ҚАБУЛИ СЕ ҚОНУНИ МУКАММАЛ ВА ТАСВИБИ СОЗИШНОМАҲО ҶИҲАТИ РУШДИ ИҶТИМОИИ КИШВАР

№70 (3550) 31.05.2016

27 майи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим)

2. Дар бораи Созишномаи молиявӣ вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

8.      Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)».

 РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим) сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

 КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим) пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур 22 январи соли ҷорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба маблағи 2,00 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуда, маблағҳо дар доираи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Фонди стратегии иқлим барои татбиқи лоиҳаи мазкур равона гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа аз пурзӯр намудани қудрати истеҳсолии сокинони деҳот тавассути идоракунии экологии захираҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои интихобшуда, ки ба тағйирёбии иқлим осебпазиранд, иборат мебошад. Лоиҳаи мазкур дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Фархор, Кӯлоб, Балҷувон, Роғун, Ховалинг, Файзобод, Мӯъминобод ва Ёвон амалӣ гардида истодааст.

Вазифаи асосии лоиҳа бевосита дастгирӣ ва таъмини зиёда аз 126 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳои номбурда, доир ба рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ тавассути ҷудо намудани грантҳои хурд, истифодаи усулҳои пешқадаму самараноки таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии экологии замин, рушди инфрасохтори дохилии хоҷагиҳо ва фароҳам овардани имконияти молиявии онҳо мебошад.

Бояд қайд намуд, ки маблағҳои иловагии мазкур барои мукаммалгардонии истифодаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои интихобшуда бо тариқи додани имконият барои зиёд намудани сармояи истеҳсолии 5350 хоҷагӣ (24,000 нафар аҳолӣ) равона гардидааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур 3 октябри соли 2013 оғоз ёфта, то 31 майи соли 2018 идома хоҳад ёфт. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Фонди стратегии иқлим ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.

 Олимҷон САФАРОВ: - Муҳтарам   Раис,  Раёсат, вакилони  гиромӣ  ва  ҳозирини  арҷманд!

Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйи­рёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим) 22 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2016 таҳти №697 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ ва инчунин,  дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки 18 майи соли 2016  баргузор гардид, созишномаи мазкурро баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Амалӣ гаштани созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи созишномаи мазкурро ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло дода мешавад.

 ИБОДЗОДА Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раё­сат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имрӯз дар мадди назари роҳбарияти олии кишварҳои ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, чунки ин масъалаҳо ба сатҳу сифати зиндагии халқҳои кишварҳои мухталиф метавонанд таъсири бевоситаи худро расонанд.

Хушбахтона, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи экологӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавию глобалӣ бо пешниҳодҳои муфид баромад карда, дар натиҷа Тоҷикистон ба яке аз марказҳои баргузории ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфт.

Фаъолияти бисёрҷабҳаи минтақавию глобалии Роҳбари давлати Тоҷикистонро ба назар гирифта, соли равон Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб намуд.

Маҳз, ба шарофати чунин фаъолияту ташаб­бускории Ҷаноби Олӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан Барномаҳои соҳавии СММ, ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори махсус зоҳир намуда, онро ҳамчун кишвари пилотӣ эълон карданд ва барои татбиқи лоиҳаҳои инвес­титсионӣ дар соҳаи экология мусоидат менамоянд. Тайи солҳои охир дар маҷмӯъ ба маблағи наздик 150 млн. доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо баррасӣ шуда истодааст.

Ҳоло дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби маблағгузории Буҷети давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот», «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи «С», «Дастгирии техникӣ дар рушди иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» идома ёфта, дар доираи онҳо корҳои муайяне амалӣ гашта истодаанд, ки он ба пешрафти соҳа ва умуман, ҷомеа мусоидат менамояд.

Вазифаи асосии ин лоиҳа аз дастгирӣ ва таъмини 126000 нафар аҳолии минтақаҳои номбурда доир ба рушди истеҳсолот ва идоракунии экологии замин, инфрасохтори дохилихоҷагӣ, инчунин беҳбуд бахшидани имкониятҳои молиявии онҳо иборат аст.

Аз оғози фаъолияти лоиҳаи мазкур зиёда аз 300 лоиҳаи хурди грантӣ дар ноҳияҳои пилотӣ маблағгузорӣ шудааст.

Лоиҳаҳои хурди мазкур асосан барои дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо ва истифодабарандагони об интихоб ва татбиқ мегарданд.

Барои татбиқи созишномаҳои пешниҳодгардида дар бораи маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим) маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 2,8 миллион доллари ИМА дар назар дошта шудааст.

Аз ин маблағ 800 ҳазор доллари ИМА барои васеъ намудани қисми (компоненти) 1-уми лоиҳа ҷиҳати зиёд намудани маблағгузорӣ барои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дастгирии ҷомеаҳои камбизоат ва барои қисми 2 –юм – Идоракунии дониш ва дастгирии институтсионалӣ 2 млн. доллари ИМА равона мегардад.

Ҷудо шудани маблағҳои инвеститсионӣ дар доираи созишномаҳои пешниҳодгашта имконият медиҳад, ки шумораи ноҳияҳои пилотӣ аз ҳисоби минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ва теъдоди истифодабарандагони лоиҳаҳои хурд зиёд гардад.

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти зироаткорӣ ва чорвопарварӣ дар ноҳияҳои пилотӣ зиёд гашта, сатҳи зиндагии сокинони деҳаҳои дурдасти кӯҳии кишвар баланд бардошта шавад.

Мақсади ниҳоии лоиҳаҳо дар доираи созишномаҳои пешниҳодгашта ин аз байн бурдани хатарҳои ҷории истеҳсолкунандагони деҳот, яъне хатари тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, боришоти зиёд, ярчу сел ва дигар офатҳои табиӣ, барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии табиӣ, инчунин устувор намудани бехатарии озуқаворӣ мебошад. Ба ғайр аз ин, татбиқи лоиҳаҳои мазкур барои фаъолияти доимии фермерҳои ватанӣ ва заминистифодабарандагон, паҳн намудани таҷрибаи кори онҳо дар дигар ноҳияҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Хоҳишмандам созишномаҳои пешниҳодгашта дастгирӣ карда шаванд.

Дар хусуси тасдиқи  созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.  

РАИС: — Дар бораи Созишномаи молиявӣ вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи молиявӣ вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод гардидааст.

Яке аз афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи устувори сиёсати самараноки рушди кишоварзӣ ба ҳисоб мерваад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои соҳаи мазкур аз тамоми имконият истифода бурда, барномаҳои зарурии кишоварзиро татбиқ намуда истодааст, зеро истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин бо воситаи таҷҳизот ва технологияҳои муосир яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Минтақаҳои вилояти Хатлон дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад. Имрӯз дар вилояти Хатлон бо сабаби осебпазирии заминҳо аз тағйирёбии иқлим, паст будани ҳосилнокии заминҳо, маҳдудияти дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, кишоварзӣ, аз қабили тухмии хушсифат ва технологияи муосир, қисми зиёди деҳқонон дар истифодаи самараноки замин мушкилӣ мекашанд.

Бо дарназардошти масоили зикргардида ҷиҳати беҳтар намудани шароити хоҷагиҳои деҳқонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла моҳи июни соли 2013 созишномаҳои грантиро барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» ба маблағи умумии 14,8 млн. доллари ИМА ба имзо расонид.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз пурзӯр намудани иқтидори истеҳсолии сокинони деҳот тавассути идоракунии экологии захираҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои  интихобшуда, ки аз тағйирбёии иқлим осебпазиранд, иборат мебошад. Лоиҳаи мазкур дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Фархор, Кӯлоб, Балҷувон, Роғун, Ховалинг, Файзобод, Мӯъминобод ва Ёвон амалӣ гардида истодааст.

Вазифаи асосии лоиҳа ин бевосита дастгирӣ ва таъмини зиёда аз 126 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳои номбурда, доир ба рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ тавассути ҷудо намудани грантҳои  хурд, истифодаи усулҳои пешқадаму самараноки таҷрибаи ҷаҳонӣ  оид ба идоракунӣ ва истифодабарии экологии замин, рушди инфрасохтори  дохилии хоҷагиҳо ва фароҳам овардани имконияти молиявии онҳо мебошад.

То имрӯз дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла;

- зиёда аз 250 зерлоиҳаи хурди грантӣ бо ҳаҷми то 7 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ карда шуд. Зерлоиҳаҳои мазкур дар самти парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, хушзоткунии чорво, сохтмони кашарҳо дар чарогоҳҳо, ҷойҳои обнӯшии чорво, шинонидани зироат ва растаниҳои хӯроки чорво, сохтмони гармхонаҳо, паст намудани фарсоиш (деградатсия)-и заминҳо, барқарорсозии ситсемаи обёрии заминҳо, тозакунии каналу заҳбурҳо, таҷдиду таъмири насосҳои обкашӣ, тухмиҳои ба тағйирёбии иқлим мутобиқ, бунёди боғҳо (маҳкамкунии гирду атрофи боғҳо), барқароркунии роҳҳои дохилии деҳаҳо (сангфаршкунӣ), таъмири кӯпрукҳои хурд, роҳҳои чорвогузар ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ;

- зиёда аз 4300 хонавода дар истеҳсоли кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои замин ҷалб карда шудаанд. Дар ҳолати пурра татбиқ гардидани лои­ҳа нишондиҳандаи мазкур ба 21 ҳазор хонавода мерасад;

- зиёда аз 330 истифодабарандаи замин усули экологии идоракунии заминро амалӣ намуда истодаанд, ки баъд аз анҷоми лоиҳа ба 12 ҳазор расонида мешаванд;

- зиёда аз 3800 гектар замини ноҳияҳои зерҳадаф аз технологияи бехатарии истифодаи замин ва об истифода мебаранд ва он баъд аз анҷоми лоиҳа ба 30 ҳазор гектар мерасад;

- бо мақсади дастгирӣ дар идоракунии экологӣ ва самараноки захираҳо дар робита бо шаш Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва шаш ҷомеаи чарогоҳ истфодабарандагон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд, ки маблағи онҳо то 100 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегиранд;

- бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мардуми маҳаллӣ ва омода намудани гурӯҳҳои мақсаднок, ки кумакгирандаи лоиҳа ба шумор мераванд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои фасилитатсионӣ шартномаҳо ба имзо расонид. Ташкилотҳои мазкур дар иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омода намудани мардум ҷиҳати ташкили гурӯҳҳои мақсаднок, навиштани зерлоиҳаҳо, истифода ва идораи молиявии зерлоиҳаҳо дорои  таҷрибаи зиёд мебошанд.

Умуман, то имрӯз аз татбиқи лоиҳаи мазкур натиҷаҳои назаррас ба даст омада, имкониятҳои истеҳсолии хоҷагиҳо ва деҳқонони минтақаи татбиқи лоиҳа, дастрасии молиявии онҳо қисман таъмин карда шудааст.

Дар ин раванд, бо мақсади фарогирии зиёдтари  аҳолӣ ва ҷалби сокинони деҳаҳои дурдаст дар татбиқи лоиҳа, 22 январи соли 2016 созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушт дар ҳаҷми умумии 2,83 млн. доллари ИМА ба имзо  расонида шуд. Аз ҷумла Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Грант №D085- TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 830 ҳазор доллари ИМА (600 ҳазор ҲМҚ) ва Созишнома оид ба грант (Грант №TFOA0431) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии  таҷдид ва рушд 2,0 млн. доллари ИМА.

Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таҳлилҳо дар ҷобаҷогузории рейтинги давлатҳои аъзо аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба зинаи гирандаи маблағҳои қарзӣ гузаронида шудааст, аммо маблағҳои мазкур бо кӯшишҳои зиёд ҳамчун грант ҷалб карда шудаанд.

Маблағҳои иловагии мазкур барои мукаммалгардонии истифодаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои интихобшуда бо тариқи додани имконият барои зиёд намудани сармояи истеҳсолии 5350 хоҷагӣ (24,000 нафар) равона гардидааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2013 оғоз ёфта, то моҳи майи соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Ҳангоми амалӣ гардидани лоиҳа натиҷаҳои зерин низ ба даст оварда мешавад, аз қабили ҷалби шумораи зиёда аз 40 фоизи занҳо ба усулҳои экологии идоракунии кишоварзӣ, зиёд намудани даромад аз истифодаи замин тариқи огоҳонидани аҳолӣ оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ, мукаммалгардонии инфрасохтори истеҳсолӣ, таҷрибаи амалӣ додани мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ.

Дар ҳолати бомуваффақият татбиқ гардидан лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки шароити хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи маҳаллӣ беҳтар гардида, тазоҳуроти омма барои такроран истифода бурдани механизми мазкур устувор шавад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон  дода мешавад.

 Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис,  Раёсат, вакилони  гиромӣ  ва  ҳозирини  арҷманд!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд   оид     ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ  дар  деҳот», ки 22 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи  соли 2016 таҳти №696 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ   ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ ва инчунин,  дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки 18 майи соли 2016  баргузор гардид, иштирок намуда, созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Амалӣ  гаштани созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин созишномаи мазкурро ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

 УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ» ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ин гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани созишномаи зикргардида мебошад.

Созишномаи мазкур барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан терроризм ва экстремизм равона карда шудааст.

Тибқи созишномаи мазкур ҳукуматҳои Тарафҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дастгир намудани шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шудаанд, ҳамкориро аз рӯи самтҳое, ки дар ин созишнома пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамоянд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза ба ҷинояткорӣ 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёз ба имзо расида, аз муқаддима ва 13 модда иборат мебошад.

Дар муқаддима асосҳо барои бастани созишнома ифода ёфта, дар моддаи 1 тартиби ҳамкории Тарафҳо дар мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва дигар ҷиноятҳо, ки 17 самтро дар бар мегиранд, пешбинӣ шудааст.

Моддаи 2 ҳамкории Тарафҳоро дар самти табодули маълумот оид ба фаъолияти афрод ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарордошта, ки нисбати онҳо ҳукми суд содир шудааст ва табодули маълумот оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҷиноятҳои расмигардонии маблағҳоро муайян месозад.

Моддаҳои 3 — 4 вазифаҳои Тарафҳо дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти амниятӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани алоқаҳои байниҳамдигарии онҳоро пешбинӣ менамояд.

Дар моддаҳои 5 — 7 тартиби иҷрои дархостҳо, пурра ё қисман рад кардани онҳо, уҳдадориҳои Тарафҳо оид ба риояи махфияти иттилооти даст­расгардида ҳангоми амалисозии ҳамкорӣ мавриди танзим қарор гирифтааст.

Дар моддаҳои 8 — 9 бошад, ҳуқуқу уҳдадориҳои Тарафҳо ва таносуби онҳо бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ, гузаронидани ҷаласаҳои муштараки роҳбарони олимақом, масъалаи пардохти хароҷот инъикос гардидааст.

Дар моддаҳои 10 — 12 мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо, фаъолияти комиссияҳои муштарак дар робита бо иҷрои ин созишнома ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ҳангоми сар задани ихтилофот пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаи 13 тартиби тағйир додани муқаррароти созишномаи мазкур тавассути протоколҳои алоҳида ва иҷрои фаъолияти қаблан оғозгардида ҳангоми қатъ гардидани он, масъалаҳои вобаста ба забонҳои кории ҳамкориҳо миёни Тарафҳо ва тартиби қатъ намудани он ҳангоми сар задани ихтилофот дар қонунгузории Тарафҳо ва муҳлати амали ин созишнома, масъалаҳои эътибори қонунӣ пайдо намудани он баён гардидаанд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, таклифу эродҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони мардумӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: -  Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнуддин дода мешавад.

 Зайнуддин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёз ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2016 таҳти №686 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мақсади созишномаи номбурда аз дастгирии муносибатҳои мавҷудаи дӯстонаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, дарки аҳамияти муассири ҳамкории соҳаи бехатарӣ дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва талоши барқарор намудани ҳамкории тарафайн  дар соҳаи амният иборат мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 12 майи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод дода мешавад.

ҲУСЕЙНЗОДА Музаффар Маҳмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  бо мақсади иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015 омода карда шудааст, пешниҳод мегардад.

Бо дарназардошти нақши муҳими шартномаҳо дар ҷараёни таҳким ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ, салоҳ дониста мешавад, ки дар асоси муқаррароти асосии Конвенсияи Вена дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ абзорҳои вобаста ба такмили низоми татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ мавриди бозтоб қарор гиранд.

Дар лоиҳаи  қонун охирин амалия ва таҷрибаи ҷойдошта вобаста ба раванди мувофиқакунонӣ, парафгузорӣ, баимзорасонӣ, назорати иҷро, боздоштани амал, бекор кардани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари бо ин марҳилаҳо дахлдошта ба инобат гирифта шуд.

Навоварие, ки дар таҷриба вобаста ба иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ба чашм мерасад, ин муваққатан иҷро намудани шартномаҳои байналмилалӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 16 лои­ҳаи қонуни мазкур шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти алоҳидаи онҳо дар қисме, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, то эътибор пайдо намудани онҳо муваққатан татбиқ мегарданд, агар чунин тартибро худи шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намоянд. Ҳамзамон, тибқи моддаи мазкур, чунин татбиқнамоӣ наметавонад аз як сол зиёд бошад.

Навгонии дигаре, ки дар қонуни мазкур оварда шудааст, ин мониторинги таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мутобиқи қисми 5 моддаи 18 чунин тартиб аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар сурати қабул гардидани қонуни мазкур зарурати қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ба вуҷуд меояд. Чунин тартиб имконият медиҳад, ки рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ таҳти назорати доимии давлат қарор дода шавад ва вазорату идораҳо оид ба иҷрои ҳар як шартномаи байналмилалӣ маълумоти худро пешниҳод намоянд.

Ҳангоми мувофиқакунонии лоиҳаи қонуни мазкур эроду пешниҳодҳои кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 31 модда иборат буда, маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед  Ҳамроқулович дода мешавад.

 Ҷамшед САИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонуни баррасишаванда тамоми расмиёти заруриро дар кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

18 апрели соли ҷорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмӯъ дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмили он 52 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 25 таклиф қабул, 4- то қисман қабул ва 23 таклиф қабул нашуданд.

Ҳамзамон, эрод ва таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардида буданд, ислоҳ карда, дар лоиҳаи пешниҳодгардидаи қонуни мазкур ба инобат гирифта шуданд.

Вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муҳимият ва зарурияти қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба инобат гирифта, овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» сухан ба директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо» Иброҳимзода Муҳаббат дода мешавад.

ИБРОҲИМЗОДА Муҳаббат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони ­гиромӣ!

Мувофиқи малумоти ҷамъовардашуда то ҳол дар 70 кишвари дунё мавҷудияти проблемаи хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тасдиқ гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш дорад, ки  хатари минаҳо ва таҷҳизоти нотаркидаи боқимондаро коҳиш диҳад. Чунин фаъолият дар дунё амалӣ шуда истодааст, аз ҷумла дар ҳудуди кишвари мо низ.

Тазаккур бояд дод, ки дар давоми солҳои 1992- 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар арсаи таркиши минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ 859 нафар зарар дидаанд, ки аз ин шумора 485 нафар маҷрӯҳ ва 374 нафар ҳалок шудаанд. Шумораи минаҷӯёни зарардида 22 нафар буда, 20 нафар маҷрӯҳ ва ду нафар ҳалок шуданд.

Фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо — маҷмӯи чорабиниҳо вобаста ба тоза намудан аз минаҳо, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида, таблиғоти манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии захираҳои онҳоро бо мақсади кам кардани таъсири зарари минаҳо ба ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити зист, дар бар мегирад.

Ҳадафи асосии фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо паст кардани хатар ба дараҷае мебошад, то одамон тавонанд бе хавфу хатар зиндагӣ намуда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ бе таъсири маҳдудиятҳое, ки минаҳои зиддипиёдагард ба бор меоранд, амалӣ карда шавад.

Дар ин самт аз ҷониби Маркази миллии Тоҷикис­тон оид ба масъалаи минаҳо ва дигар шарикони Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни  фаъолиятҳои зидди минаҳо корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд.

Солҳои 2004 — 2015 дар 14 ноҳияи осебпазир 234 майдони хатарнок бо масоҳати 16,3 км2 (1630 гектар) тоза карда шуда, 56362 адад минаи зиддипиёдагарду зиддитанкӣ, 10730 адад лавозимоти нотаркидаи боқимонда, 41 кг моддаи тарканда ва 80350 адад тири силоҳи сабук пайдо ва нобуд карда шуданд.

Айни ҳол, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истифодаи доимӣ 15,1 км2 (1510 гектар) замин супорида шуд, ки аз рӯи таъиноташон 26,9 фоиз чарогоҳ, 2,92 фоиз замини кишоварзӣ, 3,09 фоиз, роҳ 1,16 фоиз, кони тилло, 1,07 фоиз моҳипарварӣ, 0,41 фоиз замин барои сохтмон, 0,28 фоиз кони ангишт ва 64, 16 фоиз минтақаи наздисарҳадӣ мебошанд.

Муҳимии масъалаи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳоро ба назар гирифта, бо қарори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, аз ҳисоби мутахассисони варзидаи вазорату идораҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади танзими ҳуқуқу уҳдадориҳои мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъо­лияти мазкур, вазъи ҳуқуқии сапёрон (минаҷӯён), тартиби тоза кардани ҳудудҳои хатарнок ва супоридани онҳо, огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур дар бораи мафҳумҳои асосӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдор, мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо шарҳи муфассал оварда шудааст.

Мо таклифу пешниҳодҳои аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳодгардидаро якҷоя бо аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният муҳокима намудем ва дар маҷмӯъ, онҳоро маъқул шуморида, ба лоиҳаи қонуни мазкур илова намудем.

Минбаъд, фаъолиятҳои башардӯстонаи зидди минаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамин лоиҳаи қонун амалӣ карда мешаванд. Қабул ва татбиқи қонуни мазкур ҷалби маблағи иловагиро ба Буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони мардумӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир дода мешавад.

МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯс­тонаи зидди минаҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа  ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади иҷрои самаранокии уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард, нобудсозии онҳо ва ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо дар маҷмӯъ онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 76 таклиф пешниҳод гардид, ки 35 таклиф қабул, 17 пешниҳод қисман қабул ва 24 таклифи дигар мавриди қабул қарор нагирифт.

Кумита таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба лоиҳаи қонуни номбурда манзур шуда буданд, дар якҷоягӣ бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, лоиҳаи такмилдодашудаи қонуни мазкурро бо дарназардошти таклифҳо барои баррасӣ пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод дода мешавад.

Умед ДАВЛАТЗОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ба рушди соҳибкорӣ, ки то ин давра дар ин самтҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур низ идомаи фаъолият дар ин ҷода мебошад.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди ­шак­л­ҳои гуногуни моликият ва дар ин замина зиёд намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, зарурияти рушди яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – суғуртаро ба миён гузоштааст, зеро муҳити имрӯзае, ки мо дар он зиндагӣ ва фаъолият менамоем, пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт буда, ба вуқӯъ омадани онҳо боиси расидани зарари ҷисмонию моддӣ ба шаҳрвандон ва корхонаю муассисаҳо мегардад.

