад, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳаи пешниҳод-гардида, ба қисми 1 моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда мешавад: «-Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он;».
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2013 №1904 барои пешниҳоди хулоса ба кумитаи мо, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонун аз тарафи ҳамаи кумитаҳо пурра ҷонибдорӣ ёфта, шуъбаи ҳуқуқ баробари ҷонибдорӣ кардан як таклиф пешниҳод намуд (дар лоиҳа калимаҳои «сохторҳои он» бо назардошти қисми 5 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар гардад), ки он аз тарафи кумитаи масъул қабул нашуд. Дар асоси қисми 2 моддаи 1, моддаҳои 11 ва 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи кумитаи масъул дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз лоиҳаи пешниҳодгардида калимаи «Дастгоҳи» хориҷ карда шуд.
Дар ҷаласаи кумитаи масъул, ки 12 июни соли ҷорӣ барпо гардид, аз тарафи иштирокчиён лоиҳаи қонуни баррасишаванда пурра ҷонибдорӣ шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Раисикунанда: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қарақулов Амир Бӯриевич дода мешавад.
Амир ҚАРАҚУЛОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат ва ҳозирин!
Зотпарварӣ омили муътамади афзоиши чорвои сермаҳсул дониста мешавад. Ҳоло ширкатҳо, консерну трест, фирмаҳои бонуфуз ҳуқуқи идоракунии захираҳои генетикии соҳавии ҷаҳониро ба тасарруфи худ даровардаанд. Онҳо қабл аз ҳама барои рушди иқтисодиёти давлаташон фаъолият менамоянд. Мамлакати дар зотпараварии чорво канормонда солҳои тӯлонӣ ба онҳо дастнигар мемонад.
Аз ин лиҳоз, дар тамоми ҷаҳон хазинаи генетикии чорво сарвати бебаҳо ва ивазнашаванда, кафолатдиҳандаи на танҳо амнияти озуқаворӣ, балки чун воситаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ ба шумор меравад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» маҳз бо чунин назардошт таҳия шудааст. Дар хазинаи генетикии олам гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар зинаи баландтарини маҳсулнокӣ ҷой дода шудаанд. Вале баъди даргириҳо то ба имрӯз хоҷагиҳои зотпарварии рақобатпазир ба маротиб кам гашта, ҷавҳари зотии он садяк ва ё андак дар парвариш мебошанд. Чунин ҳолат, мутаассифона, ба ҳама намуди зотҳои чорво хос аст.
Лоиҳаи қонуни нав баробари эҳё, инчунин барқарорсозӣ ва рушди соҳаро дар кишварамон асос мегузорад. Он аз 5 боб ва 32 модда иборат мебошад.
Дар он салоҳияти ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ваколатдор, ташкили субъектон ва намудҳои он, самтҳои фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баён шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба замин, бахусус дар водиҳо -заминҳои корам, фишори баланди демографӣ мушоҳида мегардад. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ нишондоди баландтарин – то ба 100-550 нафар ба ҳар километри мураббаъ рост меояд. Чунин вазъ моро ҳаддалимкон ба бештару хубтар азбаркунии технологияҳои навини соҳаи чорводории ҷаҳонӣ водор менамояд.
Масалан, ҳоло дар капсула ба таври алоҳида нигоҳ доштани як зарра-нутфа ихтироъ гардид.
Яъне, аз як бор гирифтани нутфаи ҷинси нарина захира намудани аз 5 то 10 млн. капсула нутфа ва бордоркунии ҳамин миқдор саршумори модина имконпазир шуд.
Мисоли дигар, технологияи аз як модагови баландмаҳсул бо шустани ҷанин (зигота) ва тақсим намудани он дар давоми сол гирифтани 200 сар гӯсоларо фароҳам сохт.
Лоиҳаи қонуни таҳияшуда расидани моро ба истифодаи чунин дастовардҳо замина мегузорад ва наздик менамояд. Ҳамзамон моро аз беҳад зиёд афзоишдиҳии саршумори чорво, ки ҳоло дида мешавад, худдорӣ намудан ва ба такмилдиҳии маҳсулнокии зоти онҳо мусоидат мекунад.
Лоиҳаи қонуни мазкур таҳқиқоти селексионӣ – бунёдии зотҳои навро суръат мебахшад.
Ҳоло бо дастгирии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди зотпарварӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намудан тадбирҳо андешида мешаванд.
Бо ҳамин мақсад ба лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда моддаҳо оид ба кафолатҳо ва дастгирии давлатӣ, ҳуқуқҳо, вазифаҳо ҷиҳати пеш бурдани соҳа, бахусус масъулияти нозирони давлатӣ бори нахуст мукаммал ҷой дода шудааст.
