Дар бораи таъин намудани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 рӯзи якшанбе, 5 майи соли 2013 таъин карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ШОҲИЁН
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В.НАИМОВА
ш.Душанбе, 1 марти соли 2013 №22