Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қабули созишномаи қарзӣ ба сохтмону таҷҳизонидани мактабҳо мусоидат мекунад

№150 (3135) 28.11.2013

DSC_1751

Бисту шашуми ноябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии  Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи  ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборова М.Т.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Ҷабборова М.Т.»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон озод кардани Ҷабборова М.Т.»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Ҷабборова М.Т.»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирова М.У.»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Хидирова М.У.»

7. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Самадов З.М. аз вазифаи сараудитори Палатаи  ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Кучакшоев А.Д. ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Тавре огаҳӣ доред, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна давоми фаъолият дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум аз худ маҳорату кордонӣ нишон дод. Ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон кор карда, тамоми қобилият, маҳорату ташкилотчигӣ ва муҳимтар аз ҳама масъулиятшиносӣ дар таҳияву баррасии лоиҳаҳои қонунҳо зоҳир намуд. Яке аз қонунҳои муҳим барои пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли наврас қабул ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад.

Барои фаъолияти пурсамар дар парлумон Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.

DSC_1707

Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории пурсамар дар мақомоти қонунгузорӣ изҳори сипос намуда, онҳоро мутмаин сохт, ки дар иҷрои вазифаи пурмасъули давлатӣ тамоми донишу маҳорати худро истифода хоҳад бурд.

РАИС: — Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хидирова Махфират Умаровна бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 раиси Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Хидирова Махфират Умаровна дастпарвари парламенти кишвар мебошад. Давоми фаъолият дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатдӯстӣ, омӯзиш ва серталабии ӯ эҳсос мешуд. Натиҷа он шуд, ки Махфират Хидирова ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ҷодаи илм заҳмату кӯшиши зиёд намуд. Махфират Хидирова доктори илми фалсафа, профессор мебошад.

Ӯ ҷавонтарин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз моҳи марти соли 2010 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон кор мекунад. Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон интихоб гардида буд.

Ба ӯ дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият низ барори кор хоҳонам.

Махфират Хидирова барои иштироки фаъолонааш дар мақомоти қонунгузор бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуд.

DSC_1766

Махфират Хидирова ба ҳамкасбони худ миннатдорӣ баён кард ва изҳор намуд, ки дар вазифаи нав бо дарки масъулияти баланд фаъолият хоҳад кард.

Масъалаи аввали рӯзнома – «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборова М.Т.» баррасӣ шуда, барои қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Масъалаҳои навбатии рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Ҷабборова  М.Т.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон озод кардани Ҷабборова М.Т.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Ҷабборова М.Т.» баррасӣ ва ҷиҳати тасдиқи он таври алоҳида Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Масъалаҳои дигари рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирова М.У.» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Хидирова М.У.» низ баррасӣ шуда, ҷиҳати тасдиқи он таври  алоҳида Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Вобаста ба масъалаи навбатии рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Самадов З.М. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа – «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Кучакшоев А.Д. ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Оид ба ин масъала чӣ гуна таклиф ё пешниҳод доред? Қабул шавад? Дар ин бора мавқеи худро муайян намоед.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» А.Д.Кучакшоев баъди ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан савганд ёд намуд.

РАИС: -Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВРуҳулло ҲАКИМОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян карда шудааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф шаш лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи умумии 94,9 млн. доллари амрикоӣ, аз он ҷумла 44,3 млн.доллари амрикоӣ қарз ва 42,1 млн.доллари амрикоӣ грант якҷо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодааст.

Ба муҳокимаи шумо, муҳтарам вакилон, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» (марҳилаи 3) пешниҳод мегардад.

Барои татбиқи лоиҳаи мазкур 25,75 млн.доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд 25,0 млн. доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 750 ҳазор доллари амрикоӣ муайян гардидааст.

Муҳлати қарз -25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ -5 сол, меъёри фоизи ҳаққи хизматрасонӣ як фоизи солона муқаррар шудааст.

Зикр намудан зарур аст, ки Созишномаҳои қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд 19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, хизматрасонии қарзҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба уҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Фонди Саудии Рушд дар соли 2004-ум лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» омода гардид, ки марҳилаи якуми он сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии се мактаби миёнаро дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Панҷ дар бар гирифта, солҳои 2004-2009 бомуваффақият амалӣ шудааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии панҷ мактаби миёнаро дар ноҳияҳои Ҳисор, Фархор, Бохтар, шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе дар бар гирифта, айни замон дар сатҳи амалишавӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки он то соли 2015 пурра ба анҷом расонида мешавад.

Марҳилаи  сеюми лоиҳа низ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» ба шумор меравад. Мақсади лоиҳаи мазкур рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани якчанд мактабҳо дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша, дар марҳилаи сеюми лоиҳа бинои 15 мактаб дар шаҳрҳои Норак, Панҷакент, Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Ҷиликӯл, Данғара, Шӯрообод, Фархор, Бохтар ва Айнӣ сохта, пурра муҷаҳҳаз гардонида, то охири соли 2016 ба  истифода дода мешаванд. Лоиҳаи мазкур дар басти якум зиёда аз 9 200 ва дар басти дуюм зиёда аз 18400 мактаббачагонро бо ҷойи нави нишаст таъмин менамояд. Инчунин лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки зиёда аз 200 нафар омӯзгор ва ҳайати кормандони техникӣ бо ҷойи нави кори дорои шароити мусоид таъмин шаванд.

Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди соҳаи маорифи мамлакат ва Стратегияи давлатии паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим мебозад.

Муҳтарам  вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи  пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

Мунаввара КЕНҶАЕВАМунаввара КЕНҶАЕВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна», ки 19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2013 таҳти №2117 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур бо мақсади рушд ва беҳтар намудани  таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи донишҷӯён тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани якчанд мактабҳо дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи аввал- марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ ва таъмин намудан бо мебел ва таҷҳизонидани 15 мактаб дар 12 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Маблағи умумии марҳилаи сеюми ин лоиҳа аз ҳисоби қарзи Фонди Саудии Рушд 25,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 750,0 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст.

Бояд зикр кард, ки Шӯрои директорони Фонди Саудии Рушд барои сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои ҷумҳурӣ ҷудо намудани маблағи 60 млн. доллари амрикоиро маъқул донистанд. Маблағи мазкур тавассути якчанд марҳилаҳо ҷудо карда мешавад. Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди маорифи мамлакат ва Стратегияи давлатии паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим мебозад. Ин лоиҳа соли 2013 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом мерасад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Понздаҳуми ноябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Созишнома мавриди баррасӣ қарор ёфта, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»-ро, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» сухан ба муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинов Эмин Нӯъмонович дода мешавад.

DSC_1831Эмин САНГИНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони мардумӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо мақсади мутобиқгардонӣ ба қонунгузории амалкунанда таҳия гардидааст.

Қисми якуми лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани сархати шашуми қисми якуми моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»- ро ба моддаи 16- уми ҳамин қонун тақозо менамояд, зеро зимни таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз 1 августи соли 2012 таҳти №893 ин муқаррарот ба инобат гирифта нашудааст.

Қисми дуюми лоиҳа ба танзими таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки гарчанде дар низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ тӯли солҳои охир бисёр тағйирот ворид гардида бошад ҳам, лекин мақомоти ваколатдор дар ин самт то ҳол дар асоси Низомнома «Дар бораи тартиби таъмини кӯмакпулӣ тибқи суғуртаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби собиқ Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2003, таҳти №10/122 тасдиқ гардидааст, фаъолият мебаранд.

Бинобар ин, ба қонуни амалкунанда моддаи нав (141) илова мегардад, ки тибқи он минбаъд тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳа аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад Хоҳишмандем, лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҳмадалиев Амирбек Темурович дода мешавд.

МАҲМАДАЛИЕВАмирбек МАҲМАДАЛИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2013 таҳти №2112 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмӯъ дастгирӣ ва ҷиҳати такмили он ворид намудани таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

Нуздаҳуми ноябри соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, якдилона дастгирӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо назардошти тағйиру иловаҳои пазируфтаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи илм ва сиёсати  давлатӣ оид ба илму техника» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич дода мешавад.