Суғурта унсури муҳими низоми муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисодиёт саҳми беандоза дорад. То ин давра дар ҷумҳурӣ бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқии рушди соҳа 8 қонуни мукаммал ва 13 қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитстон аз 31 декабри соли 2014 таҳти № 788 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва супориши Протоколи ҷаласаи XIII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 таҳия шудааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 20 ташкилоти  суғуртавӣ ва як ташкилоти брокерии суғуртавӣ фаъолият доранд. Дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон се шакли суғурта, аз ҷумла суғуртаи ҳатмӣ, суғуртаи ҳатмии давлатӣ ва суғуртаи ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад. Феълан дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ба мизоҷон 43 намуди хизматрасонии суғуртавӣ расонида мешаванд, ки аз он 8 намуд хизматрасонии суғуртаи ҳатмӣ, 7 намуд хизматрасонии суғуртаи ҳатмии давлатӣ ва 28 намуд суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.

Мақсади асосии дар таҳрири нав таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ин таҳкими низоми мукаммали ҳимояи ҳуқуқҳои суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагиранда, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти суғуртаи ҷумҳурӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, таҳкими фаъолияти бозори суғурта, ба роҳ мондани фаъолияти шаффофи ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷорӣ намудани низоми муосири танзим ва назорати давлатии онҳо ва инчунин, фароҳам овардани рақобати солим байни ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ тавассути ҷалб намудани ташкилотҳои хусусӣ  барои анҷоми хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмӣ, истифодаи захираҳои муваққатан озоди суғуртавӣ барои сармоягузорӣ ва умуман, рушди бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати мазкур аз 6 боб ва 42 модда иборат мебошад. Дар муқоиса бо қонуни амалкунанда 2 боб ва 11 модда зиёд буда, аз се ду қисми он дар таҳрири нав баён гардида, инчунин 36 мафҳуми нав, ки дар қонунгузории кишварҳои мутараққӣ истифода мегарданд, ворид карда шудааст.

Дар лоиҳа боби нав оид ба «Бозори суғурта» пешбинӣ карда шуд. Дар боби мазкур муқаррарот оид ба иштирокчиёни касбии бозори суғурта, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта, пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ташкилотҳои фаръии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), брокерҳо ва агентҳои суғуртавӣ, актуарийҳои суғуртавӣ (ташкилоти актуарӣ), аджастерҳои суғуртавӣ (ташкилоти аджастерӣ), ассистанси суғуртавӣ, сюрвейери суғуртавӣ ва суғурташаванда  шарҳ дода шудаанд.

Ҳадафи асосии муқаррароти ин боб таъсиси ташкилоти азнавсуғуртакунии ватанӣ ҷиҳати пешгирии берунравии сармоя аз ҷумҳурӣ ва ташкили ассосиатсияи ташкилотҳои суғуртавӣ барои ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои суғуртавӣ, ки дар оянда барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои соҳа мусоидат хоҳанд намуд, мебошад.

Дар боби чоруми лоиҳаи ин қонун оид ба «Таъмини устувории молиявӣ-иқтисодӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» шартҳои таъмини устувории молиявӣ-иқтисодӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнав­суғуртакунӣ), захираҳои суғуртавӣ, интиқоли портфели суғуртавӣ, баҳисобгирӣ  ва ҳисобот, назорати дохилӣ, аудити дохилӣ, аудити ҳатмӣ ва нашри ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ гардид.

Бояд изҳор намуд, ки сатҳи имрӯзаи пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавии ҷумҳурӣ ҷавобгӯи талаботи муосир намебошад, зеро дар шароити ташаккулёбии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, татбиқи лоиҳаҳои гуногунҳаҷми  сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, масъалаи суғуртакунонии фаъолият, ҳаёт, молу мулк ва ғайраҳо рӯз то рӯз  зиёд гардида, аз ташкилотҳои суғуртавӣ устувории молиявӣ ва кафолати пардохти саривақтии ҳолатҳои суғуртавиро дар ҳаҷми гуногун тақозо менамояд. Татбиқи талаботи боби мазкур барои баланд бардоштани устувории молиявию иқтисодӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи тартиби муқарраргардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ҳамзамон, тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ ба инобат гирифта шудааст.

Ҷиҳати таҳияи мукаммали лоиҳаи қонуни мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми суғуртаи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Украина ва ғайраҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд.

