Чоруми феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1.Дар хусуси Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид
2.Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ
3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон».
РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар хусуси Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Парвиз дода мешавад.
Парвиз ДАВЛАТЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мегардад.
Конвенсияи мазкур 21 ноябри соли 1947 аз ҷониби Маҷмааи СММ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашуда қабул гардидааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 2 феврали соли 2015- ум 126 давлат, аз он ҷумла давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аъзои Конвенсияи мазкур мебошанд.
Муассисаҳои махсусгардонидашуда ниҳодҳои мустақили байналмилалие мебошанд, ки бо Созмони Милали Муттаҳид дар асоси созишномаи махсус ҳамкорӣ ва фаъолият менамоянд. Онҳо дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ташкил шуда, субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ҳастанд. Айни замон дар ҷаҳон 19 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.
Зарурати ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур бо фаъолгардии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои махсусгардонидашуда ва таъсис ёфтани дафтарҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок мешавад.
Бояд зикр намуд, ки муассисаҳои махсусгардонидашуда бо ҳукумати кишвари будубош созишнома оид ба мақом ва шартҳои будубош ба имзо мерасонанд ва дар ин созишнома ба Конвенсияи мазкур истинод оварда мешавад.
Ҳамроҳ гаштани Тоҷикистон ба Конвенсия ба бастани чунин созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда такони ҷиддӣ медиҳад, аз ҷумла бо Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзӣ дар татбиқи лоиҳаҳои назаррас барои давлат саҳмгузор шуда метавонад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 43- юми Конвенсия ҳар як давлати ба он ҳамроҳшаванда бояд дар санади ҳамроҳшавии худ муассисаи махсусгардонидашударо, ки нисбати он Конвенсия татбиқ мегардад, дарҷ намояд.
Бо дарназардошти ҳамкориҳои рушдёбанда ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, ки Конвенсия нисбати муассисаҳои махсусгардонидашудаи зерин, ки ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда, барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар лоиҳа ва барномаҳои гуногунро амалӣ намудаанд, татбиқ карда шавад:
1. Созмони байналмилалии меҳнат
2. Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзӣ
3.Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг
4. Хазинаи Байналмилалии Асъор
5. Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ
6. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ.
Лозим ба ёдоварист, ки аз 126 давлати аъзои Конвенсия 26 давлат ба он тавзеҳот овардаанд. Аз ин рӯ, бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии кишвар ба мақсад мувофиқ аст, ки ҳангоми ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия ба фаслҳои 7, 24 ва 32-юми он тавзеҳот оварда шаванд.
Тибқи фасли 7- уми Конвенсия дар сурати набудани маҳдудиятҳои назорати молиявӣ, қоидаҳо ва ин ё он моратория, муассисаҳои махсусгардонидашуда метавонанд бо ихтиёри худ фондҳо, тилло ё ҳама намуди асъорро дошта бошанд, онҳоро аз як кишвар ба кишвари дигар озодона интиқол диҳанд ё асъори дар ихтиёрашонбударо ба асъори дигар озодона иваз намоянд.
Бо дарназардошти он ки мавзӯи фасли 7- уми Конвенсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ»), зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти фасли зикршудаи Конвенсияро тибқи қонунгузории дохилӣ татбиқ намояд.
Тавзеҳот ба фаслҳои 24 (суиистифода аз масуният) ва 32 (ҳалли баҳсҳо)- и Конвенсия бо якдигар алоқаманд буда, он эътироф намудан ва хусусияти ҳатмӣ доштани хулосаи машваратии суди байналмилалиро муайян намудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, тибқи фаслҳои 16 ва 22- юми Конвенсия имтиёз ва масуниятҳо барои фоидаи шахсии кормандон пешниҳод нагардида, онҳо барои муҳайё намудани шароити мусоид ба фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашуда дар қаламрави давлатҳои аъзои Конвенсия пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон тибқи моддаи 34 Статуси Суди байналмилалӣ, танҳо давлатҳо метавонанд тарафи баҳс дар ин суд бошанд. Барои оғози мурофиаи судӣ розигии хаттии тарафҳо лозим аст.
Дар сурати наовардани тавзеҳот ба фаслҳои 24 ва 32- юми Конвенсия кормандон ва шахсони мансабдори муассисаҳои махсусгардонидашуда метавонанд аз масунияти ба онҳо додашуда суиистифода намоянд. Тавзеҳоти мазкур имконият медиҳад, ки барои ба Суди байналмилалӣ пешниҳод намудани ҳалли баҳс, вобаста ба суиистифодаи масуният гирифтани розигии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ гардад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори барои баррасӣ пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 21 ноябри соли 1947 дар шаҳри Ню- Йорк қабул шудааст, пешниҳод мегардад. Конвенсияи мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст.