САИДМУРОДОВЛутфулло САИДМУРОДОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳ ва муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Қурбонов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Шабозов, А.Қарақулов ва Л.Саидмуродов таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Зарурияти пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 апрели соли 2011) бармеояд, бо мақсади бартараф намудани зуҳуроти номатлуб, аз қабили сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, асардуздӣ (яъне, плагиат), харидан  ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ бо мақсади дифои он аз номи худ, ки тӯли солҳои охир дар соҳаи илм ба назар мерасад, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси тавсияҳои ҳаракати байналмилалии илмии Пагуошӣ (соли 1978, конфронси байналмилалӣ дар  Булғористон), 18- умин Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО «Оид ба мавқеи (статуси) корманди илмӣ», конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба илм ва лоиҳаи Қарори Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ (13 октябри соли 2011) дар бораи «Декларатсия оид ба принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ», дар хусуси он ки корманди илмӣ дар раванди фаъолияти илмии худ ғайр аз масъулияти фардӣ масъулияти иҷтимоӣ низ дорад ва аз донишу имконияти техникӣ, робитаҳои  байналмилалии ӯ бармеояд, таҳия шудааст.

Дар ин замина дар моддаи 2-юми қонуни амалкунанда мафҳумҳои наве, ки асосҳои ахлоқии фаъолияти илмиро маънидод мекунанд, ба монанди «одоби илмӣ», «рафтори ношоями илмӣ» ва «Кодекси намунавии одоби илмӣ» илова  шудаанд.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида муқаррар карда мешавад, ки ташкилотҳо ва кормандони илмӣ уҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипҳо ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмиро риоя  намоянд. Дар ташкил ва танзими фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки уҳдадориҳои ахлоқии корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар бар мегирад, истифода баранд.

Бо ин мақсад дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мешавад, ки ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» боби нав ва чор модда илова карда шаванд, ки принсипҳои умумии ахлоқии фаъолияти илмӣ, меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмиро  танзим менамоянд, масъалаҳои таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии  одоби илмӣ ва масъулияти иҷтимоии корманди илмиро дар тарбияи  насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ дар бар мегиранд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишварамон бештар аз 10 ҳазор нафар дар соҳаи илм   фаъолият мекунанд ва аз ин ҷумла бештар аз чор ҳазор нафарашон дорои унвонҳои гуногуни илмӣ мебошанд. Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 зикр  шудааст, ки дар давраи солҳои 2007 — 2015 барои инкишофи соҳаи илм дар маҷмӯъ 135,5 млн. доллар маблағ равона карда мешавад ва дар давраи минбаъдаи миёнамуҳлат маблағгузории ҳарсолаи соҳаи илм дар сатҳи 0,2 ва 0,3 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар ба назар гирифта шудааст, ки ин зарурияти пайдо намудани ҳама гуна роҳҳои самаранок ва истифодаи мақсадноки ин маблағҳоро пеш меоварад. Ҳамзамон мутобиқи муқаррароти қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)», имрӯз дар кишварамон шакли нави тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ бо додани дараҷаи илмии «доктор аз рӯи ихтисос (PhD)» оғоз ёфта истодааст. Дар ин раванд муқаррар намудани меъёрҳои ахлоқии танзимкунандаи фаъолияти касбии илмӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси эродҳое, ки аз ҷониби муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, такмил дода шуда, бо назардошти онҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Зиёда аз 40 таклифу пешниҳод лоиҳаи қонуни мазкурро такмил доданд. Аз вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Одинаев Саидмуҳаммад дода мешавад.

одинаевСаидмуҳаммад ОДИНАЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ворид намудани тағйиру иловаҳо қонуни мазкурро мукаммал мегардонад. Дар лоиҳаи қонун  принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмие, ки дар ҷараёни тадқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ мешаванд (Моддаи 101. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ) возеҳ шарҳу  эзоҳ дода шудаанд.

Мутобиқи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда, ташкилот ё муассисаҳои илмӣ уҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмиро риоя намоянд.

Кодекси намунавии одоби илмӣ масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии кормандони илмиро дар ҷараёни фаъолияти худ муайян мегардонад

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

Саодат АМИРШОЕВАСаодат АМИРШОЕВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Сатторова ва  А. Азизов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти №1977 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкуние, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар намудааст, таҳия ва пешниҳод мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карданд. Танҳо аз ҷониби кумитаи масъул ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор таклиф ворид гардид, ки ҳамаи онҳо пурра қабул шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 ноябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