Даҳуми октябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Вобаста ба рўзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»
6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»
10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»
12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»
13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»
15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: -Ба муҳокимаи масъалаҳои рўзнома шуруъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович дода мешавад.
Рустам МЕНГЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси ҳуқуқи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти №97 тасдиқ шудааст, бо мақсади такмили танзими ҳуқуқии низоми муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешниҳод мегардад.
Мақсади асосии лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
- ба танзим даровардани тартиби монондани маҳкумшудагон барои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ дар муассисаҳои муолиҷавӣ ва имконияти бештари ҷалби маҳкумшудагон дар корҳои ёрирасон ва таъминоти муассисаҳо бо озуқаворӣ. Бо ин мақсад тағйирот ба моддаҳои 76, 83, 91, 99, 110 ва 137 Кодекси мазкур пешниҳод гардидааст;
- ҷиҳати таъмини интизом ва таъсирнок гардонидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон дар моддаи 91-уми лоиҳа шарти пешниҳоди мулоқоти дарозмуддат бо хешу ақрабо ё дигар ашхос тағйир дода мешавад;
- дар моддаи 126 Кодекс имконияти меҳнати маҳкумшудагон берун аз қаламрави муассисаи ислоҳии сукунат пешбинӣ мегардад. Ин амалияи маъмул буда, пешниҳод мегардад, ки тартиби он аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад;
- дар моддаи 1341 Кодекс имконияти бештари баргузории мулоқот бо хешу ақрабо, гирифтани бастаҳо ва дастовезҳо аз ҷониби маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст, пешбинӣ мегардад.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
РАИС: -Аз рўйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.
Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1985 аз 21 августи соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди омўзиш қарор дода, барои такмилёбии он 19 таклиф пешниҳод намуданд. Ҳамчунин Кумитаи масъул низ 9 таклиф пешниҳод кард, ки дар маҷмуъ 28 таклифро ташкил дод.
Кумитаи масъул рўзи 2 сентябри соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А. Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, аз 28 таклифи пешниҳодгардида 27-тои онро қабул ё қисман қобили қабул дониста, яктои дигарашро қабул накард.
Дар асоси таклифу иловаҳо ба лоиҳа ду қисми нав илова ва лоиҳа ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд. Матни тоҷикӣ ва русии лоиҳа бо ҳам мувофиқ карда шуданд.
Муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида аз инҳо иборатанд:
- тартиби дар муассисаҳои муолиҷавӣ барои корҳои хоҷагӣ мондани маҳбусон ва тартиби истифодаи ҳуқуқ барои мулоқотҳоро аз ҷониби маҳбусони бемор муайян карда шудаанд;
- беҳтар намудани шароити адои ҷазо нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардиданд, пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла миқдори баста ва дастовезҳо, инчунин мулоқотҳо ду баробар зиёд карда шудаанд. Агар мувофиқи Кодекси амалкунанда маҳбус дар давоми сол ба гирифтани ду баста ё дастовез, ду фириста ва як мулоқоти кўтоҳмуддат ҳуқуқ дошта бошад, ин рақамҳо ба 4, 4 ва 2 иваз карда мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович дода мешавад.
Давлаталӣ САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз як қатор ислоҳот гузаронида шуд, ки ба беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ нигаронида шудаанд. Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2009-2012 гузаронида шуд, аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон мусбӣ арзёбӣ гардид.
Аз ҷониби Парлумони кишвар қабул гардидани як қатор қонунҳо оид ба ҷабҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ саҳми арзандаи мақоми қонунгузори кишвар ба раванди ислоҳот буда, самаранок татбиқ намудани онҳо ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Дар ҷаҳони муосир Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои зиёди сарватҳои зеризаминӣ муаррифӣ шудааст.
Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Барои самаранок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ, технологияи нав, навоварӣ ба рушди иқтисодиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ омили асосӣ ва муҳим ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология ва Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ таъсис шуда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда баррасӣ гардиданд. Дар натиҷа аз ҷониби гурўҳи корӣ лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод шуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷумлаи онҳост.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъол ва худбиёр мебошад, ки дар натиҷа субъектҳои соҳибкорӣ фаъолияти худро бо роҳи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ мекунанд. Инчунин таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ин мутобиқ кардани санадҳои қонунгузории соҳаи иҷозатномадиҳӣ бо қонунгузории соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ мебошад.
Дар ҳолати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома зарур аст, (аз рўйи меъёри интиқолӣ) мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дода мешаванд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар асоси иҷозат амалӣ карда мешавад. яъне дар асоси банди 22 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули заршўйии худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар минтақаҳои (қитъаҳои) қаъри замин, ки захираҳои ҳисобшуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташудаи канданиҳои фоиданоки пошхўрдаро надоранд, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода мешавад.
Аз ин лиҳоз, тибқи лоиҳаи пешниҳодшаванда аз фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминии дар асоси иҷозатномаи амалишаванда, фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ хориҷ карда шуд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ кунед.
РАИС: — Аз рўйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич дода мешавад.
Ашурбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро бо қарори худ аз 21 августи соли 2013 таҳти № 1975 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия шудааст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар асоси иҷозат амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, тибқи лоиҳаи пешниҳодшаванда, аз фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминии дар асоси иҷозатномаи амалишаванда, фаъолияти мазкур истисно карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, онро ҷонибдорӣ намуданд. Дар баробари ин, аз ҷониби онҳо ба Кумитаи масъул се таклиф дар бораи дар қисми 1 моддаи 1 калимаи «иҷозат» ба калимаи «иҷозатнома», дар қисми 2 ва қисми 3 моддаи 1 калимаи «фоиданок» ба калимаҳои «фоиданоки пошхўрда» иваз карда шуданашон пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар қисми 1 моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур калимаи «нав» ба калимаи «дуюм» иваз шуда, дар қисми 2 пас аз калимаи «аломати» калимаҳои «қавси пўшида» илова гардид.
Дар ҷаласаи васеи Кумита, ки 28 августи соли 2013 баргузор гардид, лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида қабул шуда, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам Мўсоев, Далер Мерганов, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