Конвенсияи мазкур аз 11 модда, ки ба 49 фасл тақсим шудааст ва 18 замима иборат мебошад. Масуниятҳои дар Конвенсия нишондодашуда асосан оид ба дахлнопазирии амвол, фонд, даромадҳо, дахлнопазирии шахсии намояндагони муассисаҳои махсусгардонидашуда, шахсони мансабдор ва аъзои оилаи онҳо марбут аст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки мутобиқи фаслҳои 16 ва 22- юми Конвенсия имтиёз ва масуниятҳо барои манфиати шахсии кормандони муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ (минбаъд- муассисаҳо) набуда, балки барои фаъолияти муътадили худи ташкилот дар қаламрави давлатҳои аъзои Конвенсия мебошад. Суиистифода аз масуният манъ аст ва вобаста ба масъалаи мазкур замимаи махсус дар Конвенсия таҳия гардидааст.
Ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳшавиро ба Конвенсияи мазкур ҷонибдорӣ намудаанд. Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: -Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон дода мешавад.
Мансурҷон УМАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро 17 июни соли 2014 дар рафти сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон – вазири об ва неруи ин кишвар ба имзо расонидаанд.
Таҳияи Созишномаи мазкур дар асоси қоидаҳои Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз 2 июни соли 2002 ва Изҳороти ҷониби Покистон аз 11 сентябри соли 2009 масъалагузорӣ шуда буд.
Созишнома аз дебоча ва нуҳ модда иборат аст, ки дар он зарурати бастани Созишнома ва масъалаҳои ҳамкорӣ пурра ва мушаххас дарҷ гардидаанд.
Ҳамзамон бояд як нуктаро тазаккур дод, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти разведкаи байниидоравии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо мусоидати шарикони покистонӣ баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва сохти конститутсионии кишварамон корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла:
- дар самти таъмини амнияти шаҳрвандон – ба Ватан баргардонидани иддае аз донишҷӯёни тоҷик, ки ғайрирасмӣ дар донишгоҳу таълимгоҳҳои Покистон таълим мегирифтанд;
- дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм – дастгир намудан ва баргардонидани шаҳрвандони тоҷик, ки ба сафи созмону ҳаракатҳои террористии ҷойгир дар ҳудуди Покистону Афғонистон шомил шуда, мақсади дар Тоҷикистон анҷом додани амалиётҳои тахрибкоронаро доштанд. Аз ҷумла боздошти муовини ҷамоати террористии «Ансоруллоҳ» Аҳроров Қамариддин Шарофиддинович бо чор нафар пайравони ҷамоати мазкур ва як нафар аз роҳбарони ҳаракати террористии «Толибон» Ҳабибов Қиёмиддин Тоҷиддинович аз ҳамин қабиланд;
- дар самти мубодилаи маълумот –дастрас намудани маълумоти мушаххас роҷеъ ба ҳадафҳои ғаразноки аъзо ва пайравони созмону ҳаракатҳои террористӣ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазъияти мураккаби сиёсӣ- амниятӣ дар Шарқи Наздик, Афғонистон ва Покистон, пурзӯр гардидани фаъолияти тахрибкоронаи созмону ҳаракатҳои террористӣ дар ин кишварҳо, аз ҷумла зиёд гардидани нуфузи террористони ҳаракати «Толибон» ва «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бо ин падидаи манфӣ ба миён овардааст.
Таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ки фаъолияти он дар доираи талаботи ҳамин Созишнома ба роҳ монда мешавад, воситаи муносибест барои густариши бештари ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, сари вақт пешгирӣ намудани фаъолиятҳои тахрибкоронаи созмону ҳаракатҳои террористӣ ва дигар хатару таҳдидҳое, ки аз ҳудуди Афғонистону Покистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ 17 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2015 таҳти № 2787 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Дар замони муосир яке аз намуди ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатҳо хавфи ҷиддӣ ба миён меоваранд, ин ҷиноятҳои хусусияти террористидошта мебошанд, ки мубориза бар зидди онҳо моҳияти байналмилалӣ гирифтааст. Аммо ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ин бора сухан ронда, таъкид намудаанд, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, хариду фурӯши одамон, муқовимат бо коррупсия ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад. Ин аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти олии қонунгузор, ҳифзи ҳуқуқи кишвар мубориза бар зидди чунин намудҳои ҷинояткориро самти муҳими фаъолияти худ қарор дода, баҳри амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти террористидошта тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Афзудани шумораи ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар аксар давлатҳои дунё, таҳдиди онҳо ба амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ин давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро ба миён овард.
Созишномае, ки имрӯз барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бар зидди терроризм ба имзо расидааст.
Созишнома аз муқаддима ва нуҳ модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.
Дар моддаҳои 1 ва 2-юми Созишнома ҳадафҳо ва доираи вазифаҳои Тарафҳо муқаррар гардидааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 3 ҳамкории бисёрҷонибаи гурӯҳи муштараки корӣ дар самти мутобиқат ва васеъ намудани ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда муайян шуда, дар моддаи 4 мақомоти ваколатдори Тарафҳо пешбинӣ гардидааст.
Муқаррароти моддаи 5-уми Созишнома тартиби фаъолияти гурӯҳҳои якҷояи кориро оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ дар қаламрави Тарафҳо ифода намудааст.
Ҳалли ихтилофоти байни Тарафҳо ҳангоми тафсир ё татбиқи Созишномаи зикршуда, дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ сарчашма мегиранд, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан, муҳлати татбиқ ва қатъи амали онро моддаҳои 6, 7, 8 ва 9 ба танзим даровардааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ карданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Созишномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала чӣ таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Ба имзо расидани ин Созишномаи хеле муҳим боиси қаноатмандӣ ва дастгирист. Ҳамкориҳои муштараки давлатҳои ҳамсоя имкон медиҳанд, ки худро аз хавфи ҷиддии терроризми байналмилалӣ эмин нигоҳ доранд.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад дода мешавад.
Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015», мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Дар мувофиқа бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаи 1 сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда, дар сархати понздаҳум аломати нуқта вергул «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад.
Дар мувофиқа бо муқаррароти кодексҳои гражданӣ ва мурофиавӣ, дар сархати ҳафтуми моддаи 3-юми қонуни мазкур ҳуқуқи истеъмолкунанда ҷиҳати муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ мустаҳкам карда мешавад.
Тағйиру иловаҳо ба моддаи 4 имконият медиҳанд, ки масъалаҳо оид ба асосҳои дониши истеъмолӣ ба барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил ва дар фанҳои таълимӣ мавзӯъҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда шаванд.
Дар қисми дуюми моддаи 5, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳаштуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 7, қисмҳои чорум, шашум, нуҳум ва даҳуми моддаи 8, қисми якуми моддаи 9, қисми сеюми моддаи 10, қисми дуюми моддаи 12, қисми дуюми моддаи 20, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 21, қисми якуми моддаи 26, қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 31, қисми якуми моддаи 32, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 33, қисми якуми моддаи 34, қисми дуюми моддаи 35 ва қисми дуюми моддаи 43 иваз намудани калимаи «вазифадор» ба калимаи «уҳдадор» матни меъёрҳои мазкури қонунро бо забони давлатӣ бо матни русии он ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мутобиқ мегардонад.
Тағйироту иловаҳо ба моддаҳои 7 ва 8 меъёрҳои мазкурро дақиқу пурра гардонида, муайян мекунанд, ки тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ғайрихӯроквориеро, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд, муҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар менамояд.
Иловаи моддаи 81 ба қонун муайян менамояд, ки ба истеъмолкунандагон ҳуқуқи гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор дода, дар як вақт истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) — ро уҳдадор мекунад, ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро ҳатман диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Қисми панҷуми моддаи 10 дар таҳрири пешниҳодшуда ба истеъмолкунанда ҳуқуқ медиҳад, ки маълумоти заруриро нисбати истеҳсолкунанда ҳатто ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дӯконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом дода мешаванд, аз истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) талаб намояд.
Тағйироти пешниҳодшуда ба моддаҳои 11 ва 17 меъёрҳои мазкурро ба меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мутобиқ мегардонад.
Тағйироту иловаҳо ба моддаҳои 18 ва 31 меъёрҳои мазкури қонунро мушаххасу оммафаҳм ва мутобиқ ба дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, аз ҷумла Кодекси гражданӣ мегардонанд.
Қисми 1 моддаи 38 дар таҳрири пешниҳодшуда ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) ваколати амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дода, ваколатҳои онро мушаххас мегардонад.
Иловаи «Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ» ва «Моддаи 441. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур» қонунро пурра намуда, онро ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мегардонад.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни мазкур ба рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон нигаронида шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунанд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона ҳоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