Аз ин лиҳоз, қабул ва татбиқи қонуни пешниҳодгардида барои фароҳам гардидани муҳити боэътимоди суғуртакунӣ, таъмини устувори молиявии низоми суғуртакунӣ, инкишофи бозори хизматрасониҳои суғурта, баланд бардоштани дараҷаи самаранокии танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ, рушди муносибатҳои бозори суғуртаи миллӣ ва байналмилалӣ, зиёд шудани номгӯи хизматрасониҳои суғуртавӣ ва шумораи ташкилотҳои суғуртавии ватанию хориҷӣ ва дар ниҳояти кор барои истифодаи ҳаддалимкони захираҳои суғуртавӣ ҳамчун сарчашмаи нави сармоягузорӣ замина хоҳад гузошт.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:  — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод  ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти № 419 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод шудааст.

Дар таҳрири нав қабул намудани лоиҳаи қонуни зикр­гардида ин ба роҳ мондани суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ, новобаста аз шакли моликияташ, ташаккули бозори суғурта бо дарназардошти ба роҳ мондани фаъолияти шаффоф дар бозори суғурта ва низоми муосири танзим ва назорати давлатӣ, имконияти истифодабарии захираҳои муваққатан озоди суғуртавӣ бо мақсади сармоягузорӣ, фароҳам овардани рақобати солим байни ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ, мутобиқгардонии фаъолияти суғуртавӣ дар кишвар бо стандартҳои байналмилалии суғуртавӣ ва дар маҷмӯъ, барои рушди бозори суғуртаи ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 42 модда иборат мебошад. Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон барои такмили он 158 таклифу эрод пешниҳод намуданд.

9 марти соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз таклифу дархостҳои воридшуда 92-тоаш қабул, 21-тоаш қисман қабул ва 45-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои манзургардида лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд, аз ҷумла:

- дебоча, сархатҳои якум, чорум, шонздаҳум, нуздаҳум, чилу дуюм ва панҷоҳу якуми моддаи 1, қисми 2 моддаи 3, қисми 5 моддаи 4, қисми 6 моддаи 8, қисми 18 моддаи 13, қисми 2 моддаи 28, қисми 1 моддаи 34, моддаи 39 ва 40 таҳрир карда шуданд;

- моддаи 1 лоиҳаи қонун хориҷ карда шуд, зеро меъёри танзими моддаи мазкур дар дебочаи қонун ифода ёфтааст;

- ҷумлаи дуюми сархати панҷуми моддаи 1 хориҷ карда шуд;

- дар сархатҳои ҳафтум ва понздаҳуми моддаи 1 калимаи «масъулият» ба калимаҳои «масъулиятҳои шаҳрвандӣ» иваз карда шуд;

- дар тамоми матни лоиҳаи қонун калимаи «қонунгузорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуд;

- дар қисмҳои 8 ва 12 моддаи 4 калимаҳои «ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии» ба калимаҳои «масъулияти шаҳрвандии» иваз карда шуданд;

- дар сархати дувоздаҳуми қисми 8 моддаи 31 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуданд;

- дар қисми 2 моддаи 5 пеш аз калимаи «ҷамъиятӣ» калимаи «иттиҳодияҳои» илова карда шуд;

- қисми 2 моддаи 8 ба техникаи қонунгузорӣ мутобиқ карда шуд;

- дар сархати дуюми қисми 4 моддаи 8 рақами «90» ба рақами «50»  иваз карда шуд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур аз 4 апрели соли 2016 таҳти №609  барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия пас гардонида шуд.

Лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаи масъул, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа дебоча, сархатҳои дуюм, ҳафтум, ҳаштум, даҳум, ҳаждаҳум, бисту шашум, чилу нуҳум, панҷоҳум, панҷоҳу чоруми моддаи 1, сархати дуюми қисми 3 моддаи 3, сархати ҳаждаҳуми қисми 8 ва қисми 13 моддаи 4, қисми 2 моддаи 5, қисми 5 моддаи 7, қисми 6 моддаи 10, қисми 3 моддаи 11, қисмҳои 1 ва 14  моддаи 13, сархати якуми қисми 1 моддаи 14, сархати чоруми қисми 1 моддаи 15, моддаи 19, қисмҳои 1,8,9,10 моддаи 20, қисми 1 моддаи 23, қисми 7 моддаи 26, қисмҳои 2 ва 6 моддаи 28, қисми 2 моддаи 29, сархати якуми қисми 9 моддаи 31, қисми 2 моддаи 32, қисми 2 моддаи 33 аз нав таҳрир карда шуда, қисми 3 моддаи 4 ба ду қисм ҷудо карда шуд. Аз лоиҳаи қонун сархати панҷуми моддаи 1, қисмҳои 17 ва 18 моддаи 13 хориҷ карда шуда, ба  моддаи 4 қисми 11 илова карда шуд.

