Арзишмандтарин дастури зиндагӣ

№56 (3041) 11.05.2013

Вобаста ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд ҷамъомад доир шуд, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов ва Домуллоҷон Ҷабборов иштирок доштанд.

Ҷамъомадро раиси раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Яқуб Эгамбердиев кушода,  сухани аввалро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Абдураҳмон Хонов дод. Номбурда суханони хешро аз  Паёми имсолаи Сарвари давлат чунин оғоз кард: «Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад».

-Аз ин рӯ, -гуфт ӯ,- соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2013-2015 таҳия намуд, ки он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Барои татбиқи ин нақша бештар аз 30 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва 12 миллиард сомонии он аз буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.

Абдураҳмон Хонов таваҷҷуҳи ҳозиринро ҳамчунин  ба масъалаҳои дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)  ва манфиатҳои он, иҷрои Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди тадриҷии  иқтисоди миллӣ дар ҳафт соли охир, ҳамкориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳдошти   иҷтимоиёт, кор бо ҷавонони кишвар ва ҳафт ҳадафи асосии  давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар рушди ояндаи кишвар, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан баён шудаанд, ҷалб намуд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов ҳамчун иқтисодшинос нуктаҳои марбут ба иқтисодиёти Паёми Сарвари давлатро, аз қабили зиёдшавии Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ, даромадҳои пулии аҳолӣ, ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, музди меҳнат ва нафақа, тақвияти рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат тавассути рушди истеҳсолоти саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истифода аз технологияи муосир шарҳ дод.

Раиси раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Яқуб Эгамбердиев дар баромадаш гуфт, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мо, матлуботчиёнро, вазифадор менамояд, ки истеҳсоли маҳсулоти худиро афзуда, ҳар чӣ бештар содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монем. Барои ин маҳсулоти истеҳсолкардаи мо бояд сифати аъло дошта, ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯй бошад.

Соли гузашта матлуботчиёни вилоят ба берун аз марзи ҷумҳурӣ 37 қатора маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 2 миллиону 478,4 ҳазор сомонӣ содир намуданд. Бо мақсади амалӣ сохтани супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёмашон бармеояд, кӯшиш мекунем, ки давоми соли 2013 наздик ба 8 ҳазор тонна маҳсулоти хушсифати кишоварзиро истеҳсол ва харидорӣ намуда, ба давлатҳои дуру наздик содир намоем ва молҳоеро ворид созем, ки талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ намоянд.

Ҳ. НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»