Дар такмили лоиҳаи қонуни мазкур кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуьбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудаанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Раисикунанда: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Сиҷоуддин дода мешавад.
Сиҷоуддин ИСРОИЛОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпараварӣ» бо истифода аз ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони соҳа омода ва пешниҳод гардидааст.
Зотпарварӣ яке аз соҳаи муҳими чорводорӣ буда, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа ҳиссаи арзанда дорад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи зотпарварӣ бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2008-2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2007 №501 тасдиқ шуд.
Қабули барнома ба пешрафти соҳа мусоидат намуда, ҳамасола барои рушди соҳа ва беҳтар намудани зоти чорво тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Дар ин давра миқдори нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ сол то сол зиёд гардид, ки ин барои беҳтар намудани зоти чорво мусоидат менамояд.
Дар Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2012 №383 қабул гардидааст, пешрафти соҳаи зотпарварӣ, афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дар нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкур таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» дар таҳрири нав дарҷ гардидааст.
Инчунин бо воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба миён омадааст.
Аз ин лиҳоз, бо пешрафти соҳаи чорводорӣ, хусусан зотпарварӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ», ки соли 1994 қабул гардида, ду маротиба солҳои 1996 ва 2004 ба он тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ба талабот ҷавобгӯй нест.
Дар маҷмуъ қонуни амалкунанда ба талаботи қонунгузории имрӯза мутобиқат намекунад, зеро дар он мафҳумҳои асосии соҳавӣ, салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ, истеҳсол ва истифодаи маводи зотӣ ва роҳҳои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ пурра инъикос наёфтаанд.
Аз ин лиҳоз, зарурияти таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» дар таҳрири нав ба миён омад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкили зотпарвариро муайян намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ равона шудааст.
Дар лоиҳаи қонуни зикргардида салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ, мафҳумҳои асосии соҳа, вазифаҳо оид ба истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти зотӣ, танзими давлатӣ, дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ ва фаъолияти ташкилотҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи зотпарварӣ амал менамоянд, нишон дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки қабули қонуни мазкур дар маҷмуъ барои пешрафти соҳаи зотпарварӣ ва беҳтар гардидани амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, гуфтаниам, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Парлумони мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, чор қонуни мукаммали соҳавӣ қабул гардид. Ҳамзамон имрӯз, ду қонуни нави соҳавӣ баррасӣ мешавад, ки қабули онҳо барои мустаҳкам намудани заминаи қонунгузорӣ ва рушди минбаъдаи соҳаҳои чорводорӣ мусоидат менамояд.
Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» дастгирии шуморо эҳтиромона хоҳишмандем.
Раисикунанда: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.
Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Қарақулов, Саодат Амиршоева, Маҳмадраҳим Каримов ва Рустам Латипов пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2012 №1636 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок намуда, хулосаҳои худро пешниҳод карданд.
Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар асоси таклифу пешниҳодҳои воридгардида лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, такмил дод.
Кумитаи масъул 7 июн дар ҷаласаи худ ва 10 июни соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуда, мавриди муҳокима қарор дод. Дар натиҷаи баҳсҳои зиёд, бо мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ҳамаи таклифу пешниҳодҳо ҳалли худро ёфтанд ва ба чунин хулоса 144 пешниҳод қабул, 25-то қисман қабул шуда 14-тои дигар қабул нагардид. Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо назардошти эродҳо ва таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович боз ҳам суфтаю равон гардид.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкили зотпарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» аз 5 бобу 32 модда иборат буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»-ро барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Раисикунанда: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.
Саодат АМИРШОЕВА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Мо хуб медонем, ки соҳаи зотпарварӣ ба андозае аз назарҳо дур монда буд. Рушди самараноки соҳаи зотпарварӣ бе амалисозии фаъолияти устувор ва пурмаҳсули селексионию зотпарварӣ ғайриимкон буда, дар шароити имрӯзаи рушди муносибатҳои иқтисодӣ бе дастгирии бевоситаи давлат вуҷуд дошта наметавонад.
Аз ин рӯ, ташаббускорони лоиҳа тасмим гирифтанд, ки бо истифода аз таҷрибаи мавҷудаи фаъолияти селексионию зотпарварӣ дар кишвар, ҳамчунин имкониятҳои иқтидории субъектони соҳаи мазкур, лоиҳаи қонуни зикршударо таҳия намояд.
Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози шароити табиӣ имкониятҳои васеъро оид ба рушди соҳаи зотпарварӣ, такомули зотҳо ва маҳсулоти зотии чорво дошта, ҳолати мазкур яке аз воситаҳои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда, Тоҷикистон дар навбати худ метавонад ҳамчунин ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти зотиро пешниҳод намояд, ки ҳамзамон омили пешравии иқтисодиёти кишвар мегардад. Рушди соҳаи мазкур метавонад дар як вақт омили баландшавии некуаҳволии аҳолии кишвар гардад ва ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ ташкил ёфта, шароити иҷтимоии шахсони ба ин фаъолият машғул беҳтар мешавад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раисикунанда: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.
Маҳмадамин ҲИСОРИЕВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Валиев ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ёқубзод, Р. Латипов, А. Қарақулов, М. Ҳисориев ва О. Сафаров пешниҳод шуда, тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2012 №1622 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» бо мақсади ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, рушд ва зиёд намудани захираҳои моҳӣ, афзун намудани истеҳсоли моҳӣ ва таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қонуни асосии соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ», бо назардошти нақши муҳими соҳа дар таъмини бозори истеъмолӣ, 22 декабри соли 2006 қабул гашта, он аз 7 боб ва 20 модда иборат мебошад.
Тӯли солҳои охир, баъд аз қабул кардани қонуни мазкур, дар сиёсати аграрӣ, иқтисодӣ ва экологии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи моҳипарварӣ, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, системаи қонунгузорӣ дар ин самт таҷдид шуд ва дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист якчанд қонунҳои нав қабул гардида, ба қонунҳои амалкунанда низ тайғиру иловаҳо ворид шудаанд, ки ин раванд таҷдиди назар кардани қонуни амалкунандаро ба миён овардааст. Пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» масъулини соҳаро вазифадор менамояд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар ба шумор меравад, заминаҳои ҳуқуқиро барои рушди фаъолияти соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ таъмин намоянд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2012 №656 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор менамояд, ки фаъолияташро дар ин самт боз ҳам беҳтар намояд.
Кумитаи масъул 7 июни соли 2013 дар ҷаласаи худ ва ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкурро, тибқи расмиёти муқарраргардида, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор доданд.
Аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 270 таклифу пешниҳод оид ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид гашт. Кумитаи масъул дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таклифу пешниҳодҳои воридгардида 230-то қабул ва 33-тоашро қисман қабул карда, 7 пешниҳоди дигарро қабул накард.
Тибқи таклифу пешниҳодҳои воридкардашуда, номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» тағйир дода шуд. Дебочаи лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав дода шуда, бобҳои лоиҳа ба ҳам ҷой иваз карданд. Сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум, шашуми моддаи 1 аз нав таҳрир ва сархатҳои ёздаҳум, чордаҳуми ҳамин модда, сархатҳои сеюм, чорум, шашуми моддаи 4 хориҷ карда шуд. Моддаҳои 5, 6, 7, 8 аз нав таҳрир карда, ба дигар моддаҳои лоиҳаи қонун якҷоя карда шуд. Моддаҳои 9 ва 10 дар таҳрири нав дода шуд. Қисми сеюм ба қисми якуми моддаи 15 ҳамроҳ карда шуд. Моддаи 27, ки аз ду қисм иборат буд, ҳамчун қисмҳои чорум ва панҷум ба моддаи 28 ҳамроҳ карда, моддаи 26- уми лоиҳаи қонуни мазкур ҳисобида шуд. Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 32 хориҷ карда, қисми 5 ба қисми 2 моддаи 39 гузаронида шуд. Моддаҳои 44, 46 ва 47 лоиҳаи қонуни мазкур хориҷ карда, моддаи 45 «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур» аз нав таҳрир ва моддаи 35 лоиҳаи ҳамин қонун ҳисобида шуд.
Вобаста ба эроди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 июни соли 2013), дар мафҳумҳои асосии моддаи 1 сархати нуздаҳум калимаҳои (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) хориҷ карда, ба матни моддаи 6 лоиҳаи қонун ҳамроҳ карда шуд.
Қабул гардидани лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор ва маҳсулнокии моҳиҳо, такмил додани сифати генетикии моҳиҳо, афзун намудани истеҳсоли моҳии молӣ ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизойӣ ва ташкили ҷойҳои нави корие, ки дар Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №308 аз 2 июли соли 2008 тасдиқ гардидааст, заминаи ҳуқуқиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ҷумҳурӣ пурра таъмин менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, ба Қонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
Раисикунанда:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Сиҷоуддин дода мешавад.
Сиҷоуддин ИСРОИЛОВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» бо ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода ва пешниҳод гардидааст.
Моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои кишоварзӣ мансуб ёфта, дар таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он ва дар маҷмуъ таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда дорад.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009- 2015 таҳия ва пешниҳод гардид, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 №306 қабул гардид.
Дар натиҷаи амалишавии Барномаи мазкур соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 8 ба 150 адад расонида шуд.
Инчунин дар ин давра истеҳсоли моҳии молӣ низ зиёд гардида, соли 2012 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1113 тонна моҳии молӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати давраи қабули барнома 5,4 маротиба зиёд мебошад.
Дар раванди татбиқи Барномаи мазкур бо мақсади таъмини соҳа бо мутахассисон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ихтисоси «Моҳипарвар» таъсис дода шуд, ки ҳамасола то 25 нафар мутахассисон ин ихтисосро хатм менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар раванди пешрафти соҳаи моҳипарварӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ», ки ҳанӯз соли 2006 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад, ба талабот ҷавобгӯй нест, зеро дар он мафҳумҳои асосии соҳавӣ, салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ ва намудҳои фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ пурра инъикос наёфтаанд.
Инчунин дар қонуни амалкунанда масъалаҳои моҳигирӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва маҳдудият ба моҳигирӣ низ дарҷ нагардидааст. Аз ин лиҳоз, зарурияти таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» дар таҳрири нав ба миён омад.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ муайян менамояд, ки ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона шудааст.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» дастгирии шуморо эҳтиромона хоҳишмандам.
Раисикунанда:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.
Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро Қонуни амалкунанда «Дар бораи моҳипарварӣ», ки соли 2006 қабул гардидааст ва бо мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.
Лоиҳаи қонуни муҳокимашаванда нисбати қонуни амалкунанда хеле мукаммал буда, қариб ҳама муносибатҳоро дар соҳаи мазкур ба танзим медарорад ва мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» оммафаҳм мебошад. Агар моддаи 1-уми қонуни амалкунада ҳамагӣ 6 мафҳуми соҳаро шарҳ диҳад, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида 19 мафҳум шарҳ дода шудааст ва чунин мафҳумҳо, ба монанди захираҳои моҳӣ, квотаи моҳигирӣ, бозтавлиди захираҳои моҳӣ ва ғайраҳо мафҳумҳои нав мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Чуноне аз моддаи 9 – «Ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ» бармеояд, захираҳои моҳии объектҳои моҳии обии хусусияти табиидошта моликияти истисноии давлат мебошанд, ҳамзамон мувофиқи талаботи замон захираҳои моҳии қитъаҳои алоҳидаи объектҳои обӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусӣ бошанд ва тибқи талаботи моддаи 11 метавонанд ба мақсадҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дода шаванд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор дода шуда, ҷиҳати мукаммалгардонии он зиёда аз 20 таклиф пешниҳод гардида, аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ онҳо қобили қабул дониста шуданд. Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Раисикунанда: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович дода мешавад.
Мироҷиддин ҲАКИМОВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар ҳама давру замон дар ташаккули инсоният ҳифзу нигаҳдорӣ ва равнақу ривоҷи арзишҳои олии инсонӣ, ба монанди хайрхоҳӣ, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, анҷом додани фаъолияти ройгон ба нафъи ҷомеа мавқеи хоса дошта, барои тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтироми якдигарӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муттаҳидӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад, ки яке аз шаклҳои паҳнгардидаи он фаъолияти волонтёрӣ мебошад.
Фаъолияти волонтёрӣ ин фаъолияти гуногунҷабҳаи ихтиёрие мебошад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар шакли кору хизматрасонӣ ба манфиати ҷомеа бе музд анҷом дода мешавад ва он барои ҳалли мушкилоти актуалӣ ва муосири ҷомеа кӯмак менамояд.
Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омӯхтани таҷрибаи кор аз рӯйи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр, фаъолияти волонтёрӣ дар тафовут аз фаъолияти меҳнатӣ на бо мақсади гирифтани даромад ва ё таъмини ниёзмандиҳои табиии инсон, ба мисли ғизо, либос, манзил ва ғайра равона шудааст, балки амалӣ намудани хизмати ихтиёрӣ ва ройгонро ба манфиати ҷомеа тақозо менамояд. Бо ҳамин далел фаъолияти волонтёрӣ чун мактаби тарбияи инсони оянда арзёбӣ гардида, майдони оғози рушди касбии шаҳрвандон мебошад, ки он ба тавсеаи робитаи иҷтимоии онҳо нигаронида шуда, барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги дорои хусусияти иҷтимоӣ замина мегузорад.
