Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ

№83 (3068) 04.07.2013

 «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238)

 Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238) баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузоришҳои раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон М.Т.Ҷабборова, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238) ба маълумот гирифта шавад.

2. Тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, бо назардошти таклифу дархостҳо ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шуда, дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд (замима мегарданд).

3. Гузориш оид ба масъалаи мазкур ва тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ирсол карда шаванд.

4. Вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ то охири соли равон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори муфассал пешниҳод намоянд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба уҳдаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузошта шавад.

 

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ,

  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.ШАБОЗОВ

ш.Душанбе, 25 июни соли 2013 №11   

 

 

Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ

 «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238)

 Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238) баррасӣ намуда, ҷиҳати татбиқи босамари Барнома, рушди соҳаи китобдорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои иҷрои Барнома ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои давлатӣ баҳри иҷрои босамари «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238) таъмин намояд.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238)-ро зери назорати қатъӣ қарор дода, раванди иҷрои онро мунтазам дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат баррасӣ намояд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг, аз ҷумла «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238)-ро пурзӯр намуда, бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва бунёди инфраструктураи замонавии он, бахусус дар деҳоти ҷумҳурӣ, барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ чораҳо андешанд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағгузории мукаммали Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238)-ро таъмин намояд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ҳангоми ташаккули буҷет эҳтиёҷоти воқеии шуъба ва раёсатҳои фарҳангро ба инобат гирифта, барои таъмир, таҳкими базаи моддӣ-техникӣ, таъмини китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр, матбуоти даврӣ, технологияи муосири иттилоотӣ, нақлиёти хидматӣ, мутахассисони баландихтисос, инчунин ҷиҳати ба тавозуни шуъба ва раёсатҳои фарҳанг гузаронидани муассисаҳои фарҳанг ва бо бинои мустақил таъмин намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.