Ҳама кӯшиш баҳри некуаҳволии халқ

№46 (3192) 08.05.2014

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баракатулло Атохоҷа бо мақсади  фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода силсилаи мулоқоту вохӯриҳо доир намуд.

Мулоқоте, ки Баракатулло Атохоҷа бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву корхона, ташкилоту муассисаҳои шаҳр баргузор кард, хеле ҷолибу хотирмон гузашт. Баракатулло Атохоҷа роҷеъ ба мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои Паёми  имсолаи Сарвари давлат сухан ронда, ҳамчунин зикр намуд, ки имсол ба қабули аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Маҳз Конститутсияи кишвар Тоҷикистони навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили соҳиби низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ  муаррифӣ намуд. Конститутсияи мо муҳимтарин принсипҳои демократии эътирофнамудаи ҷомеаи  башариро таҷассум намуда, баробарии  ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.

-Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама «Стратегияи миллии рушд барои давраи  то соли  2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015» ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорат  қарор дорад. Ин ҳама аз дурустӣ ва собитқадамии сиёсати пешакардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат гувоҳӣ медиҳад, — таъкид намуд вакили Маҷлиси намояндагон.

- Ҳукумати мамлакат барои ҳалли пурраи масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз ҳама имконияти мавҷуда истифода менамояд. Ҳамчуноне Сарвари давлат зимни ирсоли Паёмашон зикр намуданд, дар ҳафт соли оянда, барои расидан  ба ин ҳадафҳои стратегӣ аз ҳисоби буҷет ва ҷалби сармоя сафарбарии беш аз 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, — иброз дошт Баракатуллои Атохоҷа. Ӯ дар идомаи мулоҳизарониҳояш ҳамчунин дар бораи давоми ҳафт соли охир бамаротиб зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ, муҳайё шудани миқдори зиёди ҷойҳои кор, ҷалби сармоягузорӣ, фароҳам омадани шароит барои рушди зерсоҳаҳои алоҳидаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, таъмини  иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба рушди боғутокпарварӣ ва як қатор масъалаҳои дар Паём зикршуда  сухан гуфта, дар барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал гузориш дод.

Баракатулло Атохоҷа ҳамчунон ба саволҳои зиёди интихобкунандагон посух гуфт.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии Истаравшан – 23 ва Ғончӣ – 24 Лутфулло Саидмуродов ва Саттор Холов аз 30 апрел то 4 майи соли равон оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  деҳоти «Шаҳристон», «Бунҷикат», Литсейи аграрии ноҳияи Шаҳристон, деҳоти «Гули Сурх», «Ниҷонӣ», «Сабристон», «Қалъачаи Калон», толорҳои беморхонаи марказӣ, гимназия – парваришгоҳ, деҳоти «Зарҳалол», «Пошкент», «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан, деҳоти «Муҷум», «Ваҳдат», «Ростровут», «Овчӣ», ҷамоати шаҳраки «Ғончӣ», шуъбаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ғончӣ бо интихобкунандагони худ мулоқот доир намуданд.

Л.Саидмуродов ва С.Холов зимни мулоқотҳо бо интихобкунандагон ҳамчунон оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Зикр шуд, ки то ин дам зиёда аз 20 ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон доир шуда, 138 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Дар ин давра 5 қонуни мукаммал қабул карда шудааст, ки аз ин ҷумла 2 лоиҳаи қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон, 3 лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин мулоқотҳо ҳамчунин аз рафти иҷрои муроҷиатҳои интихобкунандагон унвонии вакилон гузориш доданд.

Тавре дар мулоқотҳо зикр гардид, таваҷҷуҳи мардум ба ояндаи кишвар, тарбияи насли наврас, обод намудани Ватан, ки аз масъалаҳои калидии пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо ба ҳисоб мераванд, бамаротиб зиёдтар шудааст. Мо инро аз як давраи мулоқот то давраи дигар баръало эҳсос мекунем.

Дар рӯзгори имрӯзаи халқ, алалхусус сокинони деҳот, ҳоло ҳам қазияҳои танқисӣ кашидан аз обу барқ, мушкилот дар тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баъзан муноқишаю ҷанҷолҳои замин, ташкили корхонаҳои тавлидотӣ ва ба ҳамин васила таъмин кардани ҷавонон бо ҷойҳои кор мавҷуд мебошанд. Вале ин ҳама камбудию норасоиҳо муваққатӣ ва ҳалшавандаанд. Мо ҳамаи дархосту пешниҳодоти интихобкунандагонамонро навишта гирифтем ва ба идораю вазоратҳои дахлдор пешниҳод мекунем ва онҳо давра ба давра ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»