Дар матни моддаи 1 калимаи «маҷмӯи» хориҷ карда шуда, дар матни он калимаи «тахминшаванда» ба калимаи «эҳтимолӣ», калимаи «марги» ба калимаи «фавти», калимаи «оҷонсиҳои» ба калимаи «агентии», калимаи «натуралӣ» ба калимаи «аслӣ» ва калимаҳои «асъори миллии» ба калимаҳои «пули миллии» иваз карда шуда, ҳамзамон матни лоиҳаи қонуни мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда, хатоиҳои имлоиву техникӣ ислоҳ карда шуд. Ҳамаи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар сатҳи шоиста баррасӣ мегардад ва барои қабули он якдилона овоз медиҳем.

Дар муҳокимаи ин масъала вакилон Қиёмиддин Миралиён,  Абдуҳалим Ғаффоров, Рустам Латифзода, Саидҷаъфар Усмонзода иштирок намуданд.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат дода мешавад.

ОДИНАЗОДА Бозоралӣ Неъмат:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба моддаи 13 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйироти зерин ворид карда шавад:

- қисми 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«9. Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ( ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ба шахсони зерин тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф имтиёз дода мешавад:

- довталабони ятим;

- довталабоне, ки бе парастории падару модар мондаанд;

- кӯдакони маъюб (тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ;

- маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки аз рӯи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба муассисаҳои ба таълимии дахлдор таҳсил кардани онҳо манъ  карда нашудааст;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд;

- дигар шаҳрвандоне, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд»;

- қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«10. Агар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил набошад, қабули шахсони дар қисми 9 ҳамин модда нишондодашуда тибқи қоидаҳои умумии қабули донишҷӯён, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар менамояд, ба роҳ монда мешавад».

Тағйирот ба қонуни мазкур бо мақсади зерин таҳия гардидааст:

1. Мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

2. Тибқи розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз 1 августи соли 2015 ҳангоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз гурӯҳҳои имтиёздор муқаррар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд.

3. Тибқи банди 9 моддаи 13-и қонуни мазкур яке аз гурӯҳҳои имтиёздорон маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки аз рӯи хулосаи комиссияи коршиносии  тиббии меҳнатӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда метавонанд, мебошанд. Лозим ба қайд аст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси маъюб эътирофгардида гурӯҳи маъюбӣ ва ба шахси то синни 18-сола категорияи «кӯдаки маъюб» муқаррар карда мешавад. Яъне, гурӯҳи маъюбӣ баъд аз расидан ба синни 18-солагӣ дода мешавад. Аз рӯи таҷриба ҳангоми бақайдгирӣ довталабоне низ ҳастанд, ки маъюбӣ дошта, бинобар ба синни 18 нарасидан ба онҳо гурӯҳи маъюбӣ дода нашудааст. Аз ин рӯ, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ин гурӯҳи шаҳрвандон ҳар сол рӯйхат таҳия намуда, барои ба кадом гурӯҳи маъюбон мансуб будани онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ муроҷиат менамояд. Дар натиҷа, комиссияи ташхиси тиббии иҷтимоии мақоми ваколатдори давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо онҳоро аз ташхис гузаронида, ба кадом гурӯҳи маъюбон мансуб буданашонро муайян менамояд. Мувофиқи таҷриба қисме аз ин гурӯҳи шаҳрвандон тибқи хулосаи комиссия маъюби гурӯҳи I, қисме маъюби  гурӯҳи II, қисме маъюби гурӯҳи III ва қисме бе гурӯҳи маъюбӣ дониста мешавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки тартиби зикршуда муқаррар карда шавад, яъне агар ин гурӯҳи шаҳрвандон – кӯдакони маъюб  барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузашта бошанду мақоми ваколатдори давлатӣ онҳоро ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II мансуб дониста бошад, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба онҳо имтиёз дода шавад.

4. Аз ин рӯ, зарурати ворид намудани баъзе тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» вобаста ба гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузорӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба онҳо имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, инчунин ба гурӯҳи имтиёздор шомил намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба миён меояд.

5. Қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки масъалаҳои додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон ҳангоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шаванд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

Ба саволҳои вакилон Анвар Тағоймуродов, Абдуҳалим Ғаффоров, Аҳматҷон Қобилов доир ба ин масъала муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Хуршед посух доданд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода, М. Раҷабзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Исматуллоев ва Ҳ. Холиқов пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2015, таҳти № 398 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта, зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, дар мувофиқат ба қонунгузории гражданӣ, бо назардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқӣ, ҳуқуқӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда мебошад.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба номи қонун, муқаддимаи он, номи боби II ва 25 моддаи қонуни амалкунанда ворид намудани 240 тағйиру иловаҳо пешбинӣ карда шудааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он  53 таклифу эродҳо пешниҳод намуданд.

13 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа, аз таклифҳо воридшуда  28 — тоаш қабул, 9 — тоаш қисман қабул ва 16 — тоаш  қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммалтар гардониданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар рафти он аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров эрод гирифта шуд, ки онҳо ба инобат гирифта, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