Ҳадаф — мусоидат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ

№111 (3257) 25.09.2014

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдузафар Иномов ва Саиди Ёқубзод дар шаҳри Чкалов  бо интихобкунандагон мулоқот намуданд. Вохӯрии нахуст бо иштироки омӯзгорон дар гимназияи №1- и шаҳр, сипас бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи донишкада баргузор гардид. Муовини якуми раиси шаҳри Чкалов Содиқ Рустамов изҳор дошт, ки мулоқоти вакилон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида,  дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дорад. Вакилон  дар навбати худ оид ба  фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аҳамияти таърихии он, дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳои мухталиф   ибрози андеша намуданд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон мусоидат барои ҳалли мушкилоти мавҷуда буда, дархосту пешниҳоди иштирокдорон ба мақомоти дахлдор расонида  мешавад.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов, Назрулло Ҷонов ва Бибидавлат Авзалшоева бо сокинони ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшон мулоқоти судманд анҷом доданд.

Вакилони Парлумон бо интихобкунандагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои қабулгардида, ҳифзи арзишҳои миллӣ, раванди ободониву созандагӣ дар кишвар суҳбатҳо доир карданд.

Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод ва шаффоф  доир гардида, интихобкунандагон дар ҷараёни мулоқот фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро ба вакилон иброз доштанд, ки ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ба эътибор гирифта хоҳанд шуд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»

***

Раиси Кумитаи Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов  дар ноҳияҳои Шӯрообод,  Муъминобод ва Ховалинги   вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.

Вакили Парлумон доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ  қарор гирифта буд, сухан кард. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа, хусусан беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, тадбирҳои зурурӣ андешида, дар ин самт аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қонунҳо таҳия ва қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум муҳим ва саривақтианд.

АМИТ «Ховар»