Зимнан бояд тазаккур дод, ки фаъолияти волонтёрӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон тайи солҳои охир дар ҳоли густариш қарор дошта, бо ташаббуси волонтёрҳо фаъолияти воқеан ҳам судманд ба нафъи давлат ва ҷомеа амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», ки ба муҳокимаи шумо пешниҳод мешавад, мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Илолов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Юсуфӣ, А.Хонов ва М.Ҳакимов бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равона намудани ташаббусҳои шаҳрвандон ба рушду нумуи ҷомеа таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз дебоча, 5 боб ва 18 модда иборат буда, вазифаҳои гуногуни фаъолияти волонтёриро дар бар мегирад.
Дар боби якум мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, аз ҷумла волонтёр, фаъолияти волонтёрӣ, дафтарча ва шаҳодатномаи волонтёрӣ, ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ, самтҳо ва истифодабарандагони фаъолияти волонтёрӣ, инчунин вазифа ва принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ муқаррар гардидаанд.
Боби дуюм танзими муносибатҳои фаъолияти волонтёрӣ, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва мазмуни он, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волонтёр, фаъолияти ташкилоти ҷалбкунандаро мушаххас намуда, масъулият ва ҳалли баҳсҳоро дар ин самт пешбинӣ менамояд.
Бобҳои сеюм, чорум ва панҷум асоси ташкилии фаъолияти волонтёрӣ, тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии фаъолияти волонтёрӣ ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.
Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, онро дар маҷмуъ ҷонибдорӣ ва дар баробари ин, ҷиҳати мукаммалгардонии он 169 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.
30 майи соли 2013 лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодшуда 82- тояш пурра ва 76- тояш қисман қабул гардида, 11-тои дигараш қабул нашуд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, қабул ва татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»- ро барои муҳокима ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки онро ҷонибдорӣ ва барои қабули он овоз диҳед.
Раисикунанда: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон Умарович дода мешавад.
Абдураҳмон ХОНОВ:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар ҳар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва кӯшиши иштироки онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеа яке аз шартҳои муҳимтарини инкишофи давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад.
Вобаста ба равандҳо ва таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҷомеа омода шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», ки имрӯз мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дорад, амри воқеӣ ва саривақтӣ мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур баҳри тақвият бахшидан ба раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷалби ташаббусҳои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар рушду нумуи ҷомеа, мусоидат хоҳад кард.
Фаъолияти волонтёрӣ- фаъолияти гуногунҷанбаи ихтиёрӣ буда, намудҳои анъанавии кӯмакрасонӣ ва мусоидат дар ҳалли масоили рӯзмарраи ҷомеа мебошад.
Аҳамияти фаъолияти волонтёрӣ дар он аст, ки тавассути волонтёр шудан шаҳрвандон метавонанд мушкилоти мавҷударо ба нафъи ҷомеа ҳал намуда, ба ҳамдигар кӯмак расонанд.
Волонтёрӣ дар бисёр кишварҳои мутараққӣ як омили рушд ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз он кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бисёр мушкилоти ҷомеаи худро ҳал мекунанд. Масалан, дар бозиҳои олимпии «Пекин – 2008» дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Бозиҳои ХХХ олимпиадаи тобистонаи Лондон -2012 дар Британияи Кабир ҳазорон ҷавонони волонтёр барои дар сатҳи баланд гузаштани ин маъракаҳои муҳими варзишӣ ба давлати худ кӯмак намуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон волонтёрӣ қувваи бузург буда, он метавонад барои рушди кишвар мусоидат намояд, зеро дар кишвар теъдоди муайяни бекороне ҳастанд, ки неруи бузурге барои рушди волонтёрӣ маҳсуб мешаванд.
Аз ҷониби дигар, фаъолияти волонтёрӣ ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад ва барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузург замина мегузорад.
Дар гузашта аз замонҳои пешин дар миёни мардумони мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд дошт. Кӯмак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолиятҳо бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд. Аҳамияти ин амалҳо дар он буд, ки кореро, ки як нафар наметавонад дар танҳоӣ муддатҳо анҷом диҳад, мардум дастаҷамъона бо роҳи ҳашар дар муддати хеле кӯтоҳ иҷро мекарданд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур нахустин маротиба тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташаккули мавқеи фаъоли шахси ба фаъолияти волонтёрӣ машғул мушаххас дарҷ гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулро пешбинӣ намуда, иҷрои уҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунандаро кафолат медиҳад. Аз ин хотир, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ин гуна фаъолиятҳоро ба низом дароварда, дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.
Бовар дорам, ки қабул шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар рушди ҷомеа нақши муассир мегузорад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед ва ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро раисикунанда — муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