Шашуми июни соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон дар ҷумҳурӣ» ҷамъомад баргузор гардид. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирию муолиҷаи бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон корҳои зиёд анҷом ёфта, сатҳи гирифтории занон ба ин бемориҳо нисбат ба дигар кишварҳои минтақа, ба монанди Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон паст мебошад.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода гуфт, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба ҳар 100000 нафар зан 7,3 ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам дар беморони саратони ғадуди ширӣ 5,5 ҳодисаро ташкил медиҳад.
Сабабҳои асосии гирифторшавии занон ба бемориҳои мазкур паст будани маърифати тиббӣ, огоҳии дуруст надоштан дар хусуси пешгирии ин бемориҳо, инчунин риоя накардани фосилаи таваллуд мебошад.
Дар хотима иштирокчиён ба мақомоти марбута оид ба пешгирию муолиҷаи бемориҳои зикршуда тавсияҳо пешниҳод намуданд.
С. Сайфиддин, «Садои мардум»
Суратгир А. ИСОЕВ