Бисту нуҳуми августи соли ҷорӣ ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров барои ширкат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо, ки то 5-уми сентябр идома меёбад, ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.
Ба ҳайати парлумонии кишвар раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Олим Салимзода, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилшод Исматуллоев шомиланд.
Конфронси мазкур дар қароргоҳи СММ таҳти раисии Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷаноби Сабер Чаудлхарӣ баргузор шуда, дар он мавзӯъҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва рушд мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо иштирок ва дар мавзӯи «Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ мекунад.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон