Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова ва вакили Маҷлиси намояндагон Нодира Турдиматова дар Саммити солонаи «Занон дар парламент» (Форуми глобалӣ), ки аз 27 то 29 ноябри соли 2013 дар Парламенти Аврупо, шаҳри Брюссел баргузор гардид, иштирок намуданд.
Саммити солонаи «Занон дар Парламент» дар рӯзе баргузор гардид, ки дар ин рӯз 120 сол пеш занони Зеландияи нав дар ҷаҳон аввалин шуда, дар интихоботи миллӣ овоз доданд.
Саммити мазкур ба якчанд кишварҳо барои иштироки фаъолонаашон дар паст кардани фарқияти гендерӣ, дар асоси маълумоти Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба фарқияти гендерӣ, мукофот тақдим намуд.
Саммити «Занон дар парламент» ниҳоди мустақил, байналмилалӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, мақсади он кӯмак расонидан ба ҷомеа дар таъсиси шабакаи занон дар парламент мебошад . Раёсати машваратӣ фаъолияти Саммити «Занон дар парламент»-ро назорат ва раҳнамоӣ мекунад. Ба ҳайати Раёсат роҳбарони машҳури сиёсӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили Ҷоди Уиллямс, Муҳаммад Юнус, Вивйен Рединг, Оли Рейн, Паскал Леми, Лакшми Пури ва дигар чеҳраҳои машҳури Аврупо шомил буданд.
Саммити солонаи «Занон дар парламент»-ро Раиси парламенти Аврупо ифтитоҳ намуд. Сипас, намояндагони 115 парламенти кишварҳои дунё иштироки худро тасдиқ намуданд. Форуми мазкур барои занони парламентҳои дунё шароити мубодилаи афкорро фароҳам овард, ки барои дар оянда густариш ёфтани муносибатҳои байнипарлумонӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи ин сафар Назира Ғаффорова ва Нодира Турдиматова бо як қатор чеҳраҳои машҳури сиёсии ҷаҳони муосир-собиқ президентҳо, раисони парлумонҳо, сарвазирҳои кишварҳои Аврупо ва Осиё, раиси амалкунандаи парлумони Аврупо ва чеҳраҳои намоёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот анҷом доданд.
Онҳо ҳамчунин дар рӯзи «Рушди Аврупо», ки соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, иштирок намуданд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон