Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии зиёиёни шаҳр бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов баргузор гардид.
Мавзуи асосии вохӯрӣ тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Мирганд Шабозов дар оғоз оид ба фаъолияти пурсамари Сарвари давлат дар тӯли ҳафт соли охир ҳарф зада, пешрафту густариши батадриҷи тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод. Номбурда, аз ҷумла иброз дошт, ки сол то сол некуаҳволии мардум боло рафта истодааст. Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013- ум нисбат ба соли 2006 -ум ҳафт баробар зиёд аст. Барои боз ҳам афзоиш додани ин нишондод аллакай аз ҷониби Ҳукумат Барномаи баланд бардоштани некуаҳволии мардум барои солҳои 2013-2015 таҳия шудааст, ки сарфи беш аз 18 млрд. сомониро дар бар мегирад. Бо саъю талоши Ҳукумати ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ аллакай то ба 38 фоиз коҳиш дода шудааст. Чунин омил боиси 12 дар сад кам шудани фавти кӯдакону модарон гардидааст. Мирганд Шабозов дар ин вохӯрӣ ҳамчунин нуктаҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, бо овардани далелҳои муътамад воқеияти онҳоро собит намуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон инчунин диққати ҳамагонро ба рушди босуботи кишвари азизамон, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона карда, пешрафту инкишофи иқтисодиёти ин минтақаи кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр шуд, ки айни ҳол буҷети вилоят 162 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар соли 2010 на беш аз 18 млн. сомонӣ буд. Маълум гардид, ки буҷети вилоят тайи ду соли охир 2 маротиба афзоиш ёфтааст, ки 80 дар сади он аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ таъмин мегардад.
Мирганд Шабозов боигарии асосии Бадахшонро дар сарчашмаҳои зиёди обҳои табиӣ дониста, рушд ва инкишоф додани соҳаи энергетикаро дар ин минтақа яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ба гуфти ӯ, аллакай дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ баҳри бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург дар ин минтақа тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Аз ҷумла қарор аст, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа оғоз хоҳад ёфт, ки то 12 мегават қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард. Маблағи умумии сохтмони ин неругоҳ беш аз 25 млн. доллари амрикоиро дар бар мегирад. Бо сохта шудани чунин неругоҳҳо вилоят на танҳо бо қувваи барқ таъмин мегардад, балки имкон пайдо менамояд, ки то 20 мегават қувваи изофии барқро ба мамолики ҳамсоя интиқол диҳад.
Дар поёни мулоқот Мирганд Шабозов ба саволҳои сершумори ҷамъомадагон ҷавобҳои мушаххас дода, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳои гуногун андешаҳои судманд иброз дошт.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»